Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Буш аз номзадии МакКейн


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аз муборизаи сенатор Ҷон МакКейн барои Кохи Сафед пуштибонӣ кард ва гуфт, МакКейн нафарест, ки тавони иттихози қарорҳои душворро дошта, дар ҳолати хатар шона аз масъулият холӣ намекунад. Ҷон МакКейн дар пайи раъйгириҳои рӯзи 4 март дар 4 аёлат номзади ниҳоии ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико шуд.

Аммо корзори демократҳо ҳанӯз идома дорад. Пирӯзии ахири Ҳиллари Клинтон дар 3 аёлат шонси идомаи муборизаро барои собиқ хонуми аввали Амрико ҳифз кард.

XS
SM
MD
LG