Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ анҷуманашро мавқуф гузошт


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи анҷумани навбатии ҳисоботӣ ва интихоботияшро, ки дар он эҳтимоли тағйироти кадрӣ, аз ҷумла табдили раҳбарияташ пешбинӣ мешуд, ба вақти дигар гузоштааст. Қаблан раёсати олии ин ҳизб гуфта буд, ки ин анҷумани “тақдирсоз” 15 сентябр баргузор хоҳад шуд. Ҳоло маълум нест, ин анҷуман кай доир мегардад.

Фақат Раёсати олии ҲНИТ гуфтааст, “вобаста ба ҳаводиси ахиран дар кишвар рухдода, инчунин, таҳдиду фишорҳои рӯзафзун болои бахшу шӯъбаҳои ҲНИТ дар маҳалҳо ва инчунин бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баста шудани қароргоҳии марказии ҳизб баргузории анҷумани навбатӣ ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.” Дар баробари ин ваколат ва салоҳияти Раёсати олӣ, роҳбарият ва раиси Комиссияи тафтишотӣ, салоҳияти бахшу шуъбаҳои ҳизбӣ то баргузории анҷумани оянда дароз карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати адлия бо номаи расмӣ фаъолияти ҲНИТ-ро ғайриқонунӣ хонда, аз раҳбарияти он хоста буд, ба корашон хотима бахшанд. Вазорат иддао дорад, ки дар 58 шаҳру навоҳии кишвар созмонҳои ибтидоии ҲНИТ барҳам хӯрдаанд ва ин ҳизб дигар ҳаққи ҷумҳуриявӣ будану баргузории анҷуманро надорад. Иддаое, ки маъсулони ҲНИТ борҳо рад карда ва онро идомаи фишори мақомот болои аъзои онҳо донистаанд.

XS
SM
MD
LG