Би-би-сӣ хабар дод, ки ташхиси тиббии сарвазири Бритониё, Борис Ҷонсон, "мусбат" баромад ва ӯ бо сабаби олудагӣ ба коронавирус ба "карантин" гузашт.
Ҷонсон ҳам рӯзи 27-уми март инро тасдиқ кард ва гуфт, "нишонаҳои сабук"-и гирифторӣ ба вирусро эҳсос мекунад ва қарор кард, корро дар хона идома диҳад.
Нахуствазири Бритониё дар саҳифааш дар Твиттер ба пизишкон, ходимони полис, ихтиёриён ва онҳое, ки ба ҷабҳаи мубориза бо коронавирус ҳамроҳ шудаанд, сипосгузорӣ кард. Ӯ изҳори бовар намуд, ки агар шаҳрвандони кишвар ба машварати табибон гӯш кунанд, Бритониё ба пандемия пирӯз мешавад.
Дар Бритониё шумори олудашудаҳо ба вирус то имрӯз наздик ба 12 ҳазор нафарро ташкил додааст. Бар асари гирифторӣ ба ин вирус дар Бритониё 580 нафар фавтидаанд.
Борис Ҷонсон аввалин раҳбари ҷаҳонӣ аст, ки гирифтори коронавирус шудааст, вале пандемияи КОВИД-19 дар умум ба зиндагиву кори бисёре аз раҳбарон таъсир гузоштааст.
Масалан, садри аъзами Олмон Ангела Меркел баъд аз он ки духтури ӯро эмкарда худ гирифтори коронавирус баромад, ба карантин гузашт ва корро аз хона идома медиҳад.
Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, баъди ошкоршавии вирус дар ҷисми ҳамсараш Софӣ баъди сафаре ба Лондон ҳамчунин ба карантини хонагӣ гузашт.
Дар миёни раҳбарони дигаре, ки аз санҷиши тиббӣ гузашта, гуфтанд, ки натиҷааш “манфӣ” баромад, раҳбарони Амрико, Бразилия ва Филиппин мебошанд. Муддате пеш баъди он ки ҳайати ҳукуматии Бразилия ба раҳбарии президент Жаир Болсонаро аз Иёлоти Муттаҳида баъди мулоқот бо Доналд Трамп баргаштанд, маълум шуд, ки чанд узви ҳукумати Бразилия гирифтори КОВИД-19 шудаанд.
Матбуот ва мунтақидон ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳ карда, аз Трампу Болсонаро талаб карданд, ки ба карантин бираванд. Айни чунин даъват аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳам садо дод. Вале онҳо баъди гузаштан аз санҷиши тиббӣ корро ба шеваи маъмулӣ идома доданд.
Рӯзи 27-уми март Кремлин хабар дод, ки як узви маъмурияти президенти Русия Владимир Путин ба коронавирус олуда шудааст, вале ин нафар бо президент дар тамоси мустақим набуд.
Сухангӯи Путин Дмитрий Песков бо нашри ин хабар гуфт, ки "тамоми тадбирҳо барои поккории санитарӣ ба роҳ монда шудааст".
Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки шурӯъ аз 28-уми март дар сартосари Русия маҳдудияти шадид ҷорӣ шуда, тамоми тарабхонаву қаҳвахонаҳо баста мешаванд. Рӯзи 27-уми март шумори олудашудаҳо дар Русия беш ҳазор нафар ва ҳалокати инсонҳо бар асари гирифторӣ ба КОВИД-19 – 4 нафарро ташкил дод.