Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни риштаи тибро ба муқобила бо коронавирус ҷалб кардаанд, вале дар ивази чӣ?


Бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Маъмурияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 60 дарсад аз хатмкунандагон ва донишҷӯёни соли панҷумро бо сабаби зиёд шудани беморон ва камбуди табибону парасторон барои кумак ба бемористонҳои пойтахт фиристодааст. Мақомот мегӯянд, ин кор ихтиёрист, вале бархе аз донишҷӯён гуфтанд, иқдоми иҷборист.

Шумори умумии беморони COVID-19 дар кишвар рӯзи 9-уми май ба 612 нафар ва фавтидагон ба 20 нафар баробар шуд.

Қаҳҳор Носирӣ, сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии тиббӣ, рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар донишҷӯе, ки барои кумак ба беморон ҷалб шудааст, бо хӯрок ва либоси муҳофизатӣ таъмин аст.

"40 дарсади боқимондаи курсҳои панҷ ва хатмкунандагон занони ҳомила ҳастанд ва ё кӯдак доранд ва ба гуруҳи осебпазир шомил мешаванд. Онҳоро ба кор ҷалб накардем. Шахсоне, ки дар беморхона кор мекунанд, бояд 14 рӯз аз онҷо набароянд. Баъд аз ин боз 14 рӯзи дигар хонашинӣ кунанд", - шарҳ дод ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз донишҷӯён шикоят карданд, ки маъмурият онҳоро иҷборан ба бемористонҳо мефиристад. Яке аз онҳо бе зикри номаш гуфт: "Онҳое, ки ба қавли муаллимон натавонистанд имтиҳонҳоро супоранд, 14 рӯз дар беморхонаҳо кумак мекунанд. Дар ин сурат имкони дубора супоридани имтиҳонро пайдо хоҳанд кард."

Ба қавли ӯ, "донишҷӯёне, ки барои кумак ба беморон ҷалб шуданд, ду рӯзи аввал барои мардум ниқоб тақсим карданд. Гӯё ҳудуди 200 нафар аз имтиҳонҳо баҳои ду гирифтанд ва онҳоро номнавис карда, аз 8-уми май ба бемористонҳо фиристоданд".

Қаҳҳор Носирӣ ин иддаоро рад кард ва гуфт, касеро маҷбурӣ ба ин кор ҷалб накардаанд, чун ба гуфтаи ӯ, донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ ё пизишки оянда наметавонад иҷборан ба табобати бемор машғул бошад.

"Ин плани пахта нест, ки донишҷӯро маҷбур кунед, ки равад. Аммо ҳамаи омӯзгоронро маҷбур кардем ба бемористонҳо рафта, ба табибону беморон кумак расонанд, чун вазифадор ҳастанд. Раҳбарияти донишгоҳ ба тамоми донишҷӯёне, ки дар ин шабу рӯз кумаки худро мерасонанд, имконият медиҳад баҳои имтиҳони онҳо аз рӯи рейнтиги давраи қаблӣ гузошта шавад", - афзуд ӯ.

Давлат, донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ, мегӯяд, саффи онҳое, ки мехоҳанд ба беморон кумак расонанд, низ кам нестанд, "вале донишҷӯён бояд бо либоси тиббӣ таъмин бошанд. Дар Русия донишҷӯёнро барои кумак ҷалб карданд, ба онҳо маоши баланд ва либосу лавозимоти тиббӣ доданд."

Аммо он чи боис ба нигаронии донишҷӯён ва хатмкунандагони риштаи тиб дар кишвар шудааст, ҷалби, ба гуфтаи онҳо, беҳуда барои "корҳои фаҳмондадиҳӣ" аст, ки аз субҳ то шом хона ба хона мегарданд ва бо сокинон мулоқот мекунанд.

Масъулини тоҷик мегӯянд, азбаски хатмкунандагон наметавонад дар соли аввал ба ҳайси табиб мустақилона кор кунанд, аз ин хотир онҳо дар ин шароит танҳо ба ҳайси кумакрасон ва корманди миёнаи тиб фаъолият карда метавонанд.

Дилафруз Муродова, пизишки тоҷик, гуфт, дар шароити феълӣ будани хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ бисёр муҳим аст. Ҳарчанд ӯ таъкид мекунад, ки тавони онҳо бидуни маош ва кумаки давлат барои хариди лавозимоти тиббӣ намерасад.

"Имкон бошад, як бор омада бо чашми хуб бубинанд. Оддитарин кор гузаронидани сӯзандору аст, ки ҳамшираҳои шафқат фурсат намеёбанд. Хатмкунандаҳо метавонанд ақалан дар ин кор ба мо кумак кунанд. Ё фишори беморонро санҷанд", - афзуд ӯ.

Ҳамасола донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ҳудуди ҳазор нафар аз рӯи панҷ ихтисос хатм мекунанд. Вале бархе аз онҳо дар ҷустуҷӯйи маоши муносиб кишварро тарк мекунанд ё ба шуғли дигар мегузаранд. Онҳо сабаби чунин тасмимро бештар ба кам убдани мизони маош рабт медиҳанд.

Чанд рӯз пеш президенти Тоҷикистон фармон дод, ки маоши пизишкони машғули табобати беморони COVID-19 ду маротиба бештар карда шавад. Дар ин сурат низ маоши онҳо ҳудуди 200 доллари амрикоӣ мешавад. Дар Узбекистони ҳамсоя феълан пизишкон то 2500 доллар маош дарёфт мекунанд ва бо назардошти буҳрони коронавирус аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор мебошанд.

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Маскав, мегӯяд ҷалби донишҷӯёни риштаи тиб барои кумак ба беморон ва шифохонаҳо таҷрибаи нав нест ва дар аксар кишварҳо, аз ҷумла Русия санҷида шудааст. Ӯ ба ин бовар аст, ки сафарбар шудани донишҷӯён, аз ҷумла хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббӣ имтиёзи хубе барои таҷрибаомӯзӣ ва ташаккули масъулиятшиносии донишҷӯён хоҳад буд.

"Донишҷӯёни соҳаи тиб "афсари эҳтиётӣ" нестанд, онҳо бояд худашон ҳамчун афсарони бо ҷасорат талоши ба майдон ворид шуданро дошта бошанд. Асоси донишҳои тиббии имрӯзаи ман, ҳамон таҷрибаест, ки дар солҳои донишҷӯӣ ба ҳайси санитар ва фелдшер омӯхта будам", - гуфт ӯ.

Аммо, ба гуфтаи пизишки тоҷики муқими Маскав, бояд меҳнати донишҷӯён арзиши моливу пулӣ дошта бошад: "Патриотизм хуб аст, аммо қадршиносӣ кардан ва ҳаққи меҳнатро пардохтан шарти қонунӣ бояд бошад."

Мақомот мегӯянд дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои тиббии кишвар беш аз 18 ҳазор табиб ва 46 ҳазор корманди миёни тиб фаъолият доранд, вале иқрор мекунанд ки дар Тоҷикистон камбуди кадрҳои тиббӣ аз масъалаҳои доғ дониста мешавад. Ба асоси омори мақомот ҳоло Тоҷикистон ба беш аз 5 ҳазор пизишк ва бештар аз 3 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ ниёз доштааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG