Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Сенегал рафт


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари панҷрӯза дар қораи Африқо ба сар мебарад, дирӯз дидори расмиаш аз Алҷазоирро ба поён оварда, вориди Дакар, пойтахти Сенегал шудааст. Оқои Раҳмон дар Дакар дар нишасти 11-ум ва дурӯзаи сарони Конфаронси кишварҳои исломӣ, ки имрӯз оғоз ба кор мекунад, ширкат меварзад. Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон байни Тоҷикистону Алҷазоир 4 қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

XS
SM
MD
LG