Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо дар Афғонистон


Имрӯз дар Афғонистон ҳазор донишҷӯён алайҳи нашри корикатурҳои паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад намоиши эътирозӣ доир карданд. Тазоҳургарон дар шаҳри Ҷалолобод шоҳроҳи самти Покистонро бастанд ва ба неруҳои байнулмилалии мустақар дар ин мавзеъ таҳдиди ҳамла карданд.

Дирӯз дар шаҳри Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон низ ҳамин гуна намоиши эътирозӣ алайҳи тавҳини ислом дар кишварҳои Дания ва Ҳуланд баргузор шуда буд. Эътирозгарон талаб доштанд, ки 2400 низомии Дания ва Ҳуланд аз кишвар берун карда шаванд.

XS
SM
MD
LG