Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуки ёбоӣ Зоҳираро кушт, маҳви ҷонварро илоҷи кор намедонанд. ВИДЕО


Хуки ёбоӣ соле ду бор ва то 12 бача мезояд.

Аз марги Зоҳираи 17-cола аз ноҳияи Нуробод 30 рӯзи расо гузашт. Ӯро на беморӣ ва ё садама, балки хуки ваҳшӣ дар маҳаллаи зисташон дар деҳаи Чепак кушт.

Муминшои Таваккал, бародари Зоҳира ба Радиои Озодӣ гуфт, хук рӯзи 10-уми март ба хоҳари танҳояш, ки ба хонаи яке аз дугонаҳояш мерафт ҳамла кардааст. Дар он рӯзи боронӣ дар деҳаи камодам, зоҳиран касе дар наздикиҳо набудааст, ки ба кӯмаки Зоҳираи Таваккал бирасаду ӯро аз дандонҳои тези хуки ваҳшӣ, ки дар Тоҷикистон онро хуби ёбоӣ ҳам меноманд, наҷот диҳад.

Муминшои Таваккал афзуд: “Ҳамсояамон чорвояшро ба қисмати болоии деҳа мебарад, ки ҳамон ҷо ҷасади хоҳарамро мебинад. Ӯ моро хабардор кард. Пизишкҳо муоина карда, гуфтанд, ки хук ба шоҳраги гарданаш задааст ва хун бисёр рафтааст”.

Дар додситонии ноҳияи Нуробод ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ Зоҳираи Таваккал дар натиҷаи ҳамлаи хуки ваҳшӣ ҳалок шудааст. Марги духтари 17-сола аз дасти ҷонвари ваҳшӣ волидони Зоҳираи ҷавонмаргро мотамзада ва аҳолии ҷамоати Муҷихарфро мушавваш кард. Сокинони чанд деҳаи ин ҷамоат шикоят доранд, ки насли хуки ваҳшӣ дар ин минтақаи кӯҳистонӣ зиёд шудааст ва ҳоло ҳангоми гаштугузор онҳо кӯшиш мекунанд, танҳо набошанд.

"Аз дасти хукҳо ба дод омадем"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Ба қавли сокинон, онҳо дар гузашта ба мақомот муроҷиат карданд, ки то барои коҳиши саршумори ҷонвари ваҳшӣ чорае биандешанду зироатҳои онҳоро аз харобкории хукон ва фарзандонашонро аз хатари дандонҳои ашки онҳо эмин нигаҳ доранд. Мақомот фақат иҷоза доданд, ки сокинон барои пешгирӣ аз хатар метавонанд, хукҳоеро, ки ба маҳалли зисташон меоянд, нобуд кунанд. Шикори беиҷозаи ин ҷонварон дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Муминшои Таваккал мегӯяд, ки дар гузашта ҳам хукҳои ваҳшӣ ба чанд ҳамсоя ҳамла карданд, вале бо осебҳои сабук тавонистанд, худро аз дандонҳои ҷонвари асабонӣ наҷот диҳанд. Саршумори хукҳо дар минтақа дар чанд соли ахир зиёдтар шудааст. Ҷонварони ваҳшӣ бештар ба чорво ва киштзорҳои мардум зиён мерасонанду, зарари молӣ ҳам меоранд. Кароматулло Алиев, як корманди ҷамоати Муҷихарф ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мардум дар ин солҳо талафот бисёр диданд. Ба чорво ва заминҳо ҳамла мекунад. Зимистон ҳам меомаданд, аммо дар ин мавсим шуморашон боз бештар шудааст”

Дастур барои коҳиши саршумор

Мақомоти ноҳия ба шикорчиён ва нозирони минтақа дастур додааст, ки барои бехатарии сокинон ва муҳофизати киштзорҳои онҳо ҷонваронро кам кунанд. Аммо сокинон мегӯянд, бо гузашти як моҳ аз марги Зоҳира касе аз пайи шикори ҷонварони ваҳшӣ нашудааст. Хукҳои ваҳшӣ дар гузашта ба сокинони дигар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон низ ҳамла кардаанд. Чаҳор сол пеш дар ноҳияи Восеъ як духтари даҳсоларо куштанд, ду ҷавони дигарро дар Шӯрообод маҷрӯҳ карданд. Сабабҳои зиёдтар шудани ҳамлаҳои хуки ваҳшӣ ба мардумро аввал дар афзудани саршумори онҳо ва дуввум дар тангтар шудани муҳити зиндагии онҳо медонанд.

Шомаҳмад Хабибов, намояндаи идораи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Нуробод мегӯяд, дар дараи Муҷихарфи Нуробод, ки 18 ҳазор аҳолӣ дорад, тахминан 400 сар хуки ваҳшӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ солҳои пеш дар фасли сармо теъдоди зиёде аз ин ҷонварон талаф меёфтанд, аммо дар ду соли ахир насли онҳо баръакс бештар шудааст. Ин ҷонвар соле 2 бор ва то 12 бача меорад ва асосан дар ҷангал ба сар мебарад. Ба иттилои идораи хоҷагии ҷангал саршумори хукҳои ваҳшӣ дар саросари Тоҷикистон ба 12 ҳазор сарро ташкил медиҳад, аммо табиатшиносон мегӯянд, шумораи воқеии хукҳо бештар аст.

"Маҳви хуки ваҳшӣ балои дигар меорад"

Дар Тоҷикистон шикори ғайриқонунии ҷонварон манъ аст. Бар асоси қарори ҳукумат, дар ҳолати таҳдиди хатар ва ё зиён ба замини кишту одамон, шикори хук иҷоза аст. Азбаски мардуми мусулмони Тоҷикистон аз хӯрдани гӯшти хуки ваҳшӣ парҳез мекунанд, лағви маҳдудият барои кам кардани он дар баъзе минтақаҳо чандон натиҷа надодааст. Айни замон ба гуфтаи табиатшиносон, шикори беш аз ҳадди хуки ёбоӣ ҳам ба нафъи олами ҳайвоноту табиати Тоҷикистон нест.

Халил Каримов, табиатшиноси тоҷик мегӯяд, маҳви зиёди хуки ваҳшӣ хатари ҳамлаҳои ҷонварҳои дарранда ба мардумро зиёд мекунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳар як ҷонвар дар табиат вазифаи худро дорад. Чӣ қадар дар табиат хук зиёд бошад, даррандаҳое мисли гург, шағол, бабр ба чорвои мардум ҳамла намекунанд, чун хук мехуранд. Вақте ин ҷонвар кам шуд, гургҳо гурусна мемонанд ва мумкин аст, ба молу чорвои мардум рӯ биёранд.”

Дигар нақши хуки ваҳшӣ барои табиат, мисли нақши боғбон аст, ки дар афзоишу паҳн кардани гулу гиёҳу дарахт саҳм мегиранд. Онҳо, ки рустанӣ зиёд истеъмол мекунанд, тухми онро аз ҷое ба ҷое дигар мебаранд ҳамингуна олами набототи минтақаеро ғанитар месозанд. Ба гуфтаи Халил Каримов, саршумори хукҳо дар даҳ соли ахир бетағйир ва муътадил мондааст. Ба қавли ӯ, сабаби аслӣ танг шудани муҳити зиндагии хукҳои вашҳӣ аст, ки инсонҳо ба тадриҷ ба маҳалли сукунати онҳо наздиктар мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, дар кӯҳистон ва минтақаҳое , ки қаблан ҷойи гаштугузори ин ҷонвари ваҳшӣ буд хонаву деҳоти нав бунёд шудааст. Хукҳои ваҳшӣ, ки ҷонвари алафхоранд, барои ҳамин рӯ ба зироати мардум меоранд ва агар инсонро ҳам диданд, бар асоси ғаризаи табииашон дар симои онҳо хатар ба ҷони худ мебинанд ва ҳамла мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG