Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ баҳси рӯёндани 636 000 сомониро бохт


Бинои пешини дафтари ҲНИТ дар Хуҷанд

Бинои пешини дафтари ҲНИТ дар Хуҷанд

Додгоҳи Хуҷанд даъвои Ҳизби наҳзати исломиро барои рӯёндани 636 ҳазор сомонӣ аз ҳукумати ин шаҳр рад кард. ҲНИТ иддао дорад, ки мақомоти Хуҷанд дафтари онҳоро ғайриқонунӣ тахриб кардааст ва бояд баҳояшро пардозад.

Додгоҳе дар маркази вилояти Суғд даъвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро барои рӯёндани 636 000 сомонӣ аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд рад кард. ҲНИТ иддао дорад, шаҳрдории Хуҷанд бинои дафтари онҳо, воқеъ дар маҳаллаи бистуми ин шаҳрро ғайриқонунӣ тахриб кардааст ва бояд баҳояшро бипардозад. Тахриби ин бино моҳи июни соли гузашта сурат гирифт ва мақомот гуфта буданд, ки ин кор ба далели ҷой надоштани бино дар нақшаи генералии маркази вилояти Суғд хароб карда шудааст.

Масъулони додгоҳи шаҳри Хуҷанд, низ баъди шаш моҳи баррасии даъвои ҲНИТ гуфтанд, ки бинои дафтари ин ҳизб дар маркази Суғд сертификати ҳуқуқи истифодаи замин надоштааст ва аз ин рӯ даъвояш барои аз ҳукумат рӯёндани биное, ки дар ин замин вуҷуд дорад, беасос дониста шудааст.

Вале раҳбарияти ҲНИТ мегӯянд, ки онҳо аз соли 2010 боз барои гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба мақомот муроҷиат карда, вале бо сабабҳои барои онҳо номаълум ҷавоб нагирифтаанд. Вакили мудофеи ҲНИт дар ин қазия Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, "шояд мақомот дидаву дониста аз додани сертификати замин ба ҳизби наҳзат худдорӣ мекарданд, то кидар фаъолият ва идораи моликият камбуд дошта бошад ва ҳар вақте хостанд, ин камбудро алайҳи ҳизб ба кор баранд".

Бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд аз охирҳои солҳои навади асри гузашта то соли 2010 дафтари худро дар утоқҳои иҷора ҷой медод. Аммо соли 2010 як узви ин ҳизб дар Хуҷанд иншооти собиқ мағозаи "Фарангис" дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд, дар паҳлӯи масҷиди "Нури ислом"-ро харида, ба ҳизбаш ҳадя кард. Баъд аз таъмир ва бозсозӣ ин биноро ба дафтари шуъбаи вилоятии ҳизб табдил доданд.

Тобистони соли гузашта мақомоти Хуҷанд ба далели он ки тибқи нақшаи кулли Хуҷанд дар ҷои бинои дафтар, иборат аз 380 метри мураббаъ васеъ кардани роҳи нақлиётӣ ва гулгашт пешбинӣ шудааст, онро хароб карданд. Дар пайи ин иқдом мақомоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд ваъда карда буданд, ки ба ҷои бинои тахрибгардидаи дафтари бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд ҷои нави муносиберо дар ихтиёри онҳо мегузоранд ё маблағи онро ҷуброн мекунанд. Аммо ин ваъда иҷро нашуд ва баҳс ба додгоҳ кӯчид.

Хулосаи ин баҳс дар ҳоле эълон шуда, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои ибтидоии Ҳизби наҳзати исломӣ дар минтақаҳои вилояти Суғд барҳам хӯрда, ҲНИТ дигар ҳаққи фаъолиятро надорад. Ду моҳ пеш Муллоаббос Раҷабзода, иҷрокунандаи раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд эълон карда буд, ки аз ҳизб канор рафтааст ва ба дунболи он ​даҳҳо навор бо ҳузури аъзои Ҳизби наҳзат дар интернет нашр шуд, ки онҳо аз хориҷ шуданашон аз ин ҳизб хабар дода, қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро низ пешниҳод карданд.

Бори аввал пешниҳоди бастани ҲНИТ ва ё ҳадди ақалл ҳазфи калимаи “Ислом” аз номи ин ҲНИТ соли 2013 дар пайи мулоқоти раисиҷумҳурЭмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён ва аҳли ҷамоатчигии кишвар садо дод. Тарафдорони қатъи фаъолияти ҲНИТ ин далелро пеш меоранд, ки дини Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва гузашта аз ин беш аз 90 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд ва зарурате барои будани як чунин ҳизб вуҷуд надорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG