Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши хушунатҳои Афғонистон дар соли 2007


СММ гуфт, ки дар соли 2007 мизони хушунатҳо ва ҳамлаҳои ошӯбгарон дар Афғонистон афзоиш ёфт. Бан Ки Мун, Дабири кулли Милали Муттаҳид дар як гузорише ба унвонии Шӯрои амният гуфт, ки дар тӯли сол дар Афғонистон беш аз 8000 нафар бар асари ҳамлаҳои ошӯбгарон ҷони худро аз даст дода, ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 566 ҳодисаи хушунатомез ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳоле, ки соли гузашта ҳар моҳ тақрибан 425 чунин ҳодиса рӯй додааст. Бан Ки Мун афзуд, дар ҳоле, ки аксар нирӯҳои ошӯбгаронро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд, нақши шабакаҳои хориҷии шӯришӣ дар нооромиҳои ин кишвар хеле фаъол боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG