Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи обуначиёни канали Озодӣ дар Ютуб аз 1 миллион нафар гузашт


Рӯзи 12-уми апрел теъдоди корбарони доимии канали Радиои Озодӣ ба 1 миллион нафар расид. Канали Озодивидео, ки умдатан видеоҳои бахши тоҷикии Радиои Озодиро нашр мекунад, аввалин канал ба забони тоҷикӣ аст, ки теъдоди обунашудагон ба он бештар аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад.

https://www.youtube.com/user/Ozodivideo/

Канали мазкур моҳи марти соли 2011 боз шуд ва дар муддати 9 сол видеоҳои онро тақрибан 600 миллион бор тамошо кардаанд. Бинандагони зиёде аз канали Радиои Озодӣ дар Ютуб аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохили кишвар ҳастанд.

Дар канал видеоҳое нашр шудаанд, ки бинандагон онҳоро дар муддати кӯтоҳе миллион маротиба тамошо кардаанд. Яке аз барномаҳои пурбинандаи канал барномаи “Ахбори Тоҷикистон” аст, ки онро дар муддати 24 соат то 400 ҳазор маротиба ҳам тамошо кардаанд.

XS
SM
MD
LG