Ироқ мегӯяд, сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон намояндаи хосеро барои арзёбии амалиёти Туркия дар шимоли Ироқ ба шаҳри Бағдод мефиристад.
Сухангӯи ҳукумати Ироқ Алӣ Ад-Даббоғ изҳор намуд, ки намояндаи хоси Туркия 27-уми феврал ба Бағдод меояд. Ироқ аз Туркия хостааст, амалиёти сарбозони турк бар зидди ошӯбгарони курдро, ки дар хоки Ироқ ҷараён дорад, мавриди баҳс қарор диҳанд.
Ҳукумати Ироқ дар изҳороташ аз мақомоти Туркия даъват кардааст, ки ба зудтарин фурсати имконпазир нерӯҳояшро аз Ироқ берун барорад, зеро амалиёти низомии якҷонибаи Туркия таҳдид ба назму суботи минтақа ва поймол намудани истиқлоли Ироқ аст.
Дар гузашта ба назар мерасид, ки мақомоти Ироқ иддаоҳои Туркия дар бораи бехатар будани ҳамла ба тамомияти арзии ин кишварро қабул мекард.
Рӯзи якшанбе вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс бори дигар тақозои Вашингтонро такрор намуд, ки амалиёт бояд кӯтоҳмуддат бошад.
Раҳбарони курдҳои Ироқ ҳушдор додаанд, ки агар мардуми осоиштаи шимоли Ироқ мавриди ҳамлаи сарбозони Туркия қарор гиранд, амалиёти низомии ин кишвар бо муқовимати шадид мувоҷеҳ хоҳад шуд.