Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ҲНИТ-ро набандад


Созмони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch бо пахши як изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки аз тасмими бастани ҲНИТ даст бикашад ва барои фаъолияти ин ҳизб дар кишвар иҷозат бидиҳад.

Human Rights Watch ё Cозмони ҳуқуқи башар бо пахши як изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки аз тасмими бастани ҲНИТ даст бикашад.

Созмони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch, рӯзи душанбеи 14-уми сентябр дар якҷоягӣ бо Иттиҳодия оид ба ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ва Кумитаи Ҳелсенкии Норвежӣ ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон хостанд ба фишори давомдори аъзоёни Ҳизби наҳзати исломӣ хотима диҳанд. Дар идомаи ин изҳороти Созмони ҳуқуқи башар омадааст, ҳукумати Тоҷикистон бояд шароитро барои фаъолияти озодонаи ҳизбҳои мустақил фароҳам орад.

Дар ин изҳорот аз ҷумла Борн Энгесланд, котиби генералии Кумитаи Ҳелсенкии Норвежӣ таъкид кардааст, ки “бо назардошти пойн рафтани сатҳи озодии баён дар Тоҷикистон дар давоми чанд соли ахир, тасмими бастани ҳизби мухолиф, моро ҳайрон накард. Ин тасмим на танҳо арзишҳои ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нақз мекунад, балки метавонад ҳизби қонуни мухолифро ба фаъолиятҳои махфӣ таҳрик бидиҳад ва боиси нооромии вазъ дар кишвар шавад. ”

Ҳамзамон Ҳю Вилмсон, раҳбари Созмони ҳуқуқи башар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ низ мегӯяд, “ин қарор зарбаи бузург ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Зеро ҲНИТ, яке аз тарафҳои сулҳи тоҷикон буд ва басташавии он арзишҳои демократиро зери суол мебарад."

Вазорати адлияи Тоҷикистон авохири моҳи гузашта аз Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) тақозо карда буд, ки ба фаъолияти, ба қавли масъулони ин ниҳод, ғайриқонунияш хотима бахшад.

Ҳакими Мирсайзод, муовини вазири адлия, рӯзи 28 август бо нашри гузориши расмӣ дар торнамои Оҷонсии "Ховар" гуфт, дар ҳоли ҳозир дар 58 шаҳру навоҳии кишвар созмонҳои ибтидоии ҲНИТ барҳам хӯрдаанд ва ин ҳизб ҳақ надорад, худро умумиҷумҳуриявӣ эълон карда ва анҷуман баргузор намояд. Қаблан ҲНИТ эълон кард, рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии худро баргузор мекунад.

Аммо ба дунболи ҳодисаи ҳамлаҳои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ба кормандони мақомоти қудратӣ дар Душанбе ва Ваҳдат дар рӯзи 4 сентябр, мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузории анҷумани худро ба вақти номаълум ба таъхир андохт. Мақомоти Тоҷикистон бо пахши як эъломия Абдуҳалим Назарзодаро узви ҲНИТ эълом карданд, аммо Ҳизби наҳзати исломӣ инро рад кард ва гуфт, ки "Ҳоҷӣ Ҳалим" ҳеҷ рабте ба ин ҳизб надорад.

XS
SM
MD
LG