Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: Давраи пажмурдагии лолаҳо?


Қурманбек Боқиев, президенти Қирғизистон.
Қурманбек Боқиев, президенти Қирғизистон.

Чанд маъракаи сиёсии Қирғизистон ва ба вижа интихоботи ахири порлумонии он эътироз ва нигарониҳоро ба миён овардааст.

Ҳизби асосии мухолифони Қирғизистон "Ота-макон" ба порлумони ин кишвар роҳ наёфт. Ҳарчанд дар сатҳи миллӣ ин ҳизб пуштибонии густарда пайдо кард, дар шаҳри Уш 0,5%-и интихобкунандагон аз он тарафдорӣ накардаанд. Вале сарони ҳизб ин иддаъои Кумисюни марказии интихоботии Қирғизистонро рад мекунанд ва мегӯянд, далелҳое доранд, ки натиҷаҳои интихобот дар Уш тағйир дода шудаанд.

Бархе аз коршиносон бо мухолифони давлати Қирғизистон ҳамовоз мешаванд, ки президент Қурманбек Боқиев ва атрофиёни ӯ, бо вуҷуди шиорҳои демократӣ роҳи президенти собиқ Аскар Оқоевро идома медиҳанд. Бархи дигар бар инанд, ки инқилоби ба истилоҳ, "лолаӣ", ба ҳар ҳол тавонистааст, чандгонагии афкорро дар ин кишвар тақвият диҳад ва бозгашт ба гузаштаро, агар на номумкин, балки сангин гардонад. Ҳамоҳангсози нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар интихоботи Қирғизистон, Киммо Килюнен мегӯяд: "Ҳадс мезанам, ҷомеаи байнулмилал, ки аз вазъи демократия дар Осиёи Марказӣ нигарон аст, аз интихоботи Қирғизистон начандон хурсанд буда метавонад, зеро он дар қиёс ба интихоботи президентии соли 2005 як ҳаракате ба ақиб аст, ихлоле ба майли чандандешии сиёсӣ. Аз ин лиҳоз ман ҳам, мусалламан, аз ин вазъ нигаронӣ дорам."

Аксари коршиносони умури Осиёи Марказӣ ба ин нигаронии Килюнен арҷ мегузоранд ва мегӯянд, дарвоқеъ вазъи феълии Қирғизистон мояи нигаронӣ ва ҳатто ноумедист. Яке аз онҳо, шореҳи умури минтақа дар бахши марказии радиои Озодӣ, Брюс Паннир, ки чанд соли охир ба таҳқиқи равандҳои сиёсии Қирғизистон машғул аст, мегӯяд, ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки аввалин фарқи ин интихоботи Қирғизистон дар он аст, ки нахустин бор он аз рӯи феҳрастҳои ҳизбӣ барпо шуд ва ҳамчунин ба номзадҳои мустақил роҳ кушод. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Брюс, мардум мегӯянд, фарқе миёни ин интихобот ва интихоботҳои замони Оқоев дар миён набудааст: "Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки ҳизби таъсисдодаи президент ва пуштибони президент зоҳиран шумораи зиёди курсиҳои порлумонро ба даст овард. Ин ақибнишинӣ аст, зеро чи дар дохил ва чи дар хориҷи Қирғизистон низомеро ба ёди мардум меорад, ки дар замони раёсати Оқоев вуҷуд дошт." Аммо ҳолати мазкур дар рӯзи интихобот ва ё маъракаи омодагӣ ба он ташаккул наёфтааст. Ҳукумати Боқиев, ки зимни эътирозҳои мардумӣ аз ҳуққабозиҳои интихоботи порлумонии соли 2005 ба қудрат расида буд, хеле зуд ба истифодаи фишангҳои фишори давлатӣ шурӯъ кард ва рақибони эҳтимолии худро ё аз саҳна берун ронд ва ё ҷиддан ҳушдор дод. Ин фишор аз "шикор"-и ҳамсафони Оқоев сар шуда, дертар ба ҳамаи мухолифон густариш ёфт.

Кӯшишҳои таҳкими ҳокимияти президент аз баҳсҳои ислоҳи қонуни асосӣ то мунҳал кардани порлумон ва интихоботи зудҳангом идома доштанд. Ҳангоми пароканда кардани ҳайъати қаблии порлумон президент Боқимев мегуфт, мақсадаш эҷоди порлумонест, ки аз ҳамаи ақшори ҷомеа намояндагӣ кунад, демократӣ бошад ва дар интихоботи озоду одилона маншаъ бигирад. Сарони ҳизбу гурӯҳҳои мухолиф ин қарорро ғайриқонунӣ хонда буданд. Як зина афзудани эътирози ҳизбу гурӯҳҳои мухолиф ба даҳ зина афзудани фишори дастгоҳи давлат сабаб мегашт. Узви саршиноси ҳизби Асаба, Яенгиш Назаралиев мегӯяд: "Аввалан, референдуми 21-уми октябр худ як амали ғайриқонунӣ буд. Дувум, барои омодагӣ ба интихоботи умумӣ фурсати хеле кам дода шуд. Бар замми ин ниҳодҳои маъмурӣ ба таври густарда барои ҳизби президентии Ақ Жол кор карданд. Мақомот ба мо ягон имконияти дастрасӣ ба телевизион ё дигар расонаҳои ахбори омро надоданд. Биноан мо ба таҳрими интихоботи 16-уми декабр даъват карда будем." Дар маъракаҳои интихоботӣ инчунин чанд номзади саршиноси аҳзоби мухолиф бо фишори мақомоти додситонӣ аз сабқат ихроҷ шуданд. Монанди Одил Байсалов аз Ҳизби Сотсиал-Демократ, ки барои нашри баргаи рой дар сомонаи электронӣ ҳамин гуна муҷозот шуд. Як рӯз пеш аз раъйдиҳӣ, номзади дигари ин ҳизб, Омурбек Бабанов бо иттиҳоми шаҳрвандии Қазоқистон ба интихобот роҳ наёфт. Раиси ин ҳизб Алмаз Отамбеков барои эътироз аз корбурди ниҳодҳои давлат дар интихобот, аз мақоми кафили сарвазири кишвар барканор гардид.

Алмаз Отамбеков, раиси ҲСДҚ ва собиқ сарвазири Қирғизистон.
Бо вуҷуди равони демократии қонуни интихобот, Кумисюни марказии интихоботии Қирғизистон зарурати касби ним дарсади оро дар вилоятҳо ва шаҳрҳои бузургро эълон кард, ки монеъаи пирӯзии ҳамаи аҳзоб ба ҷуз ҳизби президент гардид. Коршиноси умури минтақа дар бахши марказии радиои Озодӣ, Брюс Паннир мегӯяд, амалкарди ҳукумати Боқиев бештар посух ба мухолифон буд, зеро аз оғози кори ин ҳукумат эътирозҳои густарда, баҳсҳои шадиди президенту порлумон, президенту ҳукумат, тазоҳуроту раҳпаймоӣ идома дошт ва Боқиев ба ин андеша расид, ки барои пешбурди барномаи ислоҳоти худ бояд порлумони ҳамфикронашро ба вуҷуд орад. Вале ҳамчун як омили муассир, Паннир аз таъсир ва фишори беруна ёдовар мешавад: "Ғолибан шарикони Қирғизистон дар Иттиҳоди давлатҳои мушатаракулманофеъ, давлатҳои ҳамсоя, албатта, Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Чин ва дигар кишварҳои минтақа аз инқилоби Қирғизистон ношод буданд ва бо ҳар роҳ мехостанд, аз таъсири он пешгирӣ кунанд ва ин кишварро ҳаммонанди худ гардонанд. Онҳо намехостанд, Қирғизистон ба як намунае табдил ёбад, ки ба мардуми минтақа ин ақидаро бидиҳад, ки даст ба тазоҳурот зананд, ҳукумати худро иваз кунанд, то ҳаёти беҳтаре дошта бошанд. Ин метавонист хости мардум дар ҳамаи минтақа гардад."

Як коршиноси дигар бар ин аст, ки Ғарб ба рӯйдодҳои Қирғизистон он таваҷҷӯҳеро, ки ба Укроин ва Гурҷистон нишон медиҳад, равона накард ва аксаран сукут варзид. Ин ҳам сабаби дар муҳосираи ҳамсоягон мондани Қирғизистон ва афзоиши таъсири Русияву Чин ба он гардид. Аз гуфтугӯ бо коршиносон чунин ташбеҳ ба миён меояд, ки дар таъсири ин омилҳо мошини демократияи Қирғизистон дар гил дармондааст ва дар як ҷо давр мехӯраду пеш намеравад. Таҷрибаи ин кишвар нишон медиҳад, ки ҳаракат ба самти мардумсолорӣ дар як кишвари пасошӯравӣ то куҷо мушкил ва пурпечутоб аст.
XS
SM
MD
LG