Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани мушкили ҲНИТ. Кабирӣ меравад, ё мемонад?


Муҳиддин Кабирӣ лаҳзаҳое баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии моҳи марти 2015

Муҳиддин Кабирӣ лаҳзаҳое баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии моҳи марти 2015

​Давраи дувуми раёсати Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ба поён мерасад. Аз ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оё раёсати Кабирӣ тамдид хоҳад шуд, ё каси дигар ӯро иваз мекунад?

Ҳарчанд бар асоси оинномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чанд давра раҳбар будани як нафар муқаррар нашудааст, аммо ҳар чор сол раёсати олии ин ҳизб масъалаи масъалаи тағйири раисро дар миён мегузорад. Аз ин нигоҳ, чорсолаи дувуми раисии Муҳиддин Кабирӣ дар ҲНИТ ба поёнаш наздик аст ва аз ҳоло дар маҳофили сиёсӣ ин суол аз даҳон ба даҳон мегардад, ки бо мондани оқои Кабирӣ тақдири ҳизбаш чӣ хоҳад шуду бо рафтанаш чӣ?

Манобеи наздик ба ҲНИТ мегӯянд, ки интизор меравад, анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии ин ҳизб моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор шавад. Вале раҳбарияти ҳизб ҳанӯз расман дар ин бора ҳарфе намегӯянд ва ҳамаи борро ба дӯши аъзои раёсати олии ҲНИТ мегузоранд, ки ба қавли онҳо дар аввали нимаи дувум ё охири моҳи август сари миз хоҳанд нишаст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули ҲНИТ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "бале, имсол соли анҷуман аст. Аммо замони баргузории ин анҷуман ва мавзӯъҳои матрӯҳа дар он ниҳоӣ нашудааст ва онро танҳо раёсати олӣ ҳал хоҳад кард."

Ин анҷуман дар ҳоле баргузор мешавад, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба қавли масъулонаш, рӯзҳои сахтро паси сар мекунад ва шаш моҳ пеш аз ду курсияш дар парлумон маҳрум шуда буд. Раиси кунунияш Муҳиддин Кабирӣ низ ҳудуди ним сол боз дар хориҷа ба сар мебарад. Худи Муҳиддин Кабирӣ ба суоли хаттии мо дар бораи иштирок дар анҷумани ҳизбаш гуфт, "ҳанӯз дар ин бора ҳарф задан барвақт аст."

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар нишасти пеш аз анҷумани раёсати олии ҲНИТ номзадии Муҳаммадҷони Нурӣ -- писари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари собиқи ин ҳизб матраҳ хоҳад шуд. Нурии хурдӣ узви раёсати олии Ҳизби наҳзат ва дар гузашта раҳбари дафтари он дар Душанбе буд. Ҳоло ӯ дар Маскав қарор дорад.

Аммо як нафари наздик ба ӯ мегӯяд, номзадии Муҳаммадҷони Нурӣ ба раҳбарии ҲНИТ чанд моҳ боз дар ҳоли баррасист. "Мо бо чанде аз чеҳраҳои матраҳи Тоҷикистон, ҳам аз тарафи мухолифон, ҳам аз тарафи ҳукумат ва ҳам бетарафҳо сӯҳбат кардем. Бисёриҳо аз номзадии ӯ ҳимоят карданд, вале онҳое низ буданд, ки мухолифи омадани Нурии хурдӣ ба сари наҳзат ҳастанд," -- афзуд нафари наздик ба писари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари сиёсӣ, дар ҳоли ҳозир се фарзияи раҳбарӣ дар ҲНИТ-ро пешбинӣ мекунад. Ӯ гуфт, "чӣ гуна ранг гирифтани кор аслан аз ҷараёнҳои дохилии ҳизб вобаста аст, ки ба мо маълум нест. Вале мо фақат фарзияҳои худро мегӯем, ки аввалаш Муҳиддин Кабирӣ мемонад ва он ҳам ба ин далел ки ҳизб дар марҳилаи ногувор қарор дорад. Фарзияи дувум омадани писари Сайид Абдуллоҳи Нурист. Як хубии писари домулло Нурӣ он аст, ки шояд шахсияташ ба ҳукумат мақбултар бошад. Фарзияи севумро низ набояд истисно донист ва он ин аст, ки эҳтимол ҳизб ба фраксияҳо ҷудо шавад."

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳарчанд дар ин бора изҳори назар намекунанд, аммо матбуоти давлатӣ ҳафтаҳои охир ба нашри номаҳои бархе аз сокинони навоҳии кишвар барои бастани ҲНИТ шурӯъ кардаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ин баёнгари он аст, ки ҳанӯз мавзӯи бастани ҲНИТ хомӯш нашудааст. Дар гузашта матбуоти давлатӣ бештар аз ҷинояткории бархе аз аъзои Ҳизби наҳзат сӯҳбат мекарданд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо 45 ҳазор узваш аз аҳзоби умдаи мухолиф ба ҳисоб мерафт. Ин ҳизб дар интихоботи моҳи марти парлумонӣ аз ду курсияш маҳрум шуд ва мақомот гуфтанд, ки ҲНИТ нуфузашро аз даст додааст ва видеои зиёди сокинон ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, ки мегуфтанд, баъди ин аз узвият дар ҲНИТ даст кашидаанд. Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, даҳҳо аризаи узви Ҳизби наҳзатро тариқи почта дарёфт кардааст, ки бо хоҳиши худ аз ин ҳизб рафта, ташкилоти ибтидоияш дар баъзе аз маҳалҳоро барҳам додаанд. Аммо масъулни ҲНИТ мегӯянд, ки ин аризаҳо таҳти фишори мақомот навишта шудааст ва аз эътибор соқит дониста мешавад.

Ҳоло раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа ба сар мебарад ва дар ҷаласаҳои ҳизбаш маҷозӣ, яъне тариқи интернет иштирок мекунад. Ӯ моҳи март аз Тоҷикистон берун рафта, гуфта буд, ки баъд аз як муддати табобат ва иштирок дар ҳамоишҳо дубора ба Ватан бармегардад. Вале баъдан Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ӯ хост, муваққатан ба Тоҷикистон наояд, чун ба иддаои онҳо эҳтимол ҷисман аз байн бурдани ӯ вуҷуд дорад. Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2006, пас аз даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбарии ҲНИТ-ро бар дӯш дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG