Пайвандҳои дастрасӣ

Шифохонаҳои Душанбе. Гирифторони СОVID-19 чӣ гуна ба он ҷо роҳ меёбанд?


Шифохонаи "Истиқлол" дар Душанбе

Бархе аз гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон мегӯянд, бистарӣ кардани маризон дар шифохонаҳо торафт доғ мешавад. Ба гуфтаи онҳо, муассисаҳои беҳдоштӣ бо сабаби нокофӣ будани ҷой ва густариши коронавирус, танҳо беморони вазъашон миёнаи сангин ва сангинро қабул мекунанд.

Ду беморхона дар шаш рӯз

Бурҳониддини 45-сола (бо дархости мусоҳиби Радиои Озодӣ номаш иваз шудааст) ҳамроҳи модари ҳафтодсолааш аз охири моҳи апрел нишонаҳои коронавирусро дорад. Баъди шаш рӯзи муолиҷа дар хона як шаб ҳолаш бад шуд.

Мегӯяд, нафаскашиаш мушкил шуд ва мошини ёрии таъҷилиро даъват карданд. Табибон ин ду сокини шаҳри Душанберо субҳи 4-уми май ба бемористони Қарияи Боло бурданд. Баъди рентгени шуш, писарро бистарӣ карда, модарро барои идомаи табобат ба хона ҷавоб доданд.

Бурҳониддин дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯро дар як утоқ бо 6 нафари дигар, ки дар шуъбаи касалиҳои чашм дар Қарияи Боло махсус барои гирифторони COVID-19 омода шудааст, бистарӣ намуданд. Дар ошёнае, ки ӯ мехобид, ба гуфтааш, дар 11 утоқ тахминан 40 марду зани гирифтори вируси нав муолиҷа мешуд.

Барои аксар беморон, ба гуфтаи ӯ, аз рӯи як алгоритм ё дастурамал дору таъин мешавад, дору ва ғизои беморон пурра ба дӯши хешовандон аст. Дар давоми ду шабонарӯзе, ки Бурҳониддин дар Қарияи Боло буд, шоҳиди се ҳолати сангин шудани вазъи саломати беморон гардид ва, ба гуфтааш, онҳоро ба шӯъбаи эҳёгарӣ бурданду дигар намедонад ҳолашон чӣ шуд.

Маркази тиббии рақами як дар Душанбе
Маркази тиббии рақами як дар Душанбе

"Дар навбати мо 7-8 духтур ва корманди тиб тамоми ошёнаро нигоҳ мекарданд. Корашон сангин аст ва онҳо мардонавор вазифаи худро иҷро мекунанд. Вале бо сабаби зиёдии кор, баъди таъини дастури табобат омада, як-як ҳоли беморонро намепурсанд. Агар ҳоли бемор бад шуд, бояд худаш огоҳ кунад. Ростӣ, фазои равонӣ дар беморхона сахт аст ва дар утоқҳо зиёд будани беморони дараҷаи дардашон мухталиф ба рафти муолиҷа таъсир мерасонад", - нақл кард ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Ин мард мегӯяд, субҳи сеюм табаш баланду таппиши дилаш тез шуд ва ба бемористони "Истиқлол" барои идомаи муолиҷа гузашт. ​Ӯ мегӯяд, барои ба шифохонаи “Истиқлол” ҷойгир шудан баъзе аз дӯстонаш аз робитаҳои хусусӣ дар мақомоти беҳдоштии кишвар истифода кардаанд, вагарна ин беморхона ба қабули ӯ бо сабаби “набуди ҷой” аввал посухи рад дод.

Ин ҷо, мегӯяд ӯ, шароити утоқҳо бамаротиб беҳтар аст, табибон ду дафъа дар рӯз беморонро ҳолпурсӣ мекунанд, ҳарчанд ин ҷо ҳам камбуди мутахассиси тиб эҳсос мешавад ва духтурон гоҳе ба ҷои ҳамшираҳо сӯзандондоруву қатрачаконӣ мекунанд.

Бурҳониддин мегӯяд, баъди се шабонарӯз табобат дар ин беморхона бо дархости табибон ба хона баргашт. "Аз рӯзи аввали омаданам ба ман чанд бор гуфтанд, ки "фақат беморони вазнинро қабул мекунем" ва ё "Шумо чӣ гуна ба ин ҷо омадед?"

Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳаминро дарк кард, ки дар чунин фазои бӯҳронии беҳдоштӣ, имкони дар беморхона муолиҷа шудан як шонси нодир будааст. Ба қавли ӯ, муолиҷа дар ҳарду беморхона бепул буд ва рӯзи 8-уми май аз ҳисоби ёрии башарии Ҳинд барои идомаи муолиҷа ба Бурҳониддин ду навъи дору доданд.

Дар шаш рӯзи муолиҷааш дар беморхонаҳо, ба гуфтаи Бурҳониддин, аз ӯ санҷиши тести COVID-19 гирифта нашуд, вале ӯ дар муассисаи тиббии сеюм бо пули худ аз озмоиши томографияи компютериву хун гузашта, аз ин роҳ вуҷуди коронавирусро дар баданаш тасдиқ кард.

Дар ҳеҷ як беморхона, ба гуфтаи ӯ, табибон барояш нагуфтанд, ки “аз COVID-19 табобат мешавад”, вале бо ризоияти хомӯши табиб ва бемор ҳарду ҷониб медонистанд, ки сабаби бистарӣ шудани ӯ чӣ аст.

Алгоритми муайяни бистарӣ шудани беморон

Масъулони соҳаи тиб дар Тоҷикистон пинҳон намекунанд, ки афзоиши беморӣ онҳоро водор мекунад дар қабули беморон бартариро ба афроди ҳолаташон сангин бидиҳанд. Мақомот гуфтаанд, дар саросари Тоҷикистон 30 муассисаи тиббӣ бо 5284 кати хоб барои гирифторони COVID-19 бо 5390 табиб ва ходими тиббии сатҳи миёна фаъол ҳастанд.

Дар Душанбе сохтмони муассисаҳои тиббӣ барои муолиҷаи 3 ҳазор бемори дигар шурӯъ шудааст.

Ҳодисаҳои зиёди рад шудани қабули беморон дар беморхонаҳо нигарониҳоро дар заминаи бадтар шудани вазъи сиҳҳатии маризон дар хона ва ё эҳтимоли вуҷуди фасоду муомилаҳои ғайриқонунӣ дар амри дастрасӣ ба бистари беморӣ эҷод кардааст.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи бемористонҳои кишвар ба қабули маризон омода ҳастанд, вале, ба гуфтааш, танҳо "дар сурати ошкор шудани нишонаҳои рӯшани беморӣ, шахс дар бемористон бистарӣ карда мешавад".

Ин эълонро дар як бахши шифохонаи "Истиқлол" насб кардаанд
Ин эълонро дар як бахши шифохонаи "Истиқлол" насб кардаанд

Ба гуфтаи Камолзода, ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки мардум аз тарсу ҳарос барои бистарӣ шудан ба бемористонҳо муроҷиат мекунанд ва мехоҳанд зери назорати табибон бошанд, вале ба гуфтаи ӯ "барои бистарӣ кардан нишондод даркор аст. Ҳамин ҳарорати бадан, ки як бор аз 36,7 баланд шуд, ӯро бистарӣ кардан зарур нест. Бояд 2-3 рӯз назорат карда шавад, агар таб аз 38 нафаромад, нишонаҳои сулфазанӣ, нафастангӣ набошад, ӯро чӣ хел бистарӣ мекунанд?”

Камолзода илова кард, дар Вазорати тандурустӣ як барнома ё алгоритми муайян ва бистарӣ кардани беморон таҳия шудааст ва тибқи ҳамин барнома маризон қабул ва табобат мешаванд.

“То пур шудан қабул мекунем”

Фаррух Маҳмадзода, сардухтури Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони маъруф бо номи Якум Советский) мегӯяд, ҳоло ин шифохона имкони қабули беморро надорад. Ӯ рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар се рӯзи ахир дар ин бемористон 109 бемор қабул ва бистарӣ карда шудааст. Дар маҷмӯъ дар ин бемористон феълан 300 нафар муолиҷа мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, беморон тибқи як тартиби муайян ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи бемор қабул мешаванд. Маҳмадзода мегӯяд, “то пур шудан мо дина қабул кардем. Ҳамаи ин беморонро мошини Ёрии таъҷилӣ овардаааст, яъне ин мошин беморро тавассути шинос намеорад-ку".

Ин пизишки тоҷик мегӯяд, дар беморхонаи зери назорати ӯ беморон бо ташхиси илтиҳоби шуш ва вазъашон вазнину миёнаи вазнин бистарӣ мешаванд. "Ин ҷо мутахассисон рентгени бемор ва вазъашро мебинанд. Ин беморӣ нишонаҳои муайян дорад, ҳамин нишонаҳоро ба назар мегиранду бистарӣ мекунанд. Беморони сабук метавонанд дар хона табобат гиранд. Беморе, ки аз 60-сола боло набошад, метавонад ин бемориро сабук гузаронад".

Ба гуфтаи Фаррух Маҳмадзода, онҳо аз нигоҳи таъминот бо либоси ҳифозатӣ ва дигар маводи зарурӣ ягон мушкил надоранд. "Агар либоси яккарата бошад, сари вақт иваз мекунанд ва агар бисёркарата, безарар карда мепӯшанд”.

Маркази тиббии рақами як дар Душанбе
Маркази тиббии рақами як дар Душанбе

Фаррух Маҳмадзода гуфт, аз бемороне, ки нишонаҳои монанд ба COVID-19 доранд, тест гирифта мешавад. Ӯ нагуфт, ки дар як рӯз дар ин беморхона аз чанд нафар озмоиш ё тест гирифта мешавад, аммо гуфт, “аз ин лиҳоз беморхона мушкил надорад”. Ӯ афзуд, беморхона 14 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дорад, вале то ҳанӯз "ягон бемор ба дастгоҳи ИВЛ мӯҳтоҷ нашудааст”.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 13-уми май журналист Шаҳноз Комилзода дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: “Имрӯз язнаи нозанинам аз бемории Covid-19 дар бемористон ҷон бохт. Дар бемористони Якум Советский ИВЛ намеёбанд, ки бардошта, ба бемористони "Истиқлол" меоранд. Дар роҳ аз наздиконаш об мехоҳад, мегӯяд аз ташнагӣ мурдам, як кас як қатра об надод. Дар ин бемористон пас аз 2 соат ҷон медиҳад".

Феълан санҷидани дурустии ин иддао имкон надорад, мақомот ҳам то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Интихоби беморхона ба дӯши Ёрии таъҷилӣ

Вале рӯзи 12-уми май дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Абдураҳмон Баротов, пизишки бемористони “Истиқлол” гуфт, ки “дар ҳар як бахши эҳёгарӣ ва наҷот дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ё ИВЛ дорем”. Баротов мегӯяд, муқаррароти ба “Истиқлол” ҷой кардани беморонро хадамоти Ёрии таъҷилӣ ҳал мекунад.

“Онҳо худ медонанд, ки дар кадом бемористон ҷойи холӣ ҳаст ва беморро ба он ҷо мебаранд”, - гуфт ӯ ва афзуд, “мо ташхиси тест барои ошкор кардани коронавирусро ҳам мегузаронем. Агар зарур шуд, тестро аз санэпидемстансия оварда, ташхисро анҷом медиҳем. Дар ин бора маълумоти пурра надорам, ки аз куҷо меоранд, вале гоҳ-гоҳ мебиёранд ва мо ин ташхисро анҷом медиҳем”.

Ин дар ҳолест, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 12-уми май гуфт, мақомоти Тоҷикистон дар як шабонарӯз аз 200 то 250 ташхиси коронавирус мегиранд ва ин кам аст. Мутахассисон мегӯянд, рӯзе бояд на камтар аз 3-4 ҳазор ташхиси тестӣ гузаронида шавад, то ки мавридҳои гирифторӣ бештар ошкор ва аз густариши он ҷилавгирӣ карда шавад.

Беморхонаи амрози сироятии воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон ҳам рӯзе даҳҳо нафарро қабул мекунад ва, бино ба хабарҳои матбуоти мустақил, бархе мақомот ва наздиконашон ҳам дар ҳамин беморхона муолиҷа мешаванд. Пизишки ин беморхона Нурулло Исломов мегӯяд, рӯзе 30-40 бемори навро тавассути ёрии таъҷилӣ қабул карда, ҳамин миқдор беморон ба хона ҷавоб мешаванд ва аз ин хотир, ин беморхона ҳамеша пур аст.

Ӯ гуфт, ин муассиса ҳеҷ мушкили таъминотӣ надорад.

Ҳамсӯҳбатони дигари Радиои Озодӣ мегӯянд, воқеан ҳам шароити беморхонаҳо аз ҳам фарқ мекунанд ва бо ин ки дар Душанбе ҳам эҳтиёҷ ба беморхона зиёд аст, вазъ дар манотиқи дуртар аз пойтахт боз ҳам сангинтар арзёбӣ мешавад. Як бемор аз шифохонаи марказии ноҳияи Кушониён, ки нахост номаш нашр шавад, дар тамос бо Радиои Озодӣ аз набудани духтурони бемориҳои сироятӣ шикоят кард. Ин бемор, ки чор рӯзи ахир бо ташхиси ба гуфтаи духтурон илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст, мегӯяд, аз нафастангӣ ранҷ мекашад.

Ба гуфтаи ӯ бемористон ду пизишки бемориҳои сироятӣ дошт, ки яке ҳам бемор шудаву дар беморхона бистарӣ аст ва як табиб ҳоло наметавонад ба муоинаи беш аз 20 бемори дигар расидагӣ кунад. "Ҳамшираҳои шафқат ҳастанд, аммо духтур набошад, онҳо чӣ кор карда метавонанд. Чанд бор шуд дархост дорам, ки духтур омада бинанд, “нест” мегӯянд", - афзуд ӯ.

Мақомоти вилояти Хатлон ба дархости Радиои Озодӣ барои санҷидани дурустии ҳарфҳои ин бемор то замони нашри гузориш посух надоданд.

Дар Тоҷикистон, ки шумори расмии гирифторони COVID-19 аз 800 нафар гузаштааст, табибону кормандони тиб аз афроди гурӯҳи хатар ба ҳисоб мераванд ва то имрӯз фавти чандин нафари онҳо дар пайи иҷрои вазифаҳои касбиашон расонаӣ шудааст.

Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ баъди 12 рӯзи ошноӣ бо шароити беҳдоштии Тоҷикистон гуфтанд, ки вазъ дар ин кишвар ҳанӯз аз марҳилаи бӯҳронӣ нагузаштааст ва чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бояд давоми 12-18 ҳафта ё 3-4 моҳи дигар амалӣ шаванд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҷорӣ накардани карантин ва меъёрҳои фосилагирии иҷтимоӣ интиқод мешавад. Ҳукумат гуфтааст, чунин меъёрҳо бар зарари иқтисод аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (12)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG