Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони иловагии Қирғизистон – падидаи нави сиёсӣ


Пулиси қирғиз гирдиҳамоии эътирозии ҳизби "Ата мекен"-ро пароканда мекунад
Пулиси қирғиз гирдиҳамоии эътирозии ҳизби "Ата мекен"-ро пароканда мекунад

Порлумони иҷтимоъии Қирғизистон ҷаласаи нахустини худро баргузор кард. Ба ақидаи коршиносон, ин порлумон бо порлумони касбии ин кишвар дар алтернатива қарор дорад.

Ба он як гурӯҳ депутатҳои порлумони даъвати пешини Қирғизистон, аз ҷумлаи Темир Сариев, Омурбек Тикебоев, Азимбек Бекназаров, Давронбек Садирбоев, Абдуғанӣ Эркабоев, ҳамчунин вазири собиқи хориҷаи ин кишвар Аликбек Ҷекшенқулов ва як гурӯҳ намояндагони дигари мухолифин, шомиланд.
Бояд ёдовар шуд, ки порлумони иҷтимоъӣ арзи вуҷуд намудани худро тақрибан як моҳ қабл эълом карда буд. Иштирокчиёни ҷаласаи нахустини порлумони иҷтимоъӣ раиси собиқи Жуқорғи Кенеш Абдуғанӣ Эркабоевро раис ва Асия Сасиқбоеваро ноиби вай интихоб карданд.
Ба гуфтаи Абдуғанӣ Эркабоев, раиси порлумони иҷтимоъии Қирғизистон, доимӣ нест ва он бо дарназардошти инъикоси афкори иҷтимоъӣ тағйир ёфта меистад.
Вай афзуд, ки ин порлумон дар ояндаи наздик нашрияи худро низ раҳандозӣ хоҳад кард. Аммо оё ин порлумон дар доираи қонунгузориҳои Қирғизистон арзи вуҷуд намудааст?
Ба гуфтаи Омурбек Тикебоев як идда намояндагони доираҳои расмии кишвараш порлумони иҷтимоъиро ғайриқонунӣ мешуморанд. Вале ӯ бар ин иддаъо меистад, ки порлумони мазкур барои ваколати порлумони касбӣ шудан мудаъӣ нахоҳад буд ва ягон қонун низ содир нахоҳад кард.
Порлумони иҷтимоъӣ, аз назари ӯ, ба ҳайси як созмони иҷтимоъӣ афкори ҷомиъаи кишварашро дар мавриди раванди ҳодисаҳо гирдоварӣ хоҳад кард, ва, ба ибораи дигар, рисолати он дар ошно кардани мардум ба афкору ақидаи алтернативӣ мебошад. Ӯ афзуд, ки порлумони мазкур мардумро ҳушдор хоҳад дод, ки изҳороти мақомоти расмӣ дар мавриди фақат хусусигардонӣ ва ё зери тасарруф даровардани баъзе бахшҳои саноеъ, аз ҷумла энержии барқ кишварро аз буҳрон наҷот хоҳад дод, бепояву асосанд.
Дар ҳамин ҳол, Азимбек Бекназаров, як намояндаи мухолифин, ишора намуд, ки ба делели онки порлумони иҷтимоъӣ органи давлатӣ нест, ҳар як шаҳрванди кишвараш ҳақ дорад, ки ба он шомил шавад. Шаҳрвандони Қирғизистон, ба ақидаи ӯ, аз тариқи ин порлумон дар мавриди такмили қонунҳо ва арзёбии сиёсати ҳукумат назари худро баён хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Мирослав Ниёзов, махсусан ҳамкории Қирғизистону Тоҷикистон дар бахши энержии барқ ба кишварҳои минтақа таъсири сиёсӣ хоҳад гузошт, зеро ин ду кишвар 90 дарсади оби рӯдхонаҳои Осиёи марказиро дар ихтиёр доранд. Ба ақидаи М. Ниёзов, ин ду кишвари ҳамҷавор байни худ бояд як доираи энержии барқ раҳандозӣ кунанд. Дар он сурат имконияти содироти нерӯи барқ арзи вуҷуд хоҳад кард ва аз ин ҳисоб дар Тоҷикистону Қирғизистон нерӯгоҳҳои нав сохта хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмии Қирғизистон дар мавриди порлумони тозатаъсиси иҷтимоъӣ ягон вокуниши расмӣ нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG