Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири нави тандурустӣ гуфт, барои таҳлили вазъи муқобила бо коронавирус ба вақт зарурат дорад.САДО


Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси бузургтарин бемористони муосири Тоҷикистон буд

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки чанд рӯз пеш ба ин мақом таъйин шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи муқобила бо COVID-19-ро таҳлил мекунад ва баъдан натиҷаҳоро хоҳад гуфт. Ҷамолиддин Абдуллозода, рӯзи 5 май ба ҷойи Насим Олимзода вазири тандурустӣ таъйин шуд. Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми май бо ӯ сӯҳбат дошт.

Радиои Озодӣ: Рӯзи аввали кориатон шумо ба ҳамкорони мо гуфтед, ки ҳоло барои сӯҳбат кардан барвақт аст. Инак се рӯз гузашт, дидгоҳи шумо ба кор дар мақоми нав чист ва корро аз чӣ шурӯъ мекунед?

Ҷамолиддин Абдуллозода: "Ҳар чиз вақту соат дорад, барои хулоса баровардан. Дар як рӯзу ду рӯз хулосаи аниқ бароварда намешавад. Бубинем, системаи ҷорикардаи мо чӣ хел буд. Нишондодҳоро мебинем. Баъд дар ин бора сӯҳбат мекунем."

Вазири нав гуфт, барои таҳлили вазъи коронавирус ба вақт зарурат дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: Ҳоло танқиди ҷиддӣ ва аз шумо ҳам дар ин мақом хостҳо инаст, ки шаффофтар кор кунед, бо ҷомеа бештар наздик бошед.

Ҷамолиддин Абдуллозода: Албатта, албатта.

Радиои Озодӣ: Чораҳое, ки мегӯед, стратегия аз чӣ иборат аст. Як-ду тадбиреро, ки гирифтаед, бигӯед, аз чӣ иборат аст?

Ҷамолиддин Абдуллозода: "Ман ҳоло инро гуфтанӣ нестам. Вақте ки як хулоса баровардам, баъд гап мезанам. Барои таҳлили ин вақт даркор аст."

Радиои Озодӣ: Аммо чаро шумо ё аъзои ситод (-и зидди коронавирус) дар пеши телевизион ва мардум ҳозир шуда дар бораи тадбирҳое, ки меандешед, гузориш намедиҳед?

Ҷамолиддин Абдуллозода: "Ҳама чиз ҳаст, ҳамарӯза наворҳо дар телевизион ҳаст, мардум огаҳ ҳаст, тамоми марказҳои саломатӣ имрӯз вазифадор ҳастанд. Шабонарӯзӣ кор мекунанд. Як мақсад ҳаст, ки ҳамин ваборо дар ҳамин кишвар пушти сар кардан. Боварӣ дорам, самте, ки мо имрӯз шурӯъ кардем, тамоми табибони мо, тамоми сохторҳои мо, ки кор карда истодаанд, фикр мекунам, нишондоди хубе ҳам медиҳанд."

Радиои Озодӣ: Аммо як ҳолати нобоварӣ ба ҳукумат эҷод шудааст, ба коре, ки мақомот дар ҳамин росто мекунанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода: "Ҳама таҳти назорат аст. Оиди нишондодҳо баъди таҳлил кардани вазъ, ҷиддитар, дурусттар хабар медиҳем. Ҳоло бахшиши зиёд, ман аз паи кор мешавам."

Радиои Озодӣ: Кай барои мардум ва журналистон пресс-конференсия медиҳед?

Ҷамолиддин Абдуллозода: "Баъдтар дар ин бора гап мезанем."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5 май бо фармони дигаре профессор Ҷамолиддин Абдуллозодаро вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин кард. Ӯ ба ҷойи Насим Олимзода ба ин мақом расид, ки се сол вазири тандурустӣ буд.

Ҳарчанд дар фармон гуфта шудааст, ки сабаби озод кардани ӯ ба мансаби дигар гузаштанаш аст, вале фаъолияти Вазорати тандурустиро барои таъхир дар эътирофи мавҷудияти коронавирус ва "амалкардҳои суст" дар муқобила бо бемории СОVID-19 сахт танқид кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (39)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG