Додгоҳе дар Русия собиқ вазири энержии атомӣ Евгений Адамовро дар кулоҳбардорӣ ва сӯиистифода аз мансаб гунаҳгор донист. Додгоҳ гуфт, ки Адамов дар азхудкунии миллионҳо доллар маблағи вазорат дар давоми солҳои 1998 то 2001 айбдор мешавад. Вай соли 2005 дар Швейсария бо дархости ИМА боздошт шуд, ки гуфтааст, Адамов даст ба ғорати 9 миллион доллар кӯмакҳои байналмилалии Русияро ба яғмо бурдааст. Бо дархости Маскав Адамов декабри 2005 ба Русия истирдод шуд. Вазири пешин гуноҳи худро эътироф намекунад ва мегӯяд, ки ният дорад барои бознигарии ҳукми худ ба додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат кунад.