Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус Казулинро афв карданӣ нест


Вазири умури дохилии Беларус, Владимир Наумов имрӯз гуфт, сабабе барои аз ҳабс озод кардани сиёсатмадори мухолиф, Аляксандр Казулин дар миён нест. Наумов ба журналистон гуфт, афв ба Казулин пайванд намегирад, зеро дар маҳбас ба ӯ чаҳор огаҳӣ дода шудааст. Казулин се рӯз аз ҳабс озод гашт, то дар расми дафни ҳамсараш ширкат кунад. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо ба озодии комили Казулин даъват кардаанд. Вай дар соли 2006 бо иттиҳоми ташкили маъракае, ки тартиби ҷамъиятиро ба ҳам зад, ба панҷуним соли зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG