Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо: Масъулияти буҳрони коронавирус танҳо ба ӯҳдаи як кас буд?


Насим Олимзода дар нишасти матбуотӣ. Моҳи июли 2017

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Барканор шудани Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба назар як чизи пешбинишаванда буд. Гуфтан душвор аст, ки ҳукумат ба ҳарфи мардум, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори истеъфои ӯ буданд, лаббайк гуфт. Баръакс мегуфтанд, ки дар шароити бӯҳрони феълӣ як “қурбонӣ” зарур буд ва эҳтимол ҳамин Олимзода бошад. Ҳоло ки тибқи фармон ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” бо ин мансаб хайрбод кард, мешавад гуфт чандон “қурбонии сахт” набудааст.

Аз сӯи дигар, ду рӯз боз мухолифини дар хориҷи кишвар қарордоштаи ҳукумат овозаҳое паҳн карда буданд ва зарурат пеш омад, ки президент Раҳмон як бори дигар “ман ҳастам” бигӯяд. Тибқи ахбори расман паҳншуда ӯ ҳамчунин бо ҳамтои узбеки худ сӯҳбати телефонӣ доштааст. Гӯё ба ин васила ҳукумат худро аз як бӯҳрони дигар раҳо кард...

Буҳрон -- заминаи пешрафт?

Дар асл, ҳама гуна бӯҳрон дар баробари паҳлӯҳои манфии худ ҷониби мусбат ҳам дорад. Маҳз ин гуна ҳолатҳо ҷанбаҳои заифи ҳукуматҳоро маълум карда, мардум ва раҳбарони кишварҳоро аз мансабдорони нокораву бемасъулияти худ раҳо менамояд.

Коронавирус, ки ба як бӯҳрони ҷаҳонӣ табдил ёфт, аз ин ҳолат берун нест. Масалан дар Русия роҳбарони 10 вазорати тандурустии манотиқи ин кишвар ба истеъфо рафтанд. Хоса дар Коми, ки минтақаи аз ҳама мушкилзои Русия дар баробари коронавирус буд, маҷбур шуд дар як моҳ ду бор вазири тандурустиашро иваз намояд. Гуфта мешуд, сабаби асосӣ дар омода накардани минтақа аз ҷониби ин вазирон ба пешовардҳои коронавирус буд, ки на танҳо боис ба талаф ёфтани мардум, ҳатто анқариб 70 духтур гардид.

Дар Кувейт ҳам тамоми ҳукумат бо талаби парлумон ба истеъфо рафт ва дар байни аз мансаб барканоршудагон, аз ҷумла се вазири аъзои оилаи амир ал Аҳмад ас-Сабоҳ ҳам буд.

Аммо Радаи Украина истеъфои ҳукумати Владимир Гройсманро напазируфт.

Аз кишварҳои ба мо наздиктар Қирғизистон аст, ки ҳукумат маҷбур шуд муовини соҳавии сарвазир ва вазири тандурустиро сабукдӯш намояд.

Дар Тоҷикистон, ки гуфтан мумкин коронавирус бӯҳрони ҷиддитарини ҳукуматро дар чанд соли ахир пеш овард, ҳоло масъалаи ба истеъфо фиристодани мансабдорон мисле, ки муҳим наменамуд. Ҳатто, агар чунин пешниҳодоте сурат мегирифт, бархе аз ҷонибдорони ҳукумат зуд худро “сафед” мекарданд: “Ин бӯҳрони ҷаҳонист. Ҳоло вақти чунин суханҳо нест”.

Пас фурсати чунин саволҳо кай пеш меояд.

Омодагии мансабдор ба истеъфо

Президент Раҳмон чандин бор дар бораи сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ сӯҳбат карда, гуфт, ки яке аз сабабҳо дар солҳои 90 аз ҳад зиёд ба истеъфо фиристодани сарвазирҳо буд. Воқеан, он замон дар байни як сол тақрибан 5 сарвазир ба истеъфо рафт.

Аммо сабабҳои ҷиддии ба истеъфо рафтани мансабдорон таи 29 сол дар Тоҷикистон кам набуданд. Ҳатто дар бӯҳрони имрӯза низ...

Ёдам ҳаст, ки зимистони соли 2007-2008 сахту хунук омад. Узбекистон аз шабакаи ягонаи минтақавӣ худро канор гирифт ва Тоҷикистон ба ҳоли зоре гирифтор шуд. Барқ набуд. Ҳатто дар касалхонаву зоишгоҳҳо. Чандин тифлони навтавлид ҷони худро аз даст доданд. Нашрияи “Нигоҳ” барои роҳбари вақти “Барқи тоҷик” Шарифхон Самиев “ҳисобкунак” гузошт, ки то аз мансаб рафтани ӯ чӣ қадар вақт боқӣ мондааст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат барои ӯ 6 моҳ мӯҳлат муқаррар намуд.

Он замон ҳам Шарифхон Самиев ва ҳам вазири тандурустии кишвар, ки як хонум буд ва каме бештар аз як сол кор кард, дар ҳақиқат аз мансаб барканор шуданд.

Ҳамон вақт бо “Нигоҳ” ҳамкорӣ доштам ва бо хабарнигорон машварат кардем, ки дар нишастҳои матбуотии семоҳа аз мансабдорон танҳо як саволро бипурсанд: "Оё омода ҳастед, ки ба истеъфо биравед?"

Дар посух аксарияти мақомдорон гуфта буданд, ки ба истеъфо рафтан ё нарафтанашон аз онҳо вобаста нест, аз президент вобаста аст. Яъне, агар “боло” аз фаъолияти ин ё он мансабдор қонеъ бошад, дар мансаб боқӣ мемонад, агар не пас ба истеъфо мефиристад, агар ҷои дигарро барояш нишон надиҳад. Масалан зиндонро... ҳарчанд чунин вазиру раиси калонро мо тақрибан дар хотир надорем, ки маҳз барои бемасъулиятӣ, ё дуздиву ришваташ ба маҳбас равона кардаанд. Мегӯянд, кадоме аз вазирони тоҷик, агар ба маҳбас рафт, бо «хатои сиёсӣ» рафт...

Ин ҳам дар ҳоле, ки барои истеъфо рафтан, ба ғайри хоҳиши раҳбари давлат ва ҳукумат, ҳамчунин бархе аз меъёрҳои ахлоқӣ вуҷуд дорад. Яъне бо ин ки ин ё он нафар чун дид, ки бо омаданаш ба мансаб мушкилот ҳал не, балки зиёд шуд, ё вазъият бӯҳронӣ гардид, бояд худаш довталабона ба истеъфо биравад. Он чи ки то имрӯз мо шоҳид набудем.

Истеъфо аз рӯи виҷдон

Таърихи Тоҷикистони мустақил танҳо ду ҳолати довталабона ба истеъфо рафтани мансабдорони тоҷикро дар хотир дорад. Соли 2003 пас аз тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ мушовири калони президент Раҳматилло Зойиров (ҳоло раиси ҲСДТ) ба нишони эътироз ба истеъфо рафту ба мухолифи шадиди президент табдил ёфт.

Ҳолати дуюм пас аз чанд соли дигари ин ҳодиса иттифоқ афтод, вақте муовини вазири меҳнат Маҳмудҷон Қосимов низ довталабона ба истеъфо рафту соли 2013 муовини Зайд Саидов дар ҳизби номнависшудаи «Тоҷикистони нав» гардид.

Ҳолати сеюмро дар хотир надорем. Ҳарчанд ҷои ҳайронӣ дорад, ки чаро ҳамин Бег Сабур бояд дар мансаб бошад, ё Нуриддин Саид?

Номи бисёрии мансабдорон то сатҳи вазиру раисони кумитаҳои дигарро бошад, ба эҳтимоли зиёд бисёриҳо, аз ҷумла хабарнигорон намедонанд. Ин ду нафарро ба он хотир мисол овардем, ки доим нишаст бо иштирокашон “ҷолиб” мегузарад ва барои чанд вақти дигар мавриди “гап” қарор мегиранд.

Аммо ин як масъалаи ҷиддии давлатист. Зеро модоме чунин мансабдорон дорем, ба назари мардум чунин менамояд, ки дар ҷои онҳо дилхоҳ нафар метавонад дар курсӣ нишинад. Ин чунин маъно дорад, ки барои соҳиби курсӣ шудан гӯё ягон хел масъулият ва тавонмандӣ зарур нест. Муҳим “боло” розӣ бошад. Гоҳҳо ҳайрон ҳам мемонӣ, чунин мансабдорон, агар барои мардум зарур нест, пас аз буданашон ҳукумат чӣ манфиат мебинад?

Мутаассифона намедонем.

Баъзан мегӯянд, ки мушкилоти мавҷуда ва роҳи ҳалли онҳо аз мансабдорони тоҷик, аз ҷумла дар сатҳи вазир вобаста нест. Агар чунин аст, пас саволе пеш меояд, ки чаро мо бояд вазиру дастгоҳ дошта бошем? Барои ришваситониву мушкилсозӣ барои дигарон ё эҷоди интригаҳои навбатӣ, ки дар байни мардум сари онҳо зиёд мегӯянд?

Дуруст, ба истеъфои довталабона нафаре рафта метавонад, ки ба ин ё он мансаб аз рӯи тавонмандиҳои фавқулодааш омадааст. Оё чанд нафар аз мансабдорони мо бо ин сифат ба курсӣ расидаанд? Мутаассифона мо боз ҳам намедонем, ки кадоме аз онҳоро барои кадом сифатҳояш ба курсии вазириву раисӣ муносиб донистаанд. Вакилони парлумон ҳам зимни тасдиқи номзадӣ аз онҳо напурсиданд, ки барои курсии нави худ чӣ барномаҳое доранд. Агар чунин нест, мисле, ки онҳоро ба нокорагӣ муттаҳам кардан ҳам мушкил мешавад.

Аҷаб ҳолат ва аҷаб фазое...

Вазирҳое бе орзуи президентӣ

Тасаввур намоед, ки вазиру раиси кумита будан як масъулияти сиёсист. Яъне дар ин курсиҳо бояд онҳое нишаста бошанд, ки ҳатто битавонанд номзад ба президентӣ бошанд. Ҳоло, агар ин гуна саволу масъалагузориро пеши як мансабдори мо намоед, ба қавле талхааш мекафад. Аслан аз вазирони нокора пурсидан, ки нияти президентшавӣ доред, як навъ масхара хоҳад буд.

Воқеан, ҳамон соли 2008 аз як қатор мансабдорон чунин пурсиш ҳам карда буданд. Хайрият ба ҳамаашон ин суолро раво надонистанд. Вале "ҷиддӣ"-ҳояшон ҳам пас аз шунидани ин суол мисле, ки даступохӯрда шуданд.

Масалан раиси Кумитаи ТВ ва радио ин гуна саволро «провокатсия» унвон карда, ба журналистон гуфта буд, ки аз пешниҳоди чунин саволҳо худдорӣ кунанд. Прокурори вақти генералии кишвар Бобоҷон Бобохонов ваъда дод, ки пас аз барканориаш ба навиштани хотираҳо машғул мешавад, ки ба ваъда вафо накард. Фақат Мирзошоҳрух Асрорӣ - вазири ҳамонвақтаи фарҳанг изҳор дошт, ки ҳамеша барои истеъфо омода аст ва пас аз он метавонад дар ягон нашрия хабарнигор бошад...

Аммо вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ ба ин савол хеле посухи шояд ҷавонмардона дод. Ӯ гуфт, ки президентӣ дониш ва тавоноии бештар мехоҳад, ки ӯ чунин қобилиятро надорад. Ин шояд як ҷавоби сиёсӣ дар он замон ҳам буд, чун баъзе сарчашмаҳои хабарӣ, хоса русӣ номзадии «Зарифии ғарбпараст»-ро дар интихоботи пешорӯи ҳамонвақтаи президентӣ хостаи дили президент Раҳмон медонистанд.

Сарвазири феълӣ ва раиси собиқи вилояти Суғд Қоҳир Расулзода низ имкони иштирокаш дар интихоботи президентиро ҳини савол ба ӯ рад карда буд. «Мо пеш аз ҳама бояд он вазифае, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва мардум бароямон гузошта шудааст, иҷро кунем. Намедонам, аз кори ман мардум ва ҳукумат розӣ ҳастанд ё не. Аз ин рӯ, бояд камбудҳоямонро ислоҳ кунем. Ман дар бораи президентшавӣ боре ҳам фикр накардаам ва намекунам», - гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки аз Расулзода ба унвони мансабдори «эрка»-и президент ном мебурданд ва шеваи кори ӯро барои минтақаҳои дигар намуна медонистанд. Дертар ӯро дар ҳақиқат ба курсии сарвазирӣ оварданд. Ҳоло бошад ҳамзамон сарварии ситоди пешгирии коронавариусро ба зимма дорад. Ҳамон ситоде, ки ба гуфтаи мардум мамлакатро ба як бӯҳрони дигар рӯ ба рӯ кард ва ахиран боис ба барканории Насим Олимзода гардид...

Пас бори масъулият танҳо ба ӯҳдаи ӯ буд?

Ин савол ҷавоби осон ва мушкили худро дорад...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (50)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG