Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав аз Сербия ҳимоят мекунад


Дмитрий Медведев, муовини аввали сарвазири Русия ва номзади аслӣ ба мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ дар интихоботи рӯзи 2 март, дар Белград изҳор дошт, ки Маскав аз муборизаи Сербистон алайҳи истиқлолияти Косово бо сароҳат пуштибонӣ мекунад. Дмитрий Медведев дар пайи мулоқоташ бо сарвазири Сербистон Воислав Коштунитса гуфт: “Мо қарор додем, минбаъд ҳам талошҳои худ ҷиҳати бурунрафт аз ин вазъи хеле мушкили марбут ба ҳалли масъалаи Косоворо ҳамоҳанг кунем. Ин ҳамоҳангсозӣ тавассути куллия ниҳодҳои зидахл амалӣ хоҳад шуд.”

Дмитрий Медведев ҳамчунин ба қарордоде имзо гузошт, ки таъсиси як корхонаи муштарак байни ширкати Газпром ва Србиягаз ба хотири ҳамкорӣ дар тарҳи чандмиллиарддолларии эҳдоси лӯлаи газ, мавсум ба “Южний поток”-ро дар назар дорад. “Южний поток” манобеъи гази Русияро тавассути бистари баҳри Сиёҳ бо кишварҳои ҷануби Аврупо хоҳад пайваст.

XS
SM
MD
LG