Пайвандҳои дастрасӣ

Фирор ё муҳоҷират? Аъзои ҲНИТ аз Тоҷикистон мераванд


Ҳамоиши таҷлили 40-солагии Ҳизби наҳзат дар Душанбе

Ҳамоиши таҷлили 40-солагии Ҳизби наҳзат дар Душанбе

Дар ду моҳи ахир аз 500 то 1000 тарафдори Ҳизби наҳзати исломӣ аз Тоҷикистон берун шуданд. Коршиносон мегӯянд, эҳтимол ин ҳизб ситодашро ба хориҷ кӯч медиҳад.

Рафтани теъдоде аз аъзои Ҳизби наҳзати ислом аз Тоҷикистонро бархе фирор, аммо масъулини ҳизб “ҳиҷрати муваққатӣ” унвон кардаанд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзат, ки баъди интихоботи порлумонии моҳи марти имсол бо ҳадафи иштирок дар нишастҳои байналмилалӣ аз кишвар берун шуд, дигар барнагашт. Ҳоло “ҳиҷрат”-и намояндагони дигари ин ҳизб ба хориҷ мушоҳида мешавад. Масъулони ин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки воқеан, моҳҳои ахир аз Тоҷикистон берун рафтани аъзои ҳизб афзоиш ёфтааст, аммо теъдоди дақиқи онҳо маълум нест. Тахмин мешавад, ки дар ду моҳи ахир аз 500 то 1000 “наҳзатӣ” ба қасди ҳиҷрат ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия аз кишвар берун шуданд.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 20-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари аъзои ҳизб зери фишор шуғлашонро аз даст додаанд ва аз хавфи фишори бештар Тоҷикистонро тарк карданд. Аммо Ҳусайнӣ гуфт, онҳо талош доранд, то ҷилави рафтани аъзои ҳизбро бигиранд.

“Бисёр мехоҳем, ки аъзои мо дар ҳамин ҷо бошанд. Зеро бинобар фаъол шудани гурӯҳҳои тундгаро дар Русия ва дигар кишварҳо мо хавф дорем, ки аъзоёни мо он ҷо бираванд ва дар васвасаи кадом гурӯҳҳое биафтанду онҳо хушбоварӣ карда, ба ин гурӯҳҳо бипайванданд. Сиёсати сабру таҳаммули моро гурӯҳҳои тундгаро зери танқид қарор доранд ва ин хатар ҳаст, ки онҳо бо истифода аз ин аъзои ҳизби моро дилсард карда, ба худ ҷалб кунанд ва моро бадном созанд. Аммо мо наметавонем пеши роҳи ҳама аъзои ҳизбро бигирем ва танҳо ба фаъолони ҳизб таъкид мекунем, бимонанд”- гуфт Саидумар Ҳусайнӣ.

Сар аз соли 2010 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишори афзоянда бар аъзояш шикоят мекунад. Аммо мақомот мегӯянд, ин ҳизб нуфузашро аз даст додааст ва акнун баҳонасозӣ мекунад ва бо ин “шиорҳои беасос” мехоҳад, худро як ҳизби барои ҷомеа муҳим муаррифӣ кунад.

МАҚОМОТ: “КАСЕ БЕГУНОҲ АСТ, НАМЕГУРЕЗАД”

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле, ки фишор ба ин ҳизби сиёсиро рад мекунанд, мегӯянд, дар мавриди афзоиши ҳиҷрати аъзои Ҳизби наҳзат чизе намедонанд. Як масъули Вазорати корҳои дохилӣ, ки аз зикри исмаш худдорӣ кард, гуфт, даҳҳо шикояти ҷонибдорони ҲНИТ дар мавриди фишор болояшон дар шаҳру навоҳии кишвар беғаразона санҷиш шуд, вале арзи аксари онҳо ҳангомаҷӯёна буда, воқеият надоштанд. Ин масъул гуфт, ҳар нафаре, ки дар доираи қонун дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад, касе ба ӯ кор надорад ва танҳо онҳое аз ватан фирор мекунанд, ки қонунро нақз карданд ва аз ҷавобгарӣ ҳарос доранд.

Аммо Баҳодур Ҷураев, як аъзои ҲНИТ, ки моҳе пеш барои кор ба Русия рафтааст, дар як тамоси катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон як дӯкони тиҷоратӣ дошт ва зиндагиаш аз ҳисоби он миёнаҳолона мегузашт. Ӯ мегӯяд, вақте мансубияти ҳизбиаш ошкор шуд, фаъолияти тиҷоратии ӯ низ зуд-зуд мавриди санҷиши ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифт. Ӯ мегӯяд борҳо машварат гирифт, ки аз ҳизб хориҷ шавад, вале ӯ напазируфт. Баҳодур афзуд, дар ниҳояти амр камбудиҳояшро ёфтанд ва ӯро ҷарима карданд. Ӯ ҳоло дар Русия мардикор аст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсати ҲНИТ мегӯяд, мақомоти ҳизб ба ҷонибдорони ин ташаккули сиёсӣ машварат додаанд, ки дар сурати бештар шудани фишор аз ҳизб хориҷ шаванд. Аммо онҳо муҳоҷиратро интихоб карданд. Пас аз интихоботӣ парлумонӣ дар моҳи марти имсол, ин ҳизби исломӣ аз ду курсиаш дар порлумон маҳрум шуд. Ба думболи ин раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аз кишвар рафту дигар барнагашт ва ҷонибдорони он гурӯҳ-гурӯҳ ва бо эълони расмӣ аз ин ҳизб берун шуданд.

Ба таври дастаҷамъона аз ҳизб берун шудани ҷонибдоронро мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба фишори афзоянда ба тарафдоронаш марбут медонад. Аммо мақомот инро як “таҳаввулоти худҷӯш ва бедории мардум “аз хатокориҳои ҲНИТ” унвон мекунанд. Он аъзои ҲНИТ, ки аризаи даст кашидан аз ҳизбро навиштаанд, мегӯянд, ҳоло дигар касе ба онҳо кор надорад ва ҳама пурсишу фишор бо навиштани ариза аз миён рафтааст.

ҲНИТ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

Ҳоло Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ бо гурӯҳе аз ҷонибдоронаш дар Туркия ба сар мебарад ва замони бозгашти ӯ маълум нест. Ба думболи тарки Кабирӣ ва аз паси ӯ рафтани садҳо фаъоли ҳизбӣ, таҳлилгаронро ба ин натиҷа овардааст, ки эҳтимол ин ҳизб мехоҳад, дар хориҷ аз кишвар худро қавитар кунад. Парвиз Мулоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, агар хориҷ шудани аъзоёни ҲНИТ ба ҳамин шакл идома кунад, ин барои ҷомеа, ҳукумат ва худи ҳизб оқибати хуб надорад. Ӯ мегӯяд, аз ҳама бештар ин “барои ҳукумат хуб нест, зеро назорат аз болои ҳизбро аз даст медиҳад.”

Аммо Маҳдии Собир, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, дар қатори як миллион муҳоҷири тоҷик рафтани ҳазор ё ду ҳазор аъзои ҲНИТ ба хориҷи кишвар ҳеҷ фоҷиае нест. Ӯ меафзояд, ин як раванди маъмулӣ ҳаст ва ба Тоҷикистон хатар надорад. Ҳамон тавр, ки ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ё гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастани баъзе муҳоҷирони кории тоҷик ба амнияти кишвар таҳдид намекунад.

Мавзӯи бастани фаъолияти ҲНИТ, ягона ҳизби исломӣ дар қаламравии Шӯравии собиқ ду сол боз аз забони коршинсон, сокинон ва тарафдорони собиқи ин ҳизб садо медиҳад. Ҳоло дар матбуоти давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мактуби сокинону рӯҳониёне нашр мешавад, ки бастани ин ҳизбро талаб мекунанд. То як соли пеш Ҳизби наҳзати исломӣ иддао дошт, ки бештар аз 40 ҳазор аъзо дорад ва дуввумин ҳизби пуртарафдор пас аз ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG