Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲНИТ: Баргузории анҷумани ҳизб хеле муҳим аст


Раҳбарияти ҲНИТ ба баргузории нишаст омода буданд

Раҳбарияти ҲНИТ ба баргузории нишаст омода буданд

Баъди лағви нишасти матбуотӣ дар меҳмонхонаи панҷситорадори "Sheraton" дар Душанбе, раҳбарияти ҲНИТ хабарнигоронро дар манзили яке аз раҳбарони ҳизб гирди ҳам овард.

Раҳбарияти ҲНИТ дар нишасти хабарие, ки дар яке аз манзилҳои раҳбарони ин ташаккули сиёсӣ бо ширкати гурӯҳе аз журналистон баргузор шуд, гуфт, аз мақомот тақозо кардааст, ки дари қароргоҳи ҳизб боз ва имкони баргузории анҷуман фароҳам оварда шавад. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ рӯзи 27 август гуфт, баргузории анҷумани ҳисоботию интихоботии ҳизб барои интихоби раҳбарияти нав ва таъйини барномаҳои кории минбаъдаи ин ташаккули сиёсӣ хеле муҳим аст. Дар як изҳороти расмии ҲНИТ ҳам, ки дастраси хабарнигорон шуд, дар муроҷиат ба ҳукумати Тоҷикистон тақозо шудааст, ки дари қароргоҳи марказии ҳизб дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе дубора боз ва монеаҳо барои фаъолияти сиёсии ин ҳизб бардошта шаванд.

Ҳизб дархост кардааст, ки ҳукумат барои баргузории анҷумани ҳизбии онҳо, ки бояд рӯзи 15 сентябр барпо гардад, монеъ нашавад. Ҳусайнӣ гуфт, ҳоло аъзо ва раҳбарияти ҳизб ба анҷумани навбатии худ омодагӣ мебинад. Пас аз дар охирин лаҳзаи пеш аз шурӯи нишасти матбуотӣ дар меҳмонхонаи "Sheraton" лағв шудани он, ҳамоиш соате баъд дар манзили яке аз раҳбарони ҳизб баргузор шуд.

Сайидумар Ҳусайнӣ гуфт, “дар заминаи ин манзили истиқоматӣ дафтари муваққатии ҳизб амал хоҳад кард”. Ба саволи хабарнигорон дар бораи иқдоми баъдии ҳизб, ӯ гуфт, “Танҳо пас аз баргузории анҷуман дар бораи амалҳои ояндаамон фикр хоҳем кард. То баргузории анҷуман ҳеҷ гуна иқдоми дигаре анҷом намедиҳем.”

Дар "Sheraton" барқ хомӯш шуд?

Нишасти изтирории хабарии ҲНИТ бояд рӯзи 27 август, соати 14:00 дар дохили меҳмонхонаи панҷситорадори "Sheraton" баргузор мешуд. Вале панҷ дақиқа пеш аз шурӯи ин нишаст маъмурияти меҳмонхона эълон кард, ки ин ҳамоиш баргузор намешавад. Хабарнигори радиои Озодӣ аз саҳни меҳмонхона телефонӣ гуфт, ки масъулини меҳмонхона ба нафарони барои ширкат дар ин нишасти матбуотӣ ҷамъшуда эълон карданд, ки "бо сабаби хомӯш шудани барқ" нишастро лағв мекунанд, вале "аз дур дар долонҳои меҳмонхона дида мешуд, ки чароғҳо рӯшананд", гуфт ӯ. Хабарнигорони ҷамъшуда дар ин толор гуфтанд, ки эҳтимолан шарҳи раҳбарияти меҳмонхона дар бораи набуди барқ як баҳона буда, чунин тасмим бо дастури сохторҳои муайян гирифта шудааст.

Дафтар ва чопхона баста шуданд

Аз ин пеш мақомот дари қароргоҳи марказии ҳизбро бо сабаби вуҷуди баҳси мулкӣ дар миёни соҳибмулки қабливу кунунии ин сохтмон баста, дари чопхонаи ҳизбро, ки бо нашри ҳафтаномаи "Наҷот" ва дигар маводи ин ҳизб машғул буд, мӯҳр зад. Саидумар Ҳусайнӣ рӯзи 24 август дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин амал идомаи фишорҳои мақомот болои ҳизб буда, ҳоло онҳо мехоҳанд пеши роҳи баргузории анҷумани ҳизбиро бигиранд. Яке аз масоили муҳими ин анҷуман – интихоби раиси нав мебошад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо 45 ҳазор узваш аз аҳзоби умдаи мухолиф ба ҳисоб мерафт. Ин ҳизб дар интихоботи моҳи марти парлумонӣ аз ду курсияш маҳрум шуд ва мақомот гуфтанд, ки ҲНИТ нуфузашро аз даст додааст. Ҳоло раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа ба сар мебарад ва дар ҷаласаҳои ҳизбаш низ маҷозӣ, яъне тариқи Интернет иштирок мекунад. Дар ҷараёни ҷаласаи изтирории ҳизб шоми 25 август тавассути Интернет, Кабирӣ аъзои ҳизбро ба эҳтироми қонунҳои Тоҷикистон даъват кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG