Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар қонуни интихоботи Гурҷистон


Парлумони Гурҷистон дар 2 моҳи пеш аз интихоботи нави парлумонӣ бархе аз муқаррароти қонуни интихоботро тағйир додааст. Мухолифини гурҷӣ мегӯянд, тағйироти ворида дасти ҳизби ҳоким барои хилофкорӣ дар ҷараёни интихоботро бозтар мекунад.

Бар асоси ин тағйирот, садди убури парлумон барои аҳзоби сиёсӣ аз 7 то 5 дарсад пойин оварда шуда, теъдоди вакилоне, ки мустақиман дар ҳавзаҳо интихоб мешаванд, дар муқоиса бо вакилони ҳизбӣ бештар хоҳад шуд. То ҳол теъдоди ин ду хайли вакилон дар парлумони Гурҷистон баробар буд.

Мухолифин, ки раъйгирии дирӯза дар парлумонро бойкот карда буданд, мегӯянд, тағйироти ворида шонси онҳо дар интихоботи моҳи майро коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG