Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехҳо бидуни раводид ба Амрико хоҳанд рафт


Як мансабдори ИМА гуфт, ки сар аз моҳи сентябр шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех имкон хоҳанд дошт, ки бидуни раводиди сафар аз ИМА зиёрат кунанд.
Рӯзи сешанбе дар Вашингтон дар паи имзои санаде дар ин бора вазири амнияти дохилии ИМА Майкл Чертофф изҳор намуд, ки ИМА шаҳрвандони як идда кишварҳоро аз зарурати гирифтани раводиди сафар озод мекунад ва дар ин рӯйхат Ҷумҳурии Чех дар сафи аввал аст.
Дирӯз дар Вашингтон сарвазири чех Мирек Тополанек аз номи кишвараш дар ин санад имзо гузошт. Дар ҳамин ҳол ИМА дархост намудааст, ки мақомоти чех мувофиқат дар мавриди бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар ин кишварро зудтар таҳия кунанд.
XS
SM
MD
LG