Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сабукӣ ба соҳибкорон то Интернети арзон. Чанд пешниҳод дар шароити коронавирус


Соҳибёри Толиб
Соҳибёри Толиб

Соҳибёр Толибиён,

рӯзноманигор, шаҳрванди Тоҷикистон

Эътироф кардани вуҷуди COVID-19 дар Тоҷикистон натиҷаи дархосту садои ҷомеаи маданӣ ва талошҳои рӯзноманигорон буд. Пас, навиштани пешниҳоду дархост ва номаҳои дастҷамъона ба мақомоти Тоҷикистон дар корзори мубориза бо СOVID-19 таъсиргузору таҳрикдиҳанда аст. Бо ҳамин мақсад муроҷиати хоси шаҳрванде:

Ҳукуматдорони гиромии кишвар!

Ба андешаи ман, агар ҳамин сол нақшаи ҷашнҳои пуршукӯҳ дар кишвар бекор мегардид, иттилоот пинҳон дошта намешуд ва мардум таҳти ҳимоят қарор мегирифт, Тоҷикистон имкон дошт, ки дар мубориза бо COVID-19 то имрӯз пирӯзиашро эълон кунад.

Зеро ҳадди аксари аҳолии кишвар деҳотиёнанд ва дар фосилаи дур аз ҳамдигар зиндагӣ мекунанд.

Акнун, ки Тоҷикистон низ гирифтор ва вақти мубориза бо вирус аст, дар ин нома аз нобоварӣ ба иттилооти расмӣ ва фаъолияти Вазорати тандурустии кишвар бисёр нагуфта, балки пешниҳодамро ба ҳайси шаҳрванди Тоҷикистон мушаххас мекунам:

Пешниҳод менамоям, ки дар давраи мубориза бо COVID-19 соҳибкорон аз андоз озод гарданд. Ин ба арзоншавии нархи хидматрасонӣ ва маҳсулот таъсир мекунад. Бонкҳо ва созмонҳои қарздиҳӣ ба ҳама гуна қарздорон таътил эълон кунанд. Танзими нарх дар бозори ғизо ва дорухонаҳо таҳти назорати шадид қарор гирад.

Гирифтани маблағи иҷора аз соҳибкорон, оилаҳои иҷоранишин ва донишҷӯён манъ гардад. Дар ин давра иҷоранишинро аз манзил рондан ҷавобгарии ҳуқуқӣ дошта бошад. Иҷоранишини иҷборан рондашуда ҳамчун ҷабрдида тавонад, ки аз иҷорадеҳ ҷуброни молӣ ва маънавӣ ситонад.

Музди кори табибон баланд ва барои онҳо ҷоизаҳо таъсис дода шавад. Табибон дар ин давра аз надоштани либоси ҳифозаткунанда, ниқоб, ғизо, маблағ ва дигар маводи зарурӣ набояд мушкил дошта бошанд, балки ҳукумат имтиёзҳои бештареро барояшон фароҳам оварад.

Беморхонаҳои хусусӣ низ аз андоз ва пардохти иҷора озод гардида, хизматрасонӣ ва ташхиси тиббӣ дар ин давра ройгон гардад.

Кумакҳои молие, ки Тоҷикистон аз ҷомеаи байналмиллалӣ гирифтааст, ба таври шаффоф харҷ гардад. Дар ҳоли мушоҳида гардидани фасод имкон ва эҳтимол дорад, ки бо фишори ҷомеаи маданӣ баргардонидани ёриҳо аз ҷониби кумакдиҳанда дархост гардад ва ин вазъият барои Тоҷикистон таҷрибаи нав ва нангине хоҳад буд.

Мақомоти зидди фасод (коррупсия) дар ин самт бар асоси виҷдон ва ҷасорат фаъолият кунанд.

Ҳукумат ба ширкатҳои мобилӣ имконият фароҳам оварад, то нархи иртиботи мобилӣ, бахусус Интенетро арзон намоянд.

Интернет дар ин давра басо муҳим аст, чун фаъолият ва омӯзиш фосилавӣ сурат мегирад. Барномаи давлатие дар мавзӯи рушди ҳукумати электронӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2012 рӯи даст гирифта буд, баъд аз 8 сол маҳз дар ин давра натиҷааш бештар маълум мешавад.

Дастрасӣ ба иттилоот фаврӣ ва осон гардад. Вазорати тандурустӣ иттилоотро пинҳон накунад, бо рӯзноманигорон ва блогнигорон ҳамкории беҳтареро ба роҳ монад. Барои таҳияи барномаҳои хуби радиоӣ, телевизионӣ ва синамоӣ дар мавзӯи беҳдошт музд, мукофот ва имконият таъмин гардад.

Умед дорам, дар ҳукумат гӯшҳои шунавое ҳаст, ки аз вазъи пуразоб огоҳанд ва дархости шаҳрвандон барояшон арзиш дорад.

Дар роҳи мубориза бо COVID-19 пирӯзӣ мехоҳам!

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG