Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти вирус "оби нуқра" истеҳсол мекунад. ВИДЕО


Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баъди густариши коронавируси нав истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ зиёд шуд

Бо баста шудани марзу роҳҳо ва афзоиши талабот ба маводи зиддивирусӣ мақомот дар Тоҷикистон олимону соҳибкорони маҳаллиро ба тавлиди чунин маҳлулҳо даъват кардаанд. Маводи беҳдоштӣ ҳам мисли ниқобҳои тиббӣ қаблан аз хориҷ ба кишвар ворид мешуд.

Гурӯҳе аз олимони Институти кимиёи Тоҷикистон ҳам дар пайи ин даъват ба истеҳсоли маводи беҳдошти барои ҷилавгирӣ аз коронавирус ва поксозии дохили биноҳо шурӯъ карданд. Ин моддаро олимон “оби нуқра” меноманд ва мегӯянд, ки он аз нанозарраҳои нуқра истеҳсол шуда, хусусияти зиддивирусӣ дорад.

Гурӯҳи олимони тоҷик ба роҳбарии академик Фарҳод Раҳимӣ мегӯянд, омода кардани ин маҳлул мушкил нест ва имкони таъмини пурраи талаботи сокинон бо чунин маҳлул вуҷуд дорад. Ҳамдам Кабков, корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд: “Ҳамкорони мо дар Институти кимиё тамоми дастгоҳҳои заруриро барои истеҳсоли “оби нуқра” ҷамъоварӣ кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ба миқдори 200 литр дар як рӯз истеҳсол мешавад. Вале дар ҳолати зурурат мо метавонем, истеҳсолро бештар кунем."

Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти вирус "оби нуқра" истеҳсол мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Институти кимиё тасмим дорад, рӯзҳои наздик маҳсулоти худро ба даҳҳо корхонаи дигар пешниҳод кунад. Махсусан ба корхонаҳое, ки ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ шурӯъ кардаанд. Шустани ниқобу либосҳои табибон бо ин маҳлул хатари сироят, аз ҷумла ба коронавирусро кам мекардааст. Ҳамдам Кабков афзуд: “Ионҳои нуқра хусусияти антибактериалӣ доранд. Дар он ҳамчунин хосияти зиддивирусӣ ҳам мавҷуд аст. Мо тавсия медиҳем, ки ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои табибон дар оби нуқра тар карда шавад.”

Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст. Дар кишвар карантин ва ё вазъи фавқулода ҳам эълон нашудааст, вале густариши коронавирус дар ҷаҳон кори бисёре аз ширкату коргоҳҳои нассоҷӣ дар Тоҷикистонро ҳам тағйир дод. Ҳоло дар кишвар ҳамарӯза даҳҳо ҳазор ниқоби тиббӣ тавлид мешавад.

Ахиран як корхонаи нассоҷии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғд эълон кард, ки 11 миллион ниқоби тиббӣ ба Италия содир мекунад. Ширкати “Ҷавонӣ ” гуфт, ки шартномаи ҳамкорӣ бо маблағи 11 миллион евро имзо шудааст. Дар маҷмӯъ ба иттилои вазорати саноат 13 корхона ба тавлиди ниқобҳои тиббӣ либос барои табибон ва дигар маводи беҳдоштӣ шурӯъ кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (31)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG