Додгоҳи Иёлоти Муттаҳида раҳбари ширкати нафти “Бэйойл” Дэвид Чалмерсро барои ришват додан ба ҳукумати Ироқ замони қудрати Саддом Ҳусейн барои ду сол равонаи маҳбас кард. Тавре Чалмерс иқрор кард, ӯ барои дастёбӣ ба нафт, ки аз Ироқ аз тариқи барномаи Созмони милал “Нафт ба ивази озуқа” содир мешуд, ба мақомоти кишвар ришва дода буд. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки Чалмерс ба маблағи 9 миллион доллар ҷарима бипардозад.