Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Тоҷикистон карантини сартосарӣ эълон накард? ВИДЕО


Аз эътирофи расмии мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон як ҳафта гузашт, аммо бар хилофи интизориҳои сокинон, карантини сартосарӣ ҷорӣ нашуд. Бар асоси қарори мақомот, мактабҳои миёна то 16-уми август таътил ва баргузории маъракаву мусобиқаҳои варзишӣ манъ шудааст. Бо ин вуҷуд, ба қавли бархе аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, набудани фарҳанги дур истодан аз якдигар ва одати зиндагиву муоширати наздик дар сатҳи хешовандону ҳамсояҳо ва дӯстону ҳамкорон дар Тоҷикистон, хатари паҳншавии коронавирусро бештар мекунад.

Ба суоли ин ки чаро дар Тоҷикистон карантин ҷорӣ намекунанд ва то куҷо ин қарори мақомот дуруст аст, назарҳо гуногунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ садои онҳое баландтар ба гӯш мерасад, ки бо нигаронӣ аз вазъи бемористонҳову афзоиши маргумир ба зарурати ҳатмии ҷорӣ кардани чораҳои маҳдудкунандае ба монанди Узбекистону Қирғизистон даъват мекунанд.

Дар пасманзари ин нигарониҳо чанд мақоми давлатии Тоҷикистон водор шуданд, дар суҳбатҳои ҷудогона бо матбуот ошкоро бигӯянд, ки карантин бар зарари иқтисоди кишвар мешавад. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дар сӯҳбат бо нашрияи "Тоҷикистон" гуфт, дар кишвар талабот ба маҳсулоти нонӣ дар як сол 1 миллиону 367,4 ҳазор тонна аст ва 44 дарсади он дар дохили кишвар истеҳсол мегардад. "Дар чунин вазъият эълон кардани карантин бар манфиати иқтисодиёт ва мардуми Тоҷикистон нест", - гуфт Солеҳзода.

Ӯ афзуд, таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон манфӣ хоҳад буд.

Вале ба назари бархе аз сокинон, худдории мақомоти кишвар аз ҷорӣ кардани тадбирҳои шадидтар на танҳо ба омилҳои иқтисодӣ, балки ба омилҳои сиёсӣ ҳам рабт дорад. Иқтисоддон Нур Сафаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои элитаи сиёсии Тоҷикистон дар соли интихобот "ҳифзи фазои эътимод ба ҳукумат ва тавони он барои назорати вазъ муҳим аст."

Айни замон ӯ гуфт, "аз лиҳози иқтисодӣ пандемия чанд мушкили ҷиддӣ эҷод кард: муҳоҷирати корӣ ва интиқолҳои пулӣ тақрибан қатъ шуд ва ин ҳолат камбуди шадиди даромади буҷа, молиёт ва гумрукро коҳиш медиҳад".

Оё Тоҷикистон ба эълони карантин омодааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

"Ҷорӣ кардани карантин таҷаммӯи тамоми захираҳои давлатӣ, аз ҷумла полис, хадамоти вижа ва артишро тақозо мекунад. Ва пеш аз ҳама захираҳои ҷиддии молӣ барои ҷуброни карантини маҷбурӣ ба мардум лозим аст. Чунин захираҳо дар кишвар мавҷуд нест", - шарҳ дод ӯ. Ва ниҳоят, "саволи аслӣ ин аст, ки оё давлат тавони ба 30 дарсади мардуми зери хатти фақр пешниҳоди гарави иҷтимоиву молиро дорад?"

Нур Сафаров ба ин бовар аст, ки ҳукумат тасмим гирифт, аз тадбирҳои "нарм" кор гирад, вале "риск боқӣ мемонад".

То шоми 6-уми май мақомот гуфтанд, ки дар кишвар 379 кас ба COVID-19 сироят шуда, 8 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Аз назари бархе аз сокинони кишвар, иттилоъ дар бораи хатари паҳншавии вирус агар дар шаҳрҳои калон нашр шудааст, ҳамоно дар рустоҳои дурдасти кишвар иттилоъ нокофист.

Журналист Ҳуриннисо Ализода, ки ду шахси наздикаш аз коронавирус фавтидаанд, гуфт, "...бояд таҳлили ҷиддӣ кунанд, ки агар карантин эълон кунанд, шарту шароити онро иҷро карда метавонанд? Пас, чаро не? Вале, агар натавонанд, чӣ пешомаде ба бор меорад? Ҳадди ақал ҳамин ҳоло бояд маҳдудиятҳое ҷорӣ кунанд, ки монанд ба карантин бошанд. Дар кишвари мо кори онлайн, ё ҳадди ақал маҷлису супоришҳои онлайнӣ маъмул нест. Шояд ин ҳол каме хаосро ба бор биёрад".

Ализода ба ин назар аст, ки ҳукумат бояд чораҳои карантинии чанд кишвари "ба шароити мо наздикро омӯхта, пайи амалӣ кардани корҳои ҷиддитаре бошад. То ҳол ман чунин амали қатъиро надидаам".

Тоҷикистон дар баробари Беларус ва Туркманистон барои ҷиддӣ нагирифтани хатари коронавирус мавриди интиқод буд. Мунтақидони вазъ дар Тоҷикистон мегӯянд, пандемия қадри ҷони инсонро ба намоиш гузошт ва мақомот ин имтиҳони ҷиддии таъмини ҳифзи сиҳатии аҳолиро нагузаштанд.

Вале афроди рӯ ба ҳукумат бо ишора ба намунаи бархе аз кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ тасмими мақомот ба худдорӣ аз ҷорӣ кардани тадбирҳои сахттарро “қобили дарк” мегӯянд. Шветсия, яке аз кишварҳои пешрафта аст, ки низоми ҳифзи иҷтимоии қавӣ дорад. Шумори гирифторон дар ин кишвар ба 24 ҳазор ва фавти одамон бар асари COVID-19 ба 3 ҳазор наздик мешавад. Он ҷо карантин ҷорӣ накарданд ва тамоми муассисаҳо, аз ҷумла мактабҳо кушодаанд.

Вера Кулакова-Браннеруд, мудири кулли радиои “Ватан”, ки ҳамроҳ бо хонаводааш дар Стокҳолм зиндагӣ мекунад, гуфт, "мақомот гуфтанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро бо бастани онҳо дар хона поймол намекунанд ва аз лиҳози иқтисодӣ ҳам ин бар зарар мешавад... Стратегияи ҳукумати Шветсия ин аст, ки ҳар қадар барвақттар ба вирус олуда шуда ин бӯҳронро пушти сар кунем, барои зиндагии баъдиву иқтисоди кишвар беҳтар аст. Ин озмоиши нодир аст ва мо масунияти коллективӣ ё ҳамагониро пайдо мекунем".

Айни замон, ин журналисти зодаи Тоҷикистон таъкид мекунад, ки низоми беҳдошти ин кишвари иҷтимоӣ таъмини хадамоти тиббиро пурра ба дӯш дорад ва беморон аз ҳисоби давлат муолиҷа мешаванд. Ӯ гуфт: "Ҳоло танҳо садои ходимони тиб баланд шунида мешавад, ки афзоиши маош ба хотири шароит ва кори пурхатарро далел меоранд. Вале феълан ба онҳо изофапулӣ ҷудо накарданд".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG