Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози ҷанозаи "Шодмони Танӯркабоб"-ро бе тобути майит хонданд. ВИДЕО, САДО


Дар ин ҷо барои мусофирони роҳи Душанбе-Хуҷанд танӯркабоб мепазанд

Баъзе аз сокинони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд хабар доданд, ки намози ҷанозаи сокини ин ноҳия Шодмон Раҷабов, машҳур бо лақаби "Шодмони Танӯркабоб"-ро бе дар пешгоҳ гузоштани майит хонданд.

Намози ҷаноза рӯзи шанбеи гузашта баргузор шуда, наовардани тобути Раҷабов, ки хилофи суннати ҷаноза шумурда мешавад, гумону эҳтимоли аз коронавирус фавтидани ӯро бештар кард. Ин ҳам дар ҳоле ки қаблан чандин расона марги "Шодмони Танӯркабоб"-ро ба бемории Ковид-19 пайванд додаанд.

Мақомоти тандурустии вилояти Суғд марги Шодмон Раҷабови 62-соларо тасдиқ карданд, вале мегӯянд, ӯ аз бемории сил дар бемористони Деҳмой (ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов) фавтидааст, на аз бемории ҳамагири Ковид-19. Ба қавли мақомот, аъзои хонавода, аз ҷумла ҳамсари Шодмон Раҷабов, саломат ҳастанд.

Як сокини ноҳияи Шаҳристон ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "замони баргузории намози ҷанозаи Шодмони Раҷабовро ба соати 14-и рӯзи шанбе таъин карданд. Ҳама омаданд, аммо тобути ӯ набуд. Баъд фаҳмидем, ки пизишкони Деҳмой ӯро соати 10-и саҳар дар куҷое гӯр кардаанд".

Як сокини дигари ҳамин ноҳия гуфт, "табибон ӯро селофанпеч карда, гӯрондаанд, вале маълум нест дар куҷо дафн шудааст." Мусоҳиби мо афзуд: "Шодмон Раҷабовро ҳамаи аҳли Шаҳристон хуб мешинохтанд ва ба ӯ эҳтиром доштанд".

Пайвандони Шодмон Раҷабов то ҳанӯз дар ин масъала изҳори назар накардаанд.

Маҳмудҷон Остонақулов, муовини сардухтури бемористони ноҳияи Шаҳристон, рӯзи 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи як ҳодисаи ногувор Шодмон Раҷабов ба бемории сил гирифтор шуда, "дар бемористони Деҳмой даргузашт".

"Дар ҷойи кор ба замин афтида, қафаси синааш ба замин бархурдааст. Қабурғаҳояш сахт осеб диданд ва бемории сил дар вай хуруҷ кард. Сипас ба Деҳмой бурданд", - шарҳ дод ӯ. Пештар

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт: "3 апрел марҳум дар сауна аз гармохунукӣ меафтад. Аз хавфи ин ки қафаси синааш осеб бардошта ё шикастааст, ба маркази саломатии ҷои зисташ дар Шаҳристон муроҷиат мекунад. Ба ӯ гуфта мешавад, ки қафаси синаашро рентген карда ояд. Рентген карда меояд ва хоҳиш мекунад, ки ӯро хобонанд. Чун мебинанд, ки ҳеҷ ҷояш шикастагӣ нест, мегӯянд, зарурати хобондани шумо нест, аммо метавонед дар дармонгоҳ (терапия) хоб кунед. Ӯ бистарӣ шуданро рад мекунад. Аммо вақте ба хона бармегардад, боз эҳсоси дард менамояд. Ба шаҳри Хуҷанд омада, дигарбора рентген мекунад ва бо шубҳаи ин ки гирифтори сил шудааст, дар Маркази ҳимоя аз бемориҳои сил бистарӣ мешавад ва ҳамон ҷо мефавтад", - гуфт Маъруф Ҳоҷибоев.

Нашрия ҳамчунин зикр намуд, ки бино бар гуфтаҳои байни мардум Раҷабов чанде пеш барои овардани мол ба Ӯзбекистон сафар кардааст.

Муовини сардухтури бемористони ноҳияи Шаҳристон овозаҳоро дар бораи он ки гӯё ҳамсари Шодмон Раҷабов низ фавтидааст, рад кард. "Ҳамсараш ва фарзандонаш на карантин шудаанд ва на дар беморхонаи сироятӣ бистарӣ ҳастанд. Онҳо сиҳҳату саломатанд", - гуфт Маҳмудҷон Остонақулов.

Вай афзуд, барои ташхиси бемории Шодмон Раҷабов санадҳои зарурӣ ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Шодмон Раҷабов молики ошхонае дар назди нақби Шаҳристон буд, ки барои мусофирон кабобҳои танӯрӣ омода мекард.

Намози ғоибонаи ҷанозаи як сокини Шаҳристон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
Линки мустақим

Ахиран чанд ҳодисаи марги одамон ба роҳ ёфтани коронавируси нав ба Тоҷикистон бастагӣ дода мешаванд. Ба монанди даргузашти ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як корманди бемористони шаҳри Бохтар. Вале мақомоти тандурустии Тоҷикистон гуфтаанд ва ахиран такрор карданд, ки то ҳол ягон мавриди гирифторӣ ба Ковид-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (33)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG