Назари коршиносон ин аст, ки дар муқовимат бо коронавируси COVID-19 мақомоти Тоҷикистон талош доранд, обрӯи худро ҳифз кунанд ва ба иқтисод осеби сахт нарасонанд.
Баъди чанд рӯзи эътирофи мақомот, ки дар Тоҷикистон низ короновируси COVID-19 вуҷуд дорад ва шумораи сироятшудагон рӯ ба афзоиш дорад ва раиси ҷумҳур тасмим гирифт вазири тандурустиро барканор кунад.
Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи 5-уми май гуфта мешавад, ки Насим Олимзода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод шудааст. Ба ҷойи ӯ вазорати тандурустиро Ҷамолиддин Абдуллозода, мудири маҷмаи тандурустии “Истиқлол” ва профессори ҷарроҳии умумии Донишгоҳи давлатии тиббӣ раҳбарӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, мақомот то кунун ба ин суолҳо посух надодаанд:
- Дар Тоҷикистон нахустин бемор кӣ буд? Кай ва чӣ гуна сироят дид?
- Агар ҳанӯз дар поёни моҳи март тамоми марзҳо баста шуда бошанд, вирус ба кадом шева ба кишвар ворид шуд?
- Чаро мақомот муддати тӯлонӣ бо қотеъият набуди вирусро аз рӯйи озмоишҳои таъйидшуда тасдиқ мекарданд, вале дар як рӯз ин озмоишҳоро эътироф карданд?
- Дар ин пасманзар сабаби “гузаштан ба вазифаи дигар”, ки барканории вазири тандурустиро мефаҳмонад, посухи рӯшане нест, ки оё ин тасмим муҷозоте барои фурсатҳои аздастрафта аст ё як тағйироти кадрии муқаррарист?
- Ва дар робита ба ҳама ончӣ рух дод кӣ бояд ҷазо гирад?
Дурӯғ ё иштибоҳ?
Коршиноси мустақил Абдумалик Қодиров ба ин назар аст, ки барканории вазири тандурустӣ тасмими сиёсист ва дар қадами аввал ҳукумат мехоҳад, бо ин кор обрӯи худро наҷот диҳад.
Ӯ ба ин назар аст, ки "вазири пешин қурбони вазъи баамаломада шуд. Вақте дар қудрат тасмимро онҳое гирифтанд, ки болотар аз ӯ қарор доранд ва ба хато роҳ доданд, касеро бояд қурбон мекарданд ва ин қурбонӣ вазири тандурустӣ гашт".
Ӯ сукути тӯлонии мақомотро хатои стратегии мушовирони раисҷумҳур медонад, ки ба гуфтаи вай фикр мекарданд, вазъ таҳти назорат қарор дорад. "Бештари ин нафарон тиҷоратҳо доранд ва манфиатдор набуданд, ки пеш аз муҳлат карантин ҷорӣ шавад ва ба манофеи тиҷоратиашон зарар бирасад", - мегӯяд коршинос.
Ба қавли ӯ, ин давра ҳамчунин ба ҷаласаи Маҷлиси миллӣ рост омад, ки дар он писари президент Рустами Эмомалӣ шахси дувуми давлат шуд. Эълони карантин ба ин раванд халал мерасонид.
Аввалин бор Радиои Озодӣ дар бораи марги як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бар асари “пневмония” ва ба карантин гирифтани беморхонае, ки бемор он ҷо фавтида буд, ҳанӯз 5-уми апрел хабар дода буд. Марги мармуз ва карантин шудани кормандони тиб ишора ба коронавирус дошт. Вале мақомот мегуфтанд, ки беморӣ нест.
Хабарҳои пайиҳам дар бораи фавти шаҳрвандон аз "илтиҳоби шуш" ва аксу нақли шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи дафни фавтидагон аз ҷониби табибон бо либосҳои махсус, ҳамчунин мақомотро водор накард, ки таваҷҷуҳ кунанд.
Танҳо пеш аз сафари ҳайати мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, 30-юми апрел Вазорати тандурустӣ якбора сироят шудани понздаҳ нафарро тасдиқ кард. Баъди ҳамагӣ панҷ рӯз дар бораи мавридҳои сироят ёфтан дар тамоми манотиқи кишвар хабар дод.
Ҳама таҳти назорат аст?
Талошҳои Радиои Озодӣ барои пайдо кардани шарҳи муовини вазири тандурустӣ, ки чаро беморӣ ин қадар зуд ба аҳолӣ сироят кард, бенатиҷа анҷом ёфт. Аз гуфтугӯ бо расонаҳо ҳамчунин аксаран вакилони порлумон худдорӣ мекунанд, ки метавонанд амалкардҳои ҳокимияти иҷроияро баҳогузорӣ кунанд.
Аз ин имкон вакил Рустам Қудратов истифода намуд, вале дар суҳбат бо “Настоящее время” ба худ иҷоза дод, ки танҳо аз ҳукумат тавсиф кунад. "Ҳукумат иқдоми дуруст мекунад, ки бархе меъёрҳои маҳдудкунанда роҳандозӣ мекунад, то сиҳатии миллатро ҳифз кунад. Ситоди доимӣ кор мекунад ва вазъ таҳти назорат аст", - хулоса кард раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ.
Дар ҳамин ҳол, сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, бо иваз кардани вазири тандурустӣ гумон аст, ки вазъ тағйир кунад. Ӯ мегӯяд: "Дар низоми мо аз худи вазир чизи бисёре вобаста нест – ӯ ҳамагӣ як мудири баландпояи иҷроӣ аст. Тасмими стратегиро он гирифта наметавонад, дар мо низоми мутамаркази тасмимгириҳо вуҷуд дорад."
Дар ин робита, рӯзноманигори тоҷик Раҷаби Мирзо дар блоги худ суолеро дар мавриди посухгӯйии вазири тандурустӣ матраҳ мекунад. "Баъзан мегӯянд, ки мушкилоти мавҷуда ва роҳи ҳалли онҳо аз мансабдорони тоҷик, аз ҷумла дар сатҳи вазир вобаста нест. Агар чунин аст, пас саволе пеш меояд, ки чаро мо бояд вазиру дастгоҳ дошта бошем.." - навиштааст ӯ.
Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19-ро дар Тоҷикистон сарвазири Қоҳир Расулзода раҳбарӣ мекунад. Аммо тибқи Қонуни Асосӣ сардори давлат худи президенти Тоҷикистон аст.
Мансаби сарвазириро дар Тоҷикистон мансаби сеюм медонанд. Эҳтимол ба ҳамин далел танқидҳои ошкорои ҳукумат танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Ва изҳороти президент дар бораи он ки дар давраи ҳамагирӣ кор бо риояи меъёрҳои муҳофизатӣ идома меёбад, ба мухолифат дучор нашуд.
Ҳамсояҳо ба шеваи дигар
Дар ҳамин ҳол, дар Қирғизистони ҳамсоя якумин мавриди сироят шудани сокинон ба коронавирус 18-уми март сабт шуд. 24-уми март дар кишвар қисман режими вазъи фавқулода ҷорӣ карда шуд ва 3-юми апрел режими пурраи вазъи фавқулода бо фарогирии карантини умумӣ то 11-уми май эълон шуд.
Дар Узбекистон ва Қазоқистон чораҳои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус ҳанӯз 21-уми январ гирифта шуд ва ҳангоми вуруд ҳарорати бадани шаҳрвандонеро, ки аз Чин меомаданд, месанҷиданд. Аз 16-уми март дар Қазоқистон вазъи фавқулода ҷорӣ карда шуд, ки то 11-уми май давом мекунад.
Дар Узбекистон аз 30-юми март то 20-уми апрел барои ворид шудани нақлиёт ба Тошканд, Нукус ва марказҳои вилоятҳо ва байни вилоятҳо маҳдудият ҷорӣ карда шуда буд. Аз 1-уми март дар шаҳрҳои ишорашуда режими хонашинӣ ҷорӣ шуд. Аз 6-уми апрел ин режим иҷборӣ шуд ва то 10-уми май идома мекунад.
Тоҷикистон аз 27-уми апрел дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ таътил эълон кард. Дар тамоми шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин зиддиуфунӣ кардани кӯчаҳо давом дорад, вале дар бораи карантини умумӣ ҳарфе нест.
Коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, ҳамагӣ бар ин назаранд, ки ҳукумат аз ин тасмим ба хотири иқтисод худдорӣ мекунад.