Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик дар Ботканд


Созмонҳои давлативу ғайридавлатии Қирғизистон аз афзоиши мавҷи муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар, ба вижа вилояти Ботканд, ибрози ташвиш намуданд.

Дар як конфронс дар Бишкек, ки таҳти сарпарастии бунёди иҷтимоии «Барои ҳусни таҳаммули байнулмилалӣ» баргузор гардид, ҳамин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Рая Қодирова, раиси ин бунёд, гуфт Қирғизистон бояд дар бораи ҳифзи якпорчагии марзи худ фикр кунад. Вай афзуд, дар минтақа вазъият ба ташаннуҷ рӯ ба рӯст ва нодида гирифтани мавҷи муҳоӯирони точик боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад, ки дар қаламрави Қирғизистон барои худ даҳҳо манзил бунёд кардаанд ва ин раванд беш аз пеш доман фарох намудааст.

Рая Қодирова гуфт, агар аз ин раванд ҷилавгирӣ сурат нагирад, дар оянда он метавонад ба низоъҳои байниқавмӣ оварда расонад ва ҳатто якпорчагии марзи Қирғизистонро ба хатар мувоҷеҳ созад. Ба гуфтаи раиси созмони «Барои ҳусни таҳаммули байнулмилалӣ», Тоҷикистон дар ҳамин ҳол аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ нисбат ба Қирғизистон пешрафт кардааст . Вай гуфт, пажуҳишҳои пай дар пай собит намуд, ки дар вилояти Ботканд даҳҳо гектар замин аз тарафи муҳоҷирони тоҷик тасарруф шудааст ва дар минтақаҳои марзӣ онҳо аз панҷ-ҳашт сол ба ин сӯ сукунат ихтиёр кардаанд ва эҳтимол дар қаламрави кишварашон ҷои зист надоранд.

Раиси созмони иҷтимоии «Барои ҳусни таҳаммули байналмилалӣ» гуфт, ин муҳоҷирон бояд тобеияти Қирғизистонро ба даст оваранд, вале муҳоҷироне, ки дар як-ду соли ахир омадаанд, бояд ихроҷ карда шаванд. Чулпонбек Турусбеков, афсари хадамоти марзбонии кумитаи амнияти Қирғизистон, гуфт, дар ҳамин ҳол Қирғизистон фақат бо ҷумҳурии мардумии Чин хатти марзи худро дар чаҳорчуби қавонини байналмилалӣ расмӣ намудааст.

Вай афзуд, аз ин лиҳоз яке аз роҳҳои ҳалли муҳоҷирати ғайриқонунйӣ такмили асноди қонунгузорӣ мебошад, ки вуруд ва хуручи муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Тоҷикистонро ба назм хоҳад даровард. Тухтагул Какчикеев, коршиноси масоили сиёсӣ, гуфт, Қирғизистон кишвари ягонаи Осиёи Марказист, ки конвенсия дар умури паноҳандагонро имзо кардааст, вале он комилан риоя намешавад. Ба гуфтаи ӯ, муҳочироне, ки дар кишвараш ба сар мебаранд, хонаҳои панҷошёна месозанд ва соҳиби ширкатҳои бузург низ ҳастанд, ки вай дар мавриди муҳоҷир ва ё паноҳанда будани ин тоифа мардум шубҳа дорад.

Дар ҷараёни конфронс филми мустанаде ба намоиш гузошта шуд, ки ҳаёти сокинони манотиқи марзии вилояти Боткандро ба навор кашида буд. Аз тамошои филм бармеояд, ки дар ҳамин ҳол вазъият дар минтақаҳои бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарзи вилояти Ботканд ташвишовар аст. Гуфта мешуд, ки сокинони ин минтақа ба далели надоштани ҷои шуғл ва адами шароит манзили худро тарк намуда, ба қисмати шимоли кишвар куч мебастанд. Чуманбой Мирсангилов, раиси деҳкадаи Чангижери ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд, аз парлумони кишвараш тақозо намуд, қонуне ба тасвиб расонад, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯхтани заминро манъ созад.

Вай гуфт, дар ноҳияи Лайлак даҳҳо муҳоҷири тоҷик соҳиби замин шудаанд, ки аз сокинони маҳаллӣ ба нархи арзон харидаанд. Дар поёни конфаронс ба унвони раисҷумҳури Қирғизистон як муроҷианома ироъа шуд. Дар он омадааст, ки мавҷи муҳоҷирони тоҷик ба Қирғизистон рӯ ба афзоиш аст ва бояд аз он ҷилавгирӣ шавад. Ҳамчунин аз раисҷумҳур дархост мешуд, ки ба самти шимоли кишвар муҳоҷир шудани сокинони вилояти Ботканд дар ин минтақа ташаннуҷ ба бор хоҳад овард. Бояд тазаккур дод, ки дар ин авохир аъзои 12 хонаводаи муҳочири точик аз марзи Қирғизистон ба Точикистон ичборан берун карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG