Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент дар Олмон табобат дорад?


«Кумитаи инқилобӣ»-и Қирғизистон рӯзи душанбе, 3 март эълон кард, ки дар авохири моҳи равон анҷумани мардумии неруҳои мухолифини ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Азимбек Бекназаров - депутати собиқи парлумон ва раиси ҳизби «Асаба», дар анҷумани мазбур сиёсати пиёдакардаи ҳукумати кишвараш дар се соли ахир мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Вай гуфт, гузашта аз ин нерӯҳои мухолифин моҳи март боз ду нишасти густардаи худро низ раҳандозӣ хоҳанд кард.

Бар асоси суханони раиси ҳизби «Асаба», аз ҷумла, парлумони иҷтимоъӣ фаъолияти президент Қурмонбек Боқиевро шурӯъ аз 24 марти соли 2005 то имрӯз ба баррасӣ хоҳад гирифт. Вай афзуд, ҳамчунин «Кумитаи инқилобӣ» бо дархости бошандагони ноҳияи Оқсии вилояти Ҷалолобод додгоҳи мардумӣ таъсис хоҳад дод. Азимбек Бекназаров гуфт, ин додгоҳ фоҷиаи соли 2002-ро ба таври ошкоро баррасӣ хоҳад кард, ки дар феҳрасти амрдиҳандагони куштори ҳафт сокини ноҳияи Оқсӣ номҳои президенти собиқ Аскар Оқоев ва президенти вақти кишвараш Қурмонбек Боқиев низ шомиланд.

Оқои Бекназаров дар идомаи суханаш тазаккур дод, ки дар ҳамин ҳол президент Боқиев дар қаламрави Қирғизистон ба сар намебарад. Вай афзуд, ки Боқиев ба таври махфӣ кишварашро тарк кардааст ва дар ҳамин ҳол, дар Олмон мавриди табобати пизишкон қарор гирифтааст.

Бино ба таъкиди мавсуф, президент беш аз бист рӯз дар ин кишвар ба сар хоҳад бурд, ин дар ҳолест, ки дар сурати пеш омадани чунин зарурат раисҷумҳур бояд ҷомеъаи Қирғизистонро дар ин маврид огоҳ кунад.

Азимбек Бекназаров мегӯяд, кумитаи инқилобӣ аз президент тақозо карда буд, ки 24 март дар таҷлили севвумин солгарди инқилоби лолаӣ ба истеъфо равад. Зеро дар муддати се сол вай орзуву омоли мардуми кишварашро бароварда насохт. Ба гуфтаи мавсуф, аммо президент ин тақозои кумитаи инқилоби лолаиро нодида гирифт ва бо баҳонаи муолиҷа қаламрави кишварашро тарк намуд.

«Кумитаи инқилобӣ» моҳи январи соли равон бо ташаббуси ҳизби эҳёи миллии «Асаба» таъсис ёфт, ки гуфта мешавад, мақоми Иттиҳодияи иҷтимоъиро касб намудааст. Ба гуфтаи муассисони он, ба «Кумитаи инқилобӣ» намояндагони аҳзоби мухолиф ва созмонҳои иҷтимоъӣ шомиланд. Вале гуфта нашуд, ки ин ҳизбҳо ва созмонҳо кадомҳоянд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон эълон кард, ки президент Қурмонбек Боқиев аз 3 марти соли равон ба рухсатии кӯтоҳмуддат баромад ва рӯзҳои рухсатиашро дар кишвари Олмон сипарӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG