Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як санад меъёри андоз аз арзиши иловашуда ва ё НДС-ро барои беморхонаҳои хусусӣ кам кард.
Намояндагони баъзе аз беморхонаҳои хусусӣ мегӯянд, боҷу андозҳои гарон ҳамоно монеи рушди корашон аст ва ба дастгирии бештар ниёз доранд.
Аз пеш ин нигаронӣ вуҷуд дошт, ки андози баланд монеи пешрафт ва кори беҳтари беморхонаҳои хусусӣ шудааст. Андозу боҷҳои гаронро соҳибони беморхонаҳои хусусӣ “дарди кӯҳна”-е медонанд, ки танҳо имтиёзи воқеӣ онро “шифо” бахшида метавонад.
Тибқи тағйиру иловаҳои ахир ба Кодекси андоз меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои беморхонаҳои хусусӣ аз 18 фисад ба 5 фисад коҳиш дода шуд. Бо қабули ин тарҳ минбаъд бемористонҳои хусуӣ на 18, балки 5 фисад андоз аз арзиши иловашуда мепардозанд. То кунун меъёри пардохти 5 фисади андоз аз арзиши иловашуда танҳо дар беморхонаҳои давлатӣ амал мекард ва ҳоло дар ситонидани ин навъи молиёт беморхонаҳои хусусӣ ба давлатиҳо баровар карда шуданд.
Гулмуродзода Карим, муовини вазири молияи, ки рӯзи 10-уми июн тарҳи тағйирот ба Кодекси андозро муаррифӣ мекард, гуфт, қабули ин лоиҳа ба рушди кори беморхонаҳои хусусӣ дар шароити пандемия мусоидат хоҳад кард. Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ки “ лоиҳа бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, дастгирии аҳолии кишвар оид ба пардохтпазирии ҳаққи хизматрасониҳо дар беморхонаҳои хусусӣ, ки барои пешгириву кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии сирояти бемории COVID-19 мусоидат менамоянд, таҳия гардидааст”.
Машраб Файзуллоев, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, чунин сабукӣ имкон фароҳам меорад, то беморхонаҳои хусусии кишвар нархномаи хизматрасониҳои худро коҳиш диҳанд. Аммо масъулони бархе беморхонаҳои хусусӣ бо нигаронӣ аз андозҳои гарон мегӯянд, чунин имтиёз наметавонад дар тарофаҳои хизматрасониҳояшон таъсири ҷиддӣ гузорад.
Шикоят аз гаронии ҳаҷми андозҳо бештар миёни соҳибкорону тоҷирон садо медиҳанд, вале дар беморхонаҳои хусусӣ ҳам гуфтанд, онҳо низ мисли тоҷирон тамоми навъи андозҳои пешбинишудро пардохт мекунанд, ки барояшон осон нест.
Абдухалил Холиқов, директори беморхонаи хусусии “Ибни Сино” рӯзи 11-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба гарон будану лағви баъзе намуди андозҳо ҳангоми воридоти дору аз хориҷа борҳо ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат наудаанд, вале натиҷа надода буд. Ӯ таъкид намуд, ки аз 18 то 5 дар сад поин бурдани меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои беморхонаҳои хусусӣ зарур аст, вале ин чандон дар кори онҳо мусоидат намекунад: “Муроҷиат карда будем, ки пардохти андоз ҳангоми воридоти дору ва дигар лавозимоти тиббӣ лағв шавад, вале нашуд. Лағви ин бисёр ба рушди кори мо муҳим аст, зеро мутаасифона дар Тоҷикистон кам маҳсулоти тиббӣ истеҳсол мекунем, тақрибан ҳама маҳсулоту лавозимоти тиббиро аз хориҷа ворид мекунем, ҳатто пахтаву докаро низ аз хориҷа меорем, барои ҳамин агар воридоти дору ва дигар масрафоти тиббӣ аз андози гумрукӣ, ки он низ 18 фисадро ташкил медиҳад, озод мешуд, дар ин сурат воқеан сабукии эҳсоскарданӣ барои тиббӣ хусусӣ медоданд”.
Рӯзи 11-уми июн дар чанде аз беморхонаҳои хусусии дигар низ гуфтанд, дар шароити феълӣ барои он ки корашонро беҳтар анҷом диҳанду дар нархномаи хизматрасониҳояшон дигаргуние ворид кунанд, ба дастгирии бештар ниёз доранд.
Бархе аз сокинон мегӯянд, ҳарчанд сифати хизматрасонӣ дар беморхонаҳои хусусӣ дар муқоиса ба беморхонаҳои давлатӣ беҳтар аст, вале бо далели гарон будани арзиши табобату хизматраониҳои бахши хусусӣ аз рафтан ба чунин бемористонҳо худдорӣ мекунанд. Чанде аз ҳамсӯҳбатони мо, ки таҷрибаи табобат дар муассисаҳои бахши хусусӣ ва давлатиро доранд, ба гунаи мисол гуфтанд, агар як ташхиси умумии хун ва пешоб дар беморхонаҳои давлатӣ расман то 50-57 сомонӣ бошад, дар хусусиҳо то 90 сомонӣ аст, вале сатҳи хизматрасониҳо дар дуввумӣ беҳтар аст.
Шикоят аз гаронии андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ на танҳо дар бахши тибби хусусӣ, балки дар дигар соҳаҳҳои муҳими иқтисод, аз ҷумла тиҷорату соҳибкорӣ низ борҳо садо додааст. Мақомот дар пайи нигарониҳо аз низоми печида ва гарони андозбандӣ дар кишвар, пайваста таъкид мекунанд, ки бо ислоҳи Кодекси андоз, ки феълан дар баррасист, сабукиҳое барои бахши хусусӣ пешбинӣ хоҳанд кард. Ҳарфе, ки баъзеҳо ба амалӣ шуданаш хушбинанд, вале гурӯҳе чандон ба он боварӣ надоранд.
Бонки Осиёгии Рушд шарт мемонад, ки тадриҷан нархи барқ боло бурда шавад. Оё ин бонк ё дигар бонкҳои донори ҷаҳонӣ намегуянд, ки маошро дар ҶТ баланд кардан даркор? Маошро бо нархҳо баробар кардан даркор?
То ҳамин замон ман Дилрабо Самадоваро оқил мепиндоштам. Тамоми фаъолиятҳои ӯро дастигирӣ мекардам ва қобили таҳсин мешуморидам, хусусан дар мубориза бо дедовшина ва маълумотнок кардани мардум аз ҳаққу вазифаҳояшон дар бораи хизмати ҳарбӣ. Акнун фаҳмидам, ки ӯ ботинан ягон кори ҳукуматро хуш надорад. Афсус. Худи ӯ чандин сол пеш барои касбӣ кардани артиш ва бо пардохт озод шудани ҷавонон аз хизмат садо баланд мекард. Ҳоло бошад, намедонад чӣ гӯяд, ростӣ шармам омад аз суханҳо гуфтаи ӯ. Дилрабо, ин кор ба артиш зарар намерасонад, балки қадами навбатӣ ба самти касбӣ кардани артиш аст. Шумо бояд вазорати мудофиаро дар ин кор дастгирӣ кунед, на ин ки ба сақфи утоқи кориатон туф карда, ҳарчӣ дар дилатон омад гӯед. Будьте мудренее. Озодӣ, илтимос чоп кунед.
Маош ва пенсия 15% баланд шуд хамма чиз 40% гарон шуд ин чихел пешрави бошад ба фикрам ин акибрави хаст.
Бо дарназардошти маош дар Точистон нархи барк гарон аст.
Озоди, Ин кадар Навалний ро боло набардоред. Дар Русия уро вакилони Думаи давлати чун агенти разведкахои хоричи муаррифи намуданд, ки муртаккиби чиноёти зиёд аст. Мардуми Точикистонро фиреб дода, аз у кахрамон натарошед!