Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи зиддибуҳронии Тоҷикистон: Ҳукумат ба соҳибкорон сабукӣ медиҳад?


Назди бозори "Меҳргон" дар Душанбе
Назди бозори "Меҳргон" дар Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибуҳрониеро таҳия кардааст, ки ҳадафаш кам кардани хатарҳои коронавирус ба иқтисоди кишвар гуфта мешавад. Мақомот мегӯянд, дар доираи ин барнома ба соҳибкорон сабукӣ медиҳанд ва таъмини бозорро ҷиддӣ назорат мекунанд.

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифтории сокинон ба бемории ҳамагири КОВИД-19 сабт нашудааст, аммо коршиносон мегӯянд, иқтисоди кишвар дар остонаи хатарҳои ҷиддӣ қарор дорад.

Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, ки нақша ё барномаи зиддибуҳронӣ бо дастури нахуствазир Қоҳир Расулзода таҳия шуда, баъд аз тасдиқ шудан расман нашр мешавад.

Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, бахшҳои асосии барномаи зиддибуҳронӣ чунин аст:

  • таъмини фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орду равған, гӯшт, шакар, тухм ва сабзавотҳо
  • зиёд намудани истеҳсолу захираи онҳо ва пешгирии болоравии нархҳо
  • таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти маош ва нафақа
  • дастгирии қишри осебпазири ҷомеа.

Мақомот мегӯянд, баъд аз тасдиқ шудани барнома аз сӯи ҳукумат ба соҳибкорони хурду миёна, ки аз буҳрон осебпазир ҳастанд, сабукӣ ва ҳам таътили андозӣ дода мешавад. Масъулин расман намегӯянд, ки кадом гуруҳи соҳибкорон ба қишри "осебпазир" ворид шудаанд.

Як масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдо бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нақша аст, ба ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар соҳаҳое, ки аз пайомади коронавирус осеб дидаанд, сабукиҳои андозӣ ва ҳатто таътили андозӣ дода шавад. Таътили андозӣ ин як муддат озод кардани ширкат ё соҳа аз пардохти андоз мебошад. Вале ин масъул мегӯяд, рӯйхати пурраи соҳаҳое, ки шомили имтиёз мешаванд, баъд аз тасдиқи қарор аз сӯи ҳукумат расман эълон хоҳад шуд.

Мақомот гуфтанд, дар барномаи зиддибуҳронӣ ҳамчунин коҳиши санҷиши соҳибкоронро пешбинӣ кардаанд.

Таҳияи барномаи зиддибуҳронии ҳукумат дар ҳолест, ки бархе аз ширкатҳо аз мақомот хостанд, ба хотири коҳиши даромадашон дар пайи хуруҷи коронавирус, онҳоро муваққатан аз пардохти андоз озод кунанд.

Аз ҷумла моликони ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, хуруҷи коронавирус фаъолияти онҳоро касод кардааст ва феълан аз ҳеч ҷойе даромад намегиранд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои камшуморест, ки гирифторшавӣ ба вируси нави корона дар онҳо тасдиқ нашудааст. Коршиносон мегӯянд, сарфи назар аз ин, пайомадҳои иқтисодии ин вирус ба Тоҷикистон аз ҳоло вазнинӣ мекунад.

Муҳимтарин паёмади иқтисодии коронавирус ба таъкиди таҳлилгарон коҳиши интиқоли пул аз Русия ва паст шудани қурби асъори миллии сомонӣ аст. Ба ин хотир коршиносони иқтисодӣ дар Душанбе мегӯянд, ҳукумат бояд хеле барвақт чунин барномаро таҳия мекард.

Масъуд Собиров, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 3-юми апрел гуфт, аввалин пайомади коронавирус ба иқтисоди Тоҷикистон ин "тағйири набзи бозор аст".

"Ҳоло ба кӯча баромада дар байни мардум гардед, набзи бозор аллакай тағйир ёфтааст. Он дороӣ дигар нест. Шумори зиёди муҳоҷирон дар Русия ва дар тамоми дунё бекор монданд. Пули зарурӣ барои гардиши бозор нест, чун маблағи даркорӣ дигар ворид нашуда истодааст. Як моҳ мешавад, ки иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба буҳрон аст", - шарҳ дод ӯ.

Ҳарчанд мақомот зиёд моил нестанд дар бораи барномаи зиддибуҳрониашон пурра суҳбат кунанд, бархе мунтақидон мегӯянд, ҳалли буҳрони пешомада барои ҳукумат низ осон нахоҳад буд. Аз як тараф бо буҷае, ки сахт пойбанди андоз аст ва аз ҷониби дигар соҳибкороне, ки дар вазъияти буҳронӣ аз ҳукумат сабукӣ мехоҳанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳукумат феълан дар шароите мондааст, ки агар соҳибкоронро аз андоз озод кунад, хатари иҷро нашудани буҷа пеш меояд. Агар соҳибкоронро ба ҳоли худ гузорад, онҳо наметавонанд ба кори худ дар шароити феълӣ идома диҳанд. Мақомот на ҳамаи ин интиқодҳоро рад мекунанд, вале мегӯянд, "вазъият зери назорат аст".

Ба назар мерасад, умеди Тоҷикистон ба кумакҳоест, ки аз кишвару созмонҳои хориҷӣ дархост кардааст. Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 2-бюми апрел ҷиҳати муқобила бо коронавирус ва муолиҷаи беморони эҳтимолӣ ба кишвар беш аз 11 миллион доллар ҷудо кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG