Вазорати мудофиаи Британия изҳор намуд, ки Шоҳзода Ҳаррӣ писари дуюми валиаҳди Британия Чарлз дар ҷабҳаҳои Афғонистон бо Толибон набард дорад. Шоҳзодаи 23 сола даҳ ҳафта инҷониб пинҳонӣ дар яке аз воҳидҳои низомии Британия дар вилояти ҷанубии Ҳилманд ифои вазифа мекунад.
Вазорати мудофиаи Британия тасмим гирифта буд дар бораи хидмати шоҳзода дар Афғонистон иттилоъ пахш накунад, то ҳаёти ӯ ва ҳамхидматҳояшро бо хатари иловагӣ мувоҷеҳ насозад, вале баъди нашри мақола дар як саҳифаи интернетии ИМА ин хомӯшӣ хотима ёфт.