Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе бемористонҳои нав боз мешаванд, аммо пизишк намерасад


Мақомот мегӯянд, ин бинои яке аз бемористонҳост

Раиси шаҳри Душанбе бо эълони сохтмони бемористонҳои нав барои гирифторони COVID-19 аз маҳалли бунёди чанде аз онҳо дидан кард. Гуфта мешавад, ин бемористонҳо бо зарфияти се ҳазор кат бунёд мешаванд. Аммо камбуди кормандони тиб, ки то замони уфун низ вуҷуд дошт, нақши бемористонҳои навро зери суол мебарад.

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе, мегӯяд, бемористонҳои нави муваққатӣ барои табобати гирифторони COVID-19 сохта мешаванд.

Ба гуфтаи вай, раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ якҷо бо бархе аз мақомоти шаҳрдорӣ бо рафти сохтмон шинос шудааст. Се бемористон дар биноҳои тақрибан анҷомёфта ҷойгир карда мешаванд ва ҳамзамон бунёди чанд бемористони дигар идома меёбад. Барои ба кор андохтани онҳо як моҳ муҳлат дода шудааст.

Ба иттилои шаҳрдории Душанбе феълан дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон "зиёда аз 30 беморхона бо 5284 кати хоб ва беш аз 5390 корманди тиб ба эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд".

Гуфта мешавад, бемористонҳои нави муваққатӣ се ҳазор кати дигарро фароҳам хоҳанд овард. Ҳисобҳои оддии риёзӣ нишон медиҳанд, ки барои се ҳазор кати беморон тақрибан ҳамин миқдор пизишк ва парастор зарур аст.

Дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки дар шароити камбуди пизишкон дар Тоҷикистон ин теъдод духтуронро барои бемористонҳои нав аз куҷо пайдо мекунанд, Абдумаҷид Усмонзода гуфт: Дар қарори раиси шаҳри Душанбе ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки бемористонҳои навро бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва духтурҳо таъмин намояд".

Аммо пизишкони тоҷик ба чунин хушбинии мақомоти шаҳрдорӣ шубҳа доранд. Пизишк Фарида Мансурова мегӯяд, феълан ҳар бемористони кишвар бо камбуди сахти корманд рӯбарӯст ва пайдо кардани ҳудуди се ҳазор духтури дигар тақрибан ғайриимкон аст.

"То ҷое иттилоъ дорам, ҳоло пизишконеро, ки дар арсаи дорусозӣ дар ширкатҳои хусусиву хориҷӣ фаъолият мекунанд, иҷборан ба табобати беморони илтиҳоби шуш сафарбар мекунанд. Аз ин роҳ пайдо кардани ҳудуди се ҳазор духтуру ҳамшираи шафқат имконпазир нест", - шарҳ дод ӯ.

Пизишки тоҷик мегӯяд, ба сабаби камии маош бештаре аз духтурон тарки пеша карда, ба тиҷорат машғул шудаанд ё аз кишвар рафтаанд: "Ҳоло дар бештаре аз бемористонҳои Русия табибони тоҷик машғули муолиҷа ҳастанд. Шояд донишҷӯёни курсҳои панҷ ва шаши Донишгоҳи тиббиро ба ин кор ҷалб созанд. Вале танҳо аз ин роҳҳо ҳалли камбуди пизишкон дар кишвар имконпазир намешавад. Бояд ба миқдори зарурӣ таҷҳизоти тиббӣ, назири дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ ва дорувориҳои хориҷӣ харидорӣ шавад".

Ба гуфтаи расонаҳо, дар ду даҳаи ахир ҳукумати Русия ба воситаи барномаи махсус беҳтарин кормандони тиббии Тоҷикистонро ба кишвари худ ҷалб намуд. Танҳо аз вилояти Суғд дар ин муддат ба воситаи консулгарии Русия дар Хуҷанд наздики 10 ҳазор пизишки ботаҷриба ба Русия кӯчонда шуд.

Аксари онҳо мегӯянд, дар ҷои нав бо манзил ва даромади баланд таъмин гаштаанд.

Фарида Мансурова, ки қаблан дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология таҳти роҳбарии падараш, академик Ҳомид Мансуров, фаъолият мекард, ночор шуда буд, клиникаи хусусии худро таъсис диҳад. Аммо ҳоло ба гуфтаи худаш, иҷораи бино барои клиника ва сарбории андозҳо боис шуда, ки аз кор даст кашад.

Дар посух ба ин савол, ки агар мақомот даъват кунанд, ба кори пизишкӣ бармегардад ё не, Фарида Мансурова гуфт, дар хонаводааш машғули нигоҳубини набераҳост.

"Дар авлоди мо аллакай се нафар аз коронавирус фавтиданд ва як нафари дигар дар ҳоли марг аст. Ба ин далел, наздиконам ба ҳеҷ ваҷҳ намегузоранд, ки ман дубора ба табобати беморон машғул шавам", - гуфт хонум Мансурова.

Шоира Наимова, пизишки бемориҳои дарунии яке аз бемористонҳои Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳбарияти муассисааш тасмим гирифтааст барои бонувони духтур таътил эълон кунад ва ҳоло танҳо пизишкони мард машғули табобати беморон ҳастанд.

Ба эътиқоди Наимова, "ҳоло духтуроне, ки ба нафақа ихтиёрӣ ё маҷбурӣ фиристода шуда буданд, метавонанд ба унвони пизишкони бемористонҳои муваққатӣ кор кунанд. Ҳамчунин ба истилоҳ интерн ё ординаторҳо, хатмкунандаҳои донишгоҳҳои тиббие, ки чанд сол таҷрибаи корӣ доранд, низ метавонанд барои кор ба ин бемористонҳои муваққатӣ ҷалб шаванд. Зеро, барои ҷавонон хатари коронавирус камтаъсир мегӯянд".

Камбуди бемористонҳо сабаб гаштааст, ки бархе аз боғчаву мактаб ва хобгоҳи донишҷӯён ба шифохонаҳои муваққатӣ табдил дода шаванд, вале барои кор ба онҳо мураббиҳо ва кормандони соҳаи маориф ҷалб карда шудаанд.

Дар ин бобат дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъвате садо медиҳад, ки одамони бетаҷриба ё ризокорон (волонтерҳо)-ро ба ин кор ҷалб кардан хатарнок аст, зеро метавонанд худ ё дигаронро ба беморӣ гирифтор намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола то 500 нафар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абулаӣ ибни Сино ва Донишгоҳи тиббии Данғараро хатм мекунанд, вале бархе аз онҳо дар ҷустуҷӯйи маоши муносиб кишварро тарк мекунанд ё ба шуғли дигар мегузаранд. Ба эътиқоди соҳибназарон, даъвати пизишкони тоҷики муқими кишварҳои хориҷӣ аслан амали бефоида хоҳад буд.

Зеро, бо маоше, ки пизишкон дар Тоҷикистон мегиранд, касе қаноатманд буда наметавонад. Ҳарчанд, чанд рӯз қабл президенти Тоҷикистон фармон дод, ки маоши пизишкони машғули табобати гирифторони COVID-19 ду маротиба бештар карда шавад. Аммо, дар ин сурат низ маоши онҳо ҳудуди 200 доллари амрикоӣ мешавад.

Дар Узбекистони ҳамсоя феълан пизишкон то 2500 доллар маош дарёфт мекунанд ва бо назардошти буҳрони коронавирус аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор мебошанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (24)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG