Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф ба истеъфо рафтанӣ нест


Сухангӯи раиси ҷумҳурии Покистон даъватҳои мухолифинро барои истеъфои Парвиз Мушарраф баъди муғлубияти пуштибонони вай дар интихоботи парлумонӣ рад кард. Ҳарчанд ҳанӯз куллия натиҷаҳои интихобот ҳисоб нашудааст, аммо аз ҳоло аён аст, ки пуштибони аслии Мушарраф - Лигаи мусалмонони Покистон раъйи кофиро барои ташкили ҳукумат ба даст наовард. Пешгӯӣ мешавад, ки ҳеҷ як ҳизби сиёсии ширкатдори интихобот аксарияти раъйҳоро дар парлумон ба даст намеорад. Танҳо нирӯи бузургтарини Маҷлиси Покистонро аъзои ду ҳизби мухолифин - тарафдорони нахуствазири пешини кушташуда Беназир Бҳутто ва ҳизби сарвазири собиқи дигар Навоз Шариф ташкил хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG