Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикори бемаҳдуди хукҳои ваҳшӣ иҷоза шуд. Нигаронӣ аз вайрон шудани "тавозуни табиат". ВИДЕО


Хуки ваҳшӣ. Акс аз Анҷумани муҳофизони табиати Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон ба шикори бемаҳдуди хукҳои ваҳшӣ дар кишвар иҷоза доданд ва сабабшро ҳамлаҳои хукҳои ваҳшӣ ба киштзорҳои мардум маънидод карданд. Вале баъзе аз коршиносон мегӯянд, боз гузоштани шикор ва ё пурра аз байн бурдани хукҳои ваҳшӣ метавонад, "тавозуни табиатро вайрон кунад"​.

Шикори як хуки ваҳшӣ дар Тоҷикистон сад сомонӣ, баробар ба тақрибан даҳ доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Дар Тоҷикистон барои куштани хукҳои ваҳшӣ ҷазо намедиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҷуз аз фасли баҳор, дар мавсимҳои дигар шикори хук иҷоза аст. Мақомот мегӯянд, шумораи хукҳо дар кишвар дар чаҳор соли ахир ду баробар бештар шуда, ба ҳисоби онҳо, ба 70 ҳазор сар расидаанд.

Шикори хук 10 доллар муқаррар шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
Линки мустақим



Раҷабалӣ Шарифзода, як масъули хоҷагии ҷангали наздик ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, нархи иҷозаи шикори хук 70 сомонӣ буд, вале ҳукумат онро боло бурд. Ӯ гуфт, шикори хук танҳо дар тирамоҳ иҷоза буд, вале дар тобистону зимистон низ ин иҷозат дода шуд.

"Хук бениҳоят зиёд шуд. Сокинон шикоят карданд, ки киштзорҳояшонро хароб мекунанд. Ба ҳамин хотир шикори бемаҳдудаш иҷозат дода шуд", -- гуфт ӯ. Ин масъули хоҷагии ҷангал афзуд, барои куштани хук ҳангоми ҳуҷум ба киштзори сокинон касе ҷарима нахоҳад шуд.

Исмоил Холматов, корманди Анҷумани муҳофизони табиати Тоҷикистон мегӯяд, як далели афзоиши хуки ваҳшӣ дар он аст, ки сокинон гӯшти онро истеъмол намекунанд. Аз сӯи дигар, хук аз 5 то 12 фарзанд таваллуд мекунад.

Ӯ гуфт, сокинон танҳо вайронкории хукро мебинанд, вале ин ҷонвар дар паҳн кардани гулу гиёҳ ва бештар шудани ҷангалзорҳо саҳм дорад.

"Ӯ хокро бо ашкҳояш нарм мекунад. Дар ин хок тухми гулу гиёҳ меафтад ва мерӯяд. Табиати хокро дигар мекунад. Фоидааш зиёд аст", -- гуфт ӯ.

Халил Каримов, табиатшиноси тоҷик мегӯяд, афзоиши хук ва зиён расонданаш ба киштзорҳо сабаб шудааст, сокинон онро бераҳмона шикор кунанд. "Бо усулҳои бераҳмона, ҳатто бо воситаи доруи марговар хукҳоро мекушанд. Ба ин шева куштани хукҳои ваҳшӣ метавонад тавозуни табиатро вайрон кунад", -- гуфт ӯ.

Ду сол пеш ҳуҷуми хук ба сокинон низ сабт шуда буд. Дар Тоҷикистон ҳоло шикори тирамоҳӣ сар шудааст. Арзонтарин ҷонвар, ки шикораш маҳдудият надорад, дар мавсими нав барои хориҷиён хуки ваҳшӣ аст.

Шарҳҳоро бинед (7)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG