Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳангоми кӯшиши парвоз ба Алмаато дар дохили ҳавопаймо боздошт шуд.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳангоми кӯшиши парвоз ба Алмаатои Қазоқистон дар дохили ҳавопаймо боздошт шуд. Ин хабарро ба радиои Озодӣ Муҳамадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ тасдиқ кард. Вай гуфт, Саидумар Ҳусайнӣ соати 11 рӯз, ҳангоме, ки мехост ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон парвоз кунад, дар дохили ҳавопаймо аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт шуд.

Ӯ гуфт, ҳоло Саидумар Ҳусайнӣ дар боздошт қарор дорад ва то кунун шарҳ дода намешавад, ки чаро ӯ боздошт шудааст. Ҳайит гуфт: "Бояд Саидумар Ҳусайнӣ барои як ҳафта Қазоқистон рафта, пас мегашт, аммо ӯро аз дохили ҳавопаймо қабл аз парвоз боздошт кардаанд".

Зарафо Раҳмонӣ, узви раёсати ҲНИТ мегӯяд, оқои Ҳусайнӣ бо ҳадафи анҷоми як сафари корӣ озими Алмаато буд. Ба гуфтаи хонум Раҳмонӣ, раҳбарияти ҲНИТ қазияи боздошти Сайидумар Ҳусайниро баррасӣ дорад ва ояндаи наздик тасиме хоҳанд гирифт.

Дар ҳоле, ки сабаби боздошти Ҳусайнӣ маълум нест, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо хатари манъшавӣ рӯбарӯ шудааст. Вазорати адлияи кишвар дар охири моҳи август аз ҳизб талаб кард, ки баста шавад ва далелаш ҳам ин будааст, ки, ба иддаои мақомот, беш аз 50 бахшу намояндагиҳои ҳизб дар манотиқи кишвар фаъолияти худро расман қатъ кардаанд. Вале бо ин вуҷуд, раҳбарони ҳизб ин талабро хилоф бо қонун арзёбӣ карда гуфтанд, ки анҷумани ҳизбии худро дар мӯҳлати муқарраршуда, яъне 15 сентябр бо ҳадафи интихоби раҳбарияти нави ҳизбӣ барпо хоҳанд кард. Бо шурӯи амалиёти нирӯҳои интизомӣ алайҳи генерал Назарзода, ки дар кӯшиши баҳам задани вазъи амниятии кишвар муттаҳам мешавад, раҳбарони ҳизб тасмим гирифтанд, ки анҷуманро дар таърихи дигар баргузор кунанд.

Дар мусоҳибаи ихтисосии худ бо радиои Озодӣ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ аз хориҷа гуфт, ки ҳукумат тарҳи бастани ин ҳизбро аз пеш кашида буд ва ҳоло мувофиқи нақшаҳои худ амал мекунад. Кабирӣ бори дигар ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард, ки даст аз таъқиби ҳизб ва аъзоёнаш бардошта, бигузоранд, мувофиқи қонун ин ташаккули сиёсӣ фаъолияти худро идома диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG