Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаласаи нахустини Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Туркия


Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, аз 5 то 10 августи соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар шаҳри Истамбул ва бо даъвати Муҳиддин Кабирӣ баргузор шудааст, ки тақрибан ним сол боз дар хориҷа ба сар мебарад. Ба қавли онҳо, дар ин ҷаласа "сиёсати мақомоти давлатӣ нисбат ба ҲНИТ, роҳҳои пешгирӣ аз фишору маҳдудиятҳо ва ислоҳоти эҳтимолии кадрӣ ва рӯзи баргузории анҷумани ҳизб" баррасӣ шудааст. Ин бори аввал аст, ки ҲНИТ ҷаласаи Шӯрои сиёсии худро дар хориҷ аз Тоҷикистон баргузор мекунад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ба аъзои Шӯрои сиёсии ҳизбаш гуфтааст, ки "омодагӣ ба баргузории анҷуманро шурӯъ карда, машваратҳо ва иртиботҳо байни роҳбарият ва масьулин дар бораи ислоҳот идома дода шавад". Интизор меравад, анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии ҲНИТ моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG