Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳандиси собиқадор ва ошкорбаёни "Барқи тоҷик" даргузашт


Ғуломиддин Сайфиддинов аз муҳандисони собиқадоре буд, ки бо лаҳни тунд амалкардҳои мақомотро танқид мекард.
Ғуломиддин Сайфиддинов аз муҳандисони собиқадоре буд, ки бо лаҳни тунд амалкардҳои мақомотро танқид мекард.

Ғуломиддин Сайфиддинов яке аз мутахассисони варзида ва муҳандисони соҳаи энергетика дар синни 79- солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ҳамсараш Дилбар Сайфиддинова рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳараш рӯзи 31-уми май фавтид ва шоми ҳамон рӯз ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурданд.

Хонум Сайфиддинова афзуд: “Аз бемории дил ранҷ мекашид. Аҳволаш вазнин шуд ба беморхонаи “Якум Советский” бурдем, аз шушашон якуним литр об гирифтанд. Баъдан табибон гуфтанд, хона баред, ки ин ҷо ягон касалии дигар нагиранд”. Баъди овардан ба хона, Ғуломиддин Сайфиддинов вафот кардааст. Дар бемористони мазкур умдатан гирифорони илтиҳоби шуш ва СОVID-19-ро муолиҷа мекунанд.

Муҳандиси варзидаи тоҷик, тақрибан 40 сол дар Вазорати энергетика, ширкати “Барқи тоҷик” ва дигар корхонаҳои бузурги Душанбе кор кардааст. Солҳои ахир бепарда аз камбудиҳои соҳаи энергетика ва кори ширкати “Барқи тоҷик”- ро танқид мекард, ки аз бузургтарин ширкатҳои давлатӣ ва қарздори Тоҷикистон аст. Пас аз чунин танқидҳо ӯро аз “Барқи тоҷик” ба нафақа фиристоданд, ҳарчанд мегуфт, ӯро барои ошкоргӯӣ аз кор ронданд.

Дилбар Сайфиддинова гуфт, ҳамсараш барои ошкорбаёнӣ озору азияти зиёд медид ва барояш мушкилиҳо сохта мешуд. Хонаи шахсии Сайфиддинов ба гуфтаи наздиконаш соли 1994 аввал ғорат ва баъдан тасарруф шуд. Ӯ то охири умр барои бозпас гирифтани хонааш саъй мекард, вале бенатиҷа. Солҳои охири умри худро Ғуломиддин Сайфиддинов дар манзили иҷора ба сар бурд.

XS
SM
MD
LG