Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авзоъ дар марз бо Колумбия буғранҷ мешавад


Венесуэла дар марз бо Колумбия чандин ҳазор сарбоз ва ҳамин тавр, тонкҳову ҳавопаймоҳо ва киштиҳои низомиашро басиҷ кардааст. Эъзоми ин нирӯҳо дар посух ба амалиёти низомии нирӯҳои Колумбия алайҳи гурӯҳи чирикии мухолифи давлати Колумбия аст, ки дар ҷангалистонҳои Эквадор, як кишвари дигари Амрикои Лотинӣ паноҳ бурда буд.

Эъзоми ин нирӯҳо рӯзи душанбе бо эъзоми 10 баталйон оғоз ёфта, ва рӯзи чоршанбе бо ирсоли тонкҳову ҷангандаҳо ва киштиҳои низомӣ густариш пайдо кардааст.

Венесуэла, ки дар аҳди президенти кунуниаш Ҳуго Чавес сиёсати зидди Вошингтонро пеш гирифтааст, равобити наздики Колумбия бо Амрикоро як таҳдиди бузург мешиносад. Мақомоти Амрико ширкати нирӯҳои ин кишвар дар амалиёти артиши Колумбия алайҳи чирикиҳои гурӯҳи марксистии ФАРК дар хоки Эквадорро таъйид ё тардид накардаанд.
XS
SM
MD
LG