Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум аз набуди барқ мегӯянд, ширкати "Барқи Тоҷик" - аз таъмир. САДО


Сокинон мегӯянд, ду ҳафта боз бо маҳдудият барқ мегиранд

Ҳарчанд масъулони бахши энержии кишвар мегӯянд, дар Тоҷикистон расман лимит ё маҳдудияти нирӯи барқ ҷорӣ нашудааст, сокинони баъзе аз минтақаҳо ҳудуди ду ҳафта боз аз қатъи нерӯи барқ дар хонаҳояшон шикоят доранд. Дар ширкати "Барқи тоҷик" далели қатъи нерӯи барқро ба таъмир дар шабакаҳои барқ рабт доданд. Бархе аз мардум мегӯянд, ба ин далели "Барқи тоҷик" бовар надоранд.

Барқи манзили Сабоҳат Ҳакимова, сокини деҳаи Файзбахши шаҳри Турсунзодаро қариб даҳ рӯз боз дар соатҳои гуногун қатъ мекунанд. Ӯ рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин баҳор сарду сербориш аст ва бебарқӣ зиндагияшро душвор намудааст.

"Барқро аз соати 5-и бегоҳ то 11-и шаб медиҳанд, баъд қатъ мекунанд. Боз соати аз 4-5 то 8-и субҳ рӯшан мекунанду бас. Бубинед, ҳоло кӯдакон аз се километр роҳ аз мактаб омаданд, бояд хӯроки нисфирӯзӣ омода бошаду хонаҳо гарм. Барқ, ки нест, мушкил аст, таппак ҳам тамом шудааст", - нақл кард ӯ.

Искандаршоҳ Саидов, сокини дигари Файзбахш ҳафтаи равон маъракаи хонадоршавии духтарашро барпо карданист, вале қатъи нерӯи барқу набуди захираи ҳезум ӯро ғарқи андеша намудааст.

Саидов мегӯяд, ин зимистон ба барқ дастрасӣ доштанд ва гумон намекарданд, ки дар моҳи апрел барқ хомӯш мешавад: "Сабабашро нагуфтанд, огоҳ низ накарданд, боварӣ надорем, ки нисфи шаб хатҳоро таъмир кунанд".

Қатъи нерӯи барқ на танҳо хонаводаҳо, балки соҳибони бархе аз коргоҳҳоро низ нигарон кардааст. Алиҷон Имодов, раҳбари як коргоҳи таъмири мошинҳост, ки бо далели набуди барқ наметавонад корашро ба дурустӣ пеш барад. Ӯ гуфт, "бо қувваи барқ мошинҳоро боло бардошта, таъмир мекунем. Мардум мошинҳояшонро оварданд, лекин барқ нест, наметавонем муштариёнро қабул кунем".

Тайи чанд рӯзи ахир сокинон аз манотиқи гуногуни кишвар бо ирсоли аксу видео ба Радиои Озодӣ аз қатъи нерӯи барқ дар маҳаллаҳои худ хабар медиҳанд. Чанде аз сокинони шаҳрҳои Панҷакенту Истарвашан ва навоҳии Вахшу Ёвону Ашт рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бидуни огоҳӣ барқашонро дар соатҳои гуногун хомӯш мекунанд.

Сокинон мегӯянд, дар маркази шаҳру навоҳӣ барқ ҳаст, вале дар маҳаллаҳо барқро ҳар замоне хостанд, қатъ мекунанд.

Мардум аз набуди барқ, ширкати "Барқи Тоҷик" аз таъмир мегӯяд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00
Линки мустақим

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 16-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳеч гӯшаи кишвар лимит ё маҳдудияти барқ ҷорӣ нашудааст. Ӯ далели қатъи нерӯи барқро ба "корҳои таъмирӣ-профилактикӣ" дар хатҳои баландшиддати барқ рабт дод.

Нозирҷон Ёдгорӣ
Нозирҷон Ёдгорӣ

Ёдгорӣ афзуд, корҳои профилактикӣ ҳамасола баъд аз зимистон гузаронида мешаванд. Ӯ таъкид намуд, ки аз сӯи раҳбарияти "Барқи тоҷик" ба масъулони шабакаҳои барқӣ дастур дода шудааст, пеш аз қатъ намудани қувваи барқ муштариёнро огоҳ кунанд.

Аммо ҳамсӯҳбатони мо дар минтақаҳои гуногуни кишвар, ки аз бебарқӣ шикоят мекарданд, гуфтанд, бе огоҳӣ барқашонро хомӯш мекунанд ва ба анҷоми корҳои профилактикӣ бовар надоранд.

Нозирҷон Ёдгорӣ дар посух ба ин пурсиш, ки оё бурдани корҳои таъмирӣ ягон ҷадвале дорад, посухи дақиқ надода, танҳо гуфт, "ин кори дохилии ширкат аст".

Масъалаи дастрасии сокинон ба барқ дар гузашта низ борҳо мавриди интиқоду нигарониҳо қарор гирифтааст.

Соли 2017 мақомоти Тоҷикистон лимити барқро бекор карданд. Баъди ба кор даромадани ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ва фаъол шудани Маркази абрқу гармидиҳии Душанбе умеди сокинон ба дарёфти барқи бештар ва муназзам зиёд шуд, вале ин баҳор қатъи нерӯи барқ дар минтақаҳои кишвар бори дигар шикоятҳоро ба миён овард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG