Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Сарбози тоҷик захмӣ шуд


Рӯзи 8-уми май низ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, аз ду тараф захмӣ ба ҷой гузошт
Рӯзи 8-уми май низ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, аз ду тараф захмӣ ба ҷой гузошт

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, як сарбози қаторӣ захмӣ шудааст. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, аз тарафи онҳо касе осеб надид.

Ҳодиса рӯзи якшанбе дар байни ҷамоати Ворух ва ноҳияи Бодканд рух додааст.

Маркази матбуоти нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти расмӣ гуфт, муноқиша баъди он сар зад, ки “чӯпонҳои қирғиз соати 10:30-и 24-уми май дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзӣ даст заданд.”

Ба иттилои манбаъ, сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя аз чӯпонҳо хостаанд, то ҳудуди деҳаро тарк кунанд. “Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳсӣ мушаххас мекунад, ба маҳалли ҳодиса нирӯҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд”, - гуфта шудааст дар изҳороти Маркази матбуоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба расонаҳои он кишвар гуфтааст, аввал афроди номаълум аз ҳудуди Тоҷикистон ба сӯи марзбонҳои Қирғизистон тир кушодаанд: “Дертар, соати 11:40 байни сарҳадбонҳои Қирғизистону Тоҷикистон тирпаронӣ сурат гирифт. Аз тарафи Қирғизистон касе осеб надид.”

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар муноқиша сарбози қаторӣ Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захм бардоштааст. Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон инро “амали иғвоангезона” номида, “нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хатти сарҳади давлатӣ” арзёбӣ намудааст.

Мақомот гуфтанд, чунин бархӯрд метавонад “вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадии Тоҷикистон дар ин минтақаи ҳассос барангезад”.

Ҳарду тараф эълон карданд, ки намояндагони идораҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карда, сабабҳои сар задани ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар тақрибан ду ҳафтаи охир бори дувум аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сурат мегирад. Дар муноқишаи рӯзи 8-уми май, ба гуфтаи мақомот, ду шаҳрванди Тоҷикистон, се сарбоз ва як сокини оддии Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба барангехтани муноқишаи мусаллаҳона муттаҳам карданд.

Вазоратҳои умури хориҷии ҳарду кишвар рӯзи 9-уми май яке паси дигар бо нашри баёнияи расмӣ гуфтанд, ки сафирони ҳамдигарро ба вазорат хонда ва нотаи эътирозӣ супурдаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Муноқишаи имсол дар замоне сурат мегирад, ки ду кишвар барои муқобила бо густариши бемории СОVID-19 даступо мезананд. Дар Қирғизистон беш аз 1400 нафар ва дар Тоҷикистон беш аз 2700 нафар ба бемории нав гирифторанд.​

XS
SM
MD
LG