Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳволи зани дар марз тирхӯрдаи тоҷик беҳтар шудааст


Марзи Тоҷикистон Қирғизистон борҳо шоҳиди муноқишаву хунрезӣ шудааст.
Марзи Тоҷикистон Қирғизистон борҳо шоҳиди муноқишаву хунрезӣ шудааст.

Вазъи саломатии Шукрона Шарофова, сокини 25-солаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, пас аз панҷи рӯзи захмӣ шудан дар марз беҳбуд ёфтааст, аммо наздиконаш аз он нигаронанд, ки ҳанӯз гумонбарро дастгир накардаанд.

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27-уми май гуфтанд, ки Шукрона Шарофоваро як шаҳрванди Қирғизистон бо зарби тири туфанг захмӣ кардааст. Мақомоти Қирғизистон дар ин замина чизе нагуфтанд.

Фахриддин Тоҷиев, раиси маҳаллаи Какир дар ҷамоати Чоркӯҳ мегӯяд, бо Шукрона ва модараш суҳбат кардааст. “Шукрона дар дохили утоқ бо эҳтиёт қадам мезад ва мегуфт, саломатиаш муътадил аст”, - афзуд ӯ.

Шукрона Шарофова соҳиби ду фарзанд аст ва шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад. Фахриддин Тоҷиев мегӯяд, баъди ҳодиса намояндагони додситонӣ, идораи умури дохилӣ ва мақомоти марзбонӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, қазияи захмӣ шудани Шукрона Шарофоваро баррасӣ карданд.

“Оё шахсе, ки ба сӯи ин зан тир холӣ кард ва сокинон бо чашми худ диданд, боздошт мешавад ё не? Чаро ӯ маҳз занро ҳадаф қарор дод, дар ҳоле ки дар онҷо мардҳо низ истода буданд? Мардум дар суҳбат бо намояндагони мақомот ҷавоби ин суолҳоро пурсида ва хостаанд, ки гумонбар дастгир шавад. То ҳанӯз ҳеч посухе нест”, - афзуд ӯ.

"Модар чӣ гуноҳ дошт?"

Пештар Сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ба тарафи Шукрона Шарофова сокини ҷамоати Оқсойи Қирғизистон Соатбек Бахтибоев тир кушода, “ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.” Соатбек Бахтибоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттиҳоми ҷониби Тоҷикистонро рад кардааст. Вай гуфтааст, то нимирӯзии 27-уми май дар хонаи ҷияанаш, начандон дуртар аз ҷойи ҳодиса буд, вале афзудааст, ягон силоҳ надорад ва ба даст силоҳ ҳам нагирифтааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, нафаре, ки ба Шукрона Шарофова тир задааст, аз хешовандони сокини Куктош аст, ки дар муноқишаи рӯзи 8-уми май захмӣ шуда буд. Басирхон Зарифов, имомхатиби маҳаллаи Какири ҷамоати Чоркӯҳ мегӯяд, гумонбарро хуб мешиносанд ва бинобар ин аз мақомот мехоҳанд, ӯро дастгир кунанд. “Мардум аз он хашмгин аст, ки чаро ба як зани бегуноҳ, ки ба нигоҳубини фарзандонаш машғул аст ва барои таъмини онҳо ба сари замин омадааст, тир задааст. Шавҳараш дар Русия дар карантин аст”, - мегӯяд ӯ.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Дар тақрибан як моҳи ахир марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди дастикам се муноқиша шудааст ва дар ин ҳодисаҳо аз ду тараф ба иттилои расмӣ ҳашт кас захмӣ шудаанд. Мақомоти ҳарду тараф якдигарро ба сар задани муноқишаҳо айбдор мекунанд.

Охири ҳафта вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш омодааст, барои ҳалли баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон миёнравӣ кунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29-уми май бо ирсоли ёддошти ээътирозӣ ё нота ба Русия гуфт, ҳалли баҳсҳои марзӣ кори дохилии ду кишвар аст ва ниёзе ба ҷалби тарафи севум нест.

XS
SM
MD
LG