Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Русия ба гурӯҳи идораи Косово


Вазорати хориҷаи Русия алайҳи таъсиси Гурӯҳи Байналмилалии Идораи Косово эътироз карда, гуфтааст, ин амр муноқизи қарорҳои СММ мебошад. Сухангӯи ин вазорат Михаил Каминин гуфт, “таҳмили худсарона”-и ин гурӯҳ метавонад мунҷар ба “пайомадҳои ғайри қобили пешбинӣ” дар Косово шавад.

Гурӯҳи байналмилалии идораи Косоворо 15 кишваре, ки истиқлолияти Косово аз Сербистонро эътироф кардаанд, таъсис додаанд. Сербистон низ алакай дар робита ба ташкили ин гурӯҳ ба СММ шикоят бурдааст.
XS
SM
MD
LG