Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Афғонистонро эълон карданд

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Афғонистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии ҳафт моҳи пеш дар кишварро эълон карданд. Кумиссиёни мустақили интихобот рӯзи 14-уми май гуфт, дар шаҳри Кобул 24 мард ва 9 зан вакили Вулуси Ҷирга палатаи поёнии порлумон интихоб шудаанд.

Аҷмал Раҳмонӣ, соҳибкори афғон аз ҳама бештар ва 11 ҳазор раъй ба даст овардааст. Афғонистон рӯзи 20-уми октябри соли гузашта интихоботи порлумонӣ дошт, ки он баъд аз чанд моҳи таъхир сурат гирифт.

Натиҷаҳои пешакии интихоботро моҳи январ эълон карданд, вале баъдан чанде аз аъзои коммиссияро барои сӯистифода аз мақом, аз вазифаҳояшон барканор карданд. Мақомоти интихоботии Афғонистонро барои таъхир дар интихобот ва мушкилоти зиёд, ба мисли набуди кормандонаш дар ҷараёни раъйдиҳӣ танқид кардаанд.

Яке аз мудирони "Роскосмос" ба хориҷа гурехтааст

Акс аз бойгонӣ

Бо идомаи тафтиш ва аудити як идораи моҳвора ва мушаксозии Русия яке аз раҳбарони баландпояи он Юрий Яскин аз ин кишвар фирор кардааст. Бино ба гузоришҳо, Юрий Яскин, намояндаи “Роскосмос”- ро моҳи апрел бо сафари корӣ ба хориҷ фиристодаанд, вале ӯ то кунун ба кишвар барнагаштааст.

Мақомоти Пажуҳишгоҳи Технологияҳои Кайҳоннавардӣ дар ширкати “Роскосмос” гуфтаанд, мудири кулли ин марказ баъди рафтан ба хориҷ аризаи истеъфояшро пешниҳод кардааст. Юрий Яскин аз соли 1993 дар “Роскосмос” кор карда ва соли 2012 мудири пажуҳишгоҳ таъйин шудааст.

Мақомоти Русия аз соли 2019 14 тафтиш ва аудити алоҳидаи идораи зери дасти ӯро оғоз карданд. Ҳоло маълум нест, ки Юрий Яскин дар куҷост, вале нашрияи “Коммерсант” навиштааст, ки ӯро чанде пеш дар Юнон дидаанд.

"Коммерсант": "Суперҷет" бо айби халабонҳо оташ гирифтааст

Коршиносон мегӯянд, ҳавопаймои "Сухой Суперҷет" (SSJ-100), ки рӯзи 5 май дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав ба садама дучор шуд, бо иштибоҳи халабонҳо оташ гирифтааст.

Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба як манбаи огоҳ аз рафти тафтишоти садама хабар додааст.

Ҳамсуҳбатони нашрия гуфтаанд, халабонҳо ҳангоми фурудоӣ ҳаракати муҳаррикро дучанд карда, сари ҳавопайморо якбора поин намуданд. Тасмими идома додани фурудоӣ бо вуҷуди оғози лағжиш аз хати парвоз яке аз хатоҳои дигари халабонҳо гуфта шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони нашрия, тафтишот бояд муайян кунад, ки аз ду халабон кадомашон иштибоҳ кардаанд.

Ҳамчунин тавре аз гуфтугӯи халабонҳо бо кормандони фурудгоҳ бармеояд, халабонҳо бонги ҳолати садамавӣ бидуни хатар ба ҷону саломатии мусофиронро задаанд ва бинобар ин, ҳавопайморо дар замин оташнишонҳо пешвоз нагирифтаанд.

Ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" шаби 5 май ҳангоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав оташ гирифт.

Ҳавопаймои "Суперҷет"-и истеҳсоли Русия дар хатсайри Маскав - Мурманск парвоз дошт. Баъди чанд дақиқаи парвоз сарнишинон нишасти изтирорӣ талаб кардаанд. Хадамоти “FlightRadar” гузориш дод, ки ҳавопаймо 45 дақиқа дар ҳаво буда, пеш аз нишасти изтирорӣ ду дафъа дар атрофи Маскав чарх задааст.

Вазири пешини тандурустии Қирғизистон боздошт шуд

Динора Сангинбоева

Дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, вазири пешини тандурустии Қирғизистон Динора Сагинбоева ва мушовири пешини раиси хадамоти давлатии иҷрои ҷазои он кишвар К.К. боздошт шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар медиҳад, ки мақомдорони вазорати тандурустӣ барқасдона ба Азиз Батукаев ташхиси бемории вазнин гузоштаанд, то ин ки вай аз ҳабс раҳо шавад. 23 апрели соли 2013 гуруҳи табибон, ки бо қарори порлумон ташкил шуда буд, ташхиси Азиз Батукаевро рад кард. Комисия гуфта буд, ҳангоми ташхиси нахустин ҳуҷҷатҳо сохтакорӣ шудаанд.

Дар доираи ин парванда пештар низ чанд мансабдори дигари Қирғизистон боздошт шуд.

Парвандаи ҷиноии озодсозии ғайриқонунии Азиз Батукаев моҳи январи соли 2019 кушода шуд. Дар доираи парванда табибоне, ки ӯро ташхис ва бемории саратон эълом карданд, ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд. Ба ҷуз табибон, мансабдорон ва вакилони пешин ҳам дар парванда шомил ҳастанд.

Динора Сагинбоева солҳои 2011-2014 вазири тандурустии Қирғизистон буд.

Додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар соли 2013 дар асоси ташхиси табибон, қарори пеш аз муҳлат озод шудани Азиз Батукаевро содир кард. Батукаев ҳамон рӯз аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин рӯйдод дар Қирғизистон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Амрико аз дипломатҳояш хост, Ироқро тарк кунанд

Посбоне дар як маркази тиҷоратӣ дар Карбалои Ироқ

Бо шиддат гирифтани таниш байни Амрикову Эрон, сафорати Амрико дар Бағдод гуфт, дастур гирифтааст, ки тамоми кормандонеро, ҳузурашон дар сафорат ҳатмӣ нест, аз Ироқ хориҷ кунанд.

Сафорат рӯзи 15-уми май бо нашри як баёния гуфт, ки дастурро аз вазорати умури хориҷии Амрико гирифтааст. Ба гуфтаи вазорат, амри тарки Ироқ ҳам ба кормандони сафорат ва ҳам ба дипломатҳо дар консулгарии Амрико дар Ирбил маркази Курдистони Ироқ дахл дорад.

Дар баёния омадааст: “Додани раводид дар ҳарду намояндагӣ муваққатан қатъ мешавад. Ҳукумати Амрико имконот барои расонидани хадамоти фаврӣ ба шаҳрвандони Амрико дар Ироқро маҳдуд кард. Ба гуфтаи сафорат, онҳое, ки дастур гирифтаанд, бояд ҳарчӣ зудтар Ироқро тарк кунанд.

Сафорати Амрико рӯзи 12-уми май ба шаҳрвандони Амрико тавсия дод, ки бо назардошти мавҷудияти хатар ба Ироқ сафар накунанд, вале нагуфт, ки чӣ гуна хатар зиёд шудааст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳафтаи гузашта ғайриинтизор ба Бағдод рафт ва дар онҷо бо мақомоти ироқӣ, нигарониҳои амниятии Амрико ва ба қавли ӯ “зиёд шудани фаъолиятҳои Эрон”-ро баррасӣ кард. Пештар аз ин Вашингтон гуфт, ки дар вокуниш ба таҳдидҳои Эрон ба манофеи Амрико дар минтақа, як нови ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бомбаафканро ба Ховари Миёна фиристодааст.

Помпео Русияро танқид кард, Лавров Амрикоро

Майк Помпео ва Сергей Лавров

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико аз Русия хост, ки ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии кишвараш дахолат накунад, ҳамтои руси ӯ, гуфт, пойфишории Амрико барои ҳукумати нав дар Венесуэла мисли ҷанг дар Ироқ аст.

Майк Помпео ва Сергей Лавров дар ин бора рӯзи 14-уми май дар шаҳри Сочӣ дар як нишасти хабарии муштарак суҳбат карданд. Ду тараф гуфтанд, ки саъй доранд, то робитаҳои бадшудаи Амрикову Русияро ислоҳ кунанд. Муносибатҳои ду тараф бинобар дахолати Русия ба интихоботи Амрико, муноқиша дар Украина, Сурия, Венесуэла ва дигар масоил бад шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико баъди хатми таҳқиқи Роберт Мюллер дар бораи дахолати эҳтимолии Русия ба интихобот, ҳоло талош дорад, ҳамкориҳо бо ин кишвар беҳтар шавад. Ӯ рӯзи 13-уми май ба хабарнигорон гуфт, моҳи оянда дар Ҷопон дар ҳошияи нишасти Гуруҳи 20 бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот мекунад. Владимир Путин баъди мулоқот бо Майк Помпео гуфтааст, умедвор аст, ки ҳамкориҳои Маскав ва Вашингтон “комилан барқарор” мешаванд.

Амрико ба марзбонони тоҷик кӯмаки нав расонд

Ҷон Марк Поммершайм

Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо арзиши 100 ҳазор доллар таҷҳизоти ташхиси санад тақдим кард. Дар ин маросим дар рӯзи 15-уми май Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ҳузур дошт.

Сафорати Амрико бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки тақдими таҷҳизот бахше аз барномаи 500 ҳазор долларӣ аст, ки Амрико барои тақвияти ҳамкориҳои неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон амалӣ мекунад.

Ба гуфтаи сафорат бар илова ҳукумати Амрико ҳамин моҳ ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон барои посбонии сарҳадҳои кишвар бо арзиши 300 ҳазор доллар васоили мухобирот ва нақлиёт тақдим мекунад. Сафорат гуфтааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмак барои таъмини истиқлол ва амнияти Тоҷикистонро идома хоҳад дод.

Мардуми Амрико аз соли 1992 то кунун барои иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маориф ва мусоидат ба демократия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 800 миллион доллар кӯмак кардаанд.

Тартиби нави шомилшавӣ ба донишгоҳҳо дар Узбекистон

Дар Узбекистон соли ҷорӣ довталабон бо тартиби нав шомили донишгоҳҳо мешаванд. Дар ин бора президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев фармон имзо кард. Соли ҷорӣ имтиҳонҳои шомилшавӣ моҳҳои июл-август баргузор мешаванд. Натиҷаи имтиҳон як рӯз баъди баргузорӣ эълом мегардад.

Ба ҷуз ин, довталабон метавонанд, якбора ба се донишгоҳ ҳуҷҷат супоранд. Ҳуҷҷатҳо танҳо дар Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ё тавассути Портали ягонаи хадамоти интерактивии давлатӣ қабул мешаванд. Бар асоси фармони нав, сар аз соли 2020 довталабони узбекистонӣ на аз 3, балки аз 5 фан имтиҳон хоҳанд супорид.

Вазорати хориҷии Туркия аз сафираш дар Қирғизистон ҳимоят кард

Сафири Туркия дар Қирғизистон.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия вокуниши сафири ин кишварро дар Қирғизистон дар маросими ифторе бо иштироки роҳбари пешини "Себат" "одилона" унвон кард.

Сафорати Туркия дар Қирғизистон изҳороти сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Туркия Ҳамӣ Оқсойро дар робита ба даъват шудани роҳбари пешини мактабҳои "Себат" ба ифтор нашр кард.

"Ғайри қобили қабул аст, ки дар ифтори аз сӯи муфтиёти Қирғизистон рӯзи 8 май ташкилшуда роҳбарони пешини мактбаҳои туркӣ даъват шуданд. Аммо сафири Туркия дар Қирғизистон ҳам, ки ба ин ифтор даъват шуда буд, ин ҳолатро дида, вокуниши худро расонидааст, ки одилона буд", - омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин гуфта шудааст, "мубориза бо сохторҳои Фатҳуллоҳ Гюлен дар хориҷи Туркия яке аз самтҳои афзалиятнок аст". "Мо борҳо гуфтем, ки ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен хатар дорад. Мо интизор дорем, ки ин мавзуъ на танҳо аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, балки аз сӯи ҳамаи ниҳодҳои миллӣ ҷиддӣ гирифта мешавад", - омадааст дар изҳорот.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, сафири Туркия ба нишони эътироз ифтореро тарк мекунад.

Комил Фурот ба иштироки раҳбари пешини шабакаи мактабҳои "Сапат" Орхан Инон дар ифтори мазкур норозигӣ баён кардааст. Дипломати турк муфтии Қирғизистон Мақсадбек Тоқтомушевро сарзаниш карда, гуфтааст, "ё Туркия ё созмони террористиро интихоб кунед". Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Туркия бо 35 млн доллар дар Қирғизистон масҷид сохт.

Ин ҳодиса 8-уми май рух дода, талошҳо барои дарёфти назари сафорати Туркия дар ин замина бенатиҷа буданд.

Мактабҳои "Сапат" соли 1992 фаъолиятро дар Қирғизистон бо номи "Себат" оғоз карданд. Бунёдгузори онҳо руҳонии мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен аст, ки Анқара ӯро дар ташкили табаддулоти нокоми давлатӣ дар Туркия айбдор мекунад.

Биржаи Ишқобод бекоронро сабти ном намекунад

Биржаи меҳнати назди вазорати ҳифзи иҷтимоии шаҳри Ишқободи Туркманистон сокинони бекорро дар рӯйхати бекорон сабт намекунад. Дар ин бора сокинони Ишқобод хабар медиҳанд.

"Як мард талаб кард, ки ӯро ба қайд гиранд, аммо корманди биржа гуфт, аз сабти ном кардан фоидае нест, ҳеч ёрӣ намерасад. Ҳарчанд кумакпулӣ барои бекорон пешбинӣ шудааст. Кормандони биржа мегӯянд, дастур гирифтаанд, ки бекоронро сабти ном накунанд",-гуфт як сокини Ишқобод.

Қонунгузории Туркманистон мусоидат кардани корёбӣ ба шаҳвандон ва инчунин кумакпулӣ ба бекоронро пешбинӣ намудааст. Омори расмии шумори бекорони Туркманистон то кунун нашр нашудааст.

Оғози муҳокимаи 7 зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми "терроризм" дар Маскав

Хабаргузории ТАСС – и Русия аз муҳокимаи 7 зодаи Тоҷикистон гузориш дод, ки ба тарҳрезии ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, муҳокимаи Фарҳодҷон Нозимов, табиби собиқи шифохонаи рақами 91 дар шаҳри Санкт Петербург, Ҷумъахон Баймонов, Абдулғафур Раупов, Муҳаммадӣ Бобоёров, Суҳробҷон Нозимов ва Амрадҷон Раупов рӯзи 14-уми май дар Додгоҳи низомии шаҳри Маскав шуруъ шудааст.

Хабаргузории “ТАСС” гуфтааст, ба ғайр аз ду муттаҳам, ки иртибот ба ҷиноятро эътироф кардаанд, дигар панҷ нафар гуфтаанд, ки ҳеҷ гуноҳе надоранд ва иттиҳомот беасос аст.

Хабарнигори ТАСС гуфтааст, “Ҳафт зодаи Тоҷикистон ва тарафдорони гуруҳи “Давлати исломӣ” баҳори соли 2017 ҷамъ шуда ва нақшаи амали террористӣ дар роҳи қатори баландсуръати “Сапсан”-ро кашидаанд.”

Ба навиштаи хабаргузорӣ ҳадафи онҳо эътироз ба амалиёти низомии Русия дар Сурия будааст. Ба гуфтаи муфаттишон, зодагони Тоҷикистон, ки маълум нест, шаҳрванди Русия ҳам ҳастанд, ё не, қасд доштаанд, баъди анҷоми амалиёти террористӣ видеоеро бо дархости берун кардани неруҳои Русия аз Сурия нашр кунанд.

Хабарнигори ТАСС бо такя ба парвандаи ҷиноӣ навиштааст, ки муттаҳамон ба ҷиноят, рӯзи 7-уми июли соли 2017 бо гузоштани як олоти филлизӣ рӯи роҳи оҳан хостаанд, ки он аз роҳаш хориҷ шавад ва ба қатори муқобил бархӯрад. Дар натиҷаи ин қатор ба оҳан бархӯрда, вале аз роҳаш хориҷ нашудааст, танҳо 5 вагони он осеб дидаанд ва ширкати роҳи оҳан 55 миллион рубл зиён дидааст.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, “баъди ин амалиёти ноком гуруҳи мазкур хостаанд, таркиш анҷом диҳанд” , вале ҳангоми таҳқиқи ҳодиса дар роҳи оҳан онҳоро ошкор ва боздошт кардаанд. Муҳокима то охири ҳамин моҳ идома мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ҳануз ба ин парванда вокуниш нишон надодаанд.

Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин ба Тоҷикистон меояд

Маҳмуд Аббос

Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин, бори аввал ба Тоҷикистон хоҳад омад. Қарор аст, ӯ 15 июни имсол дар як нишасти байналмилалӣ дар Душанбе иштирок кунад.

Як манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи 14 май сафари Маҳмуд Аббосро ба Душанбе тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар нишасти "Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё" намояндагони беш аз чиҳил давлати дунё иштирок мекунанд.

Риёз Моликӣ, вазири умури хориҷии Фаластин, низ ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, Маҳмуд Аббос дар ҳошияи ин нишаст бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, мулоқот хоҳад кард. Кремл ин хабарро расман тасдиқ ё такзиб накардааст.

Вале Моликӣ ба ТАСС гуфтааст, "то ҷое медонем, президент Путин дар ин нишаст иштирок мекунад ва президенти мо ҳам дар онҷо хоҳад буд. Талош дорем, ки ҳарду дар ҷараёни ин нишаст мулоқот кунанд."

Тоҷикистон бо Фаластин ҳамкориҳои чандон зиёд надорад. Робитаи дипломатии ду тараф аз моҳи марти соли 1992 оғоз ёфтааст. Қароргоҳи сафири Фаластин дар Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Узбекистон аст.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки "Душанбе ҳамеша ҷонибдори муборизаи озодихоҳии мардуми Фаластин буд ва мебошад" ва "байни сарони ду давлат мукотиба ва мубодилаи мунтазами паёмҳои табрикӣ вуҷуд дорад".

Амрико барномаи низомӣ ба зидди Эронро баррасӣ мекунад

Киштии ҷангии Амрико дар Ховари Миёна. Акс аз соли 2017

Рӯзномаи "The New York Times" хабар дод, Кохи Сафед барномаҳои низомиеро баррасӣ мекунад, ки дар ҳоли ҳамлаи Эрон ба нирӯҳои Амрико ва ё тезондани фаъолияти ҳастаияш, фиристодани 120 000 сарбозро ба Ховари Миёна дар назар мегирад.

"The New York Times" ба нақл аз мақомоти давлатии Амрико, ки номашон бурда намешавад, рӯзи 13-уми май гуфт, барномаро Патрик Шанаҳан, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Амрико, ҳафтаи гузашта дар нишасте бо ёварони аршади президент Доналд Трамп пешниҳод кард.

Ба навиштаи "The New York Times" чандин барномаҳо пурра буданд ва “гузинаи болотарин” фиристодани 120 000 низомӣ будааст, ки иҷрои он ҳафтаҳо ва ё моҳҳоро дар бар хоҳад гирифт. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар ин барномаҳо ҳамлаи заминӣ ба Эрон зикр нашудааст.

Қасри Сафед ва Пентагон дар бораи ин гузориш изҳори назар накардаанд. Айни замон таниш байни Амрико ва Эрон шиддат гирифтааст. Ҳафтаи гузашта Вашингтон эълон кард, ки киштии ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бомбаафкани худро ба Халиҷи Форс мефиристад, то дар ҳолати таҳдид аз сӯи Эрон ба Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймононаш пешгирӣ кунад.

Теҳрон гуфт, ки Вашингтон “ҷанги равонӣ”-ро ба роҳ мондааст. Эрон ҳамчунин эълон кард, ки баъзе аз уҳдадориҳои худро дар доираи созишномаи ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ боз медорад.

Дар Ҷалолобод 3 нафарро куштанд, 20 нафарро захмӣ карданд

Бист нафар дар таркишҳо захм бардоштаанд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи силсилаи таркишҳо дар вилояти Нангарҳор 3 нафар кушта шудаанд ва 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Атоулло Хугиёнӣ, сухангӯи раиси вилоят гуфт, таркиш дар як бозори серодам дар маркази шаҳри Ҷалолобод шоми 13-уми май ба вуқуъ пайвастааст. Хугиёнӣ гуфт, ки дар инҷо се таркиш сурат гирифтааст, ҳарчанд шоҳидон аз чаҳор таркиш хабар додаанд.

Масъулияти таркишҳоро касе бар уҳда нагирифтааст, вале дар Нангарҳор, Толибон ва аъзои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” фаъоланд.

Сарчашмаи таҳқиқи маъракаи интихоботии Трамп тафтиш мешавад

Вилям Барр

Вилям Барр, додситони кулли Амрико як додситони федералиро вазифадор кардааст, сарчашмаи таҳқиқот дар бораи дахолати Русия ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2016 маълум.

Дар ин бора хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” рӯзи 13-уми май хабар дод ва навишт, ки Ҷон Дурҳам, додситони Коннектикат бояд маълум кунад, ки то куҷо ҷамъоварии иттилоот дар бораи маъракаи интихоботии Доналд Трамп “қонунӣ ва муносиб” буд.

Раиси ҷумҳур Доналд Трамп худаш хостори чунин тафтиш шуда ва гуфтааст, ки қазияи дахолати Русия “сохта” аст, ки мухолифонаш анҷом доданд. Доналд Трамп ва тарафдоронаш вазорати адлия ва Хадамоти Федеролии Таҳқиқотро ба ҷосусии ғайриқонунӣ дар маъракаи интихоботии ӯ муттаҳам мекунанд.

Айни замон мунтақидон мегӯянд, вазири адлия на барои адолат, балки барои ҳимоят аз манфиати раиси ҷумҳур кор мекунад. Вилям Барр моҳи гузашта гуфт, ки бовар дорад, ки аз паси маъракаи интихоботии Доналд Трамп “ҷосусӣ сурат гирифтааст.”

Ӯ дертар гуфт, як гуруҳеро ҷамъ мекунад, ки бубинанд, тафтиш ба раҳбарии додситони вижа Роберт Мюллер аз куҷо сарчашма гирифтааст. Таҳқиқи Мюллер ба ин хулоса расидааст, ки Русия ба интихоботи соли 2016 муназзам дахолат кардааст, вале далелҳои кофӣ вуҷуд надорад, ки Доналд Трамп ва ситоди интихоботиаш дар ин замина бо Русия ҳамдаст буданд.

Вакил: Қиморхонаҳоро мақомоти қудратӣ "ҳимоят" мекунанд

Олтинбек Сулаймонов

“Қиморхонаҳои пинҳонӣ “зери қанот”-и кормандони мақомоти қудратӣ ҳастанд.” Дар ин бора вакили порлумони Қирғизистон Олтинбек Сулаймонов дар суҳбат бо расонаҳо изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, “нерӯҳои бонуфуз ва мақомоти назоратӣ аз қиморхонаҳои пинҳонӣ ҳимоят мекунанд”.

Ахиран хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Идрис Исоқов ҳангоми ба наворгирии макони қиморхонаҳои пинҳонӣ дар шаҳри Ӯш мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт.

Афроди ношинос ба Исоқов дар наздикии меҳмонсарои DeLuxe ҳамла карданд, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар онҷо як қиморхонаи пинҳонӣ фаъолият мекунад.

Дар Қирғизистон фаъолияти қиморхонаҳо аз 1 январи соли 2012 манъ карда шудааст. Вакилони порлумони Қирғизистон борҳо нигаронӣ карданд, ки ҳанӯз ҳам қиморхонаҳо фаъоланд.

Помпео ва Путин мулоқот мекунанд ва мегӯянд...

Владимир Путин ва Майк Помпео

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико имрӯз дар шаҳри Сочӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳур ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мулоқот мекунад. Дидор дар замоне сурат мегирад, ки таниш байни Амрикову Русия ҳамчунон идома дорад.

Баъди мулоқоти раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва Владимир Путин дар Финландия дар моҳи июли соли 2018 бори аввал аст, ки мулоқоти намояндагони ду тараф дар чунин сатҳи баланд сурат мегирад. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, дар мулоқоти Путин ва Помпео назорат бар густариши аслиҳа, бӯҳрони Венесуэла, муноқиша дар Украинаву Сурия ва ҳамчунин масъалаи Эрон баррасӣ мешавад. Амрикову Русия дар тамоми ин масоил ихтилофоти назар доранд.

Як дипломати баландпояи Амрико рӯзи 10-уми май ба хабарнигорон дар Вашингтон гуфтааст, ки дар ҷараёни мулоқот ба ҷониби Русия возеҳ мегӯянд, ки “ин кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ як силсила амалҳои ноамнкунанда ва хашинро пеш гирифтааст.

Боздошти бист шаҳрванди Қазоқистон баъди бозгашт аз Сурия

Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, 16 мард ва 4 зане, ки аз Сурия ба ватан баргашта буданд, бо гумони даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ боздошт шуданд.

Ержан Ашикбоев рӯзи 13 май дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Гумонбаронро дар шаҳрҳои Нурсултон, Атирау, Урал, Оқтеппа, Қарағанда ва Чимкент дастгир карданд. 55 зану кӯдаки дигар дар маркази махсуси тавонбахшӣ ҷойгир карда шуданд. Ҳоло ташхиси тиббӣ ва муайян кардани шахсияташон идома дорад."

Ба қавли ӯ, иштирокдорони фаъолиятҳои террористӣ бар асоси қонунгузории Қазоқистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ашикбоев гуфт, дар доираи амалиёти "Жусан", ки аз 7 то 9 май ҷараён дошт, бо дастгирии ИМА ва "Нирӯҳои демократии Сурия" беш аз 230 қазоқистонӣ аз Сурия ба ватан оварда шуданд.

Пештар раисҷумҳури муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо нашри як изҳорот гуфт, дар миёни шаҳрвандоне, ки дар доираи амалиёти "Жусан" ба ватан оварда шуданд, 156 кӯдак низ ҳаст.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон моҳи июли соли 2018 хабар дод, ки аз оғози ҷангҳо дар Ховари Миёна ҳудуди 800 шаҳрванди ин кишвар ба Ироқу Сурия рафтаанд.

Бародарони тоҷик барои азми пайвастан ба "ДИИШ" зиндонӣ шуданд

Акс аз бойгон

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе ду бародар аз шаҳри Левакантро бо гуноҳи сармоягузории терроризм ва талоши пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.

Муҳокимаи Шуҳрат Воҳидови 22-сола ва бародари 19-солааш Далер рӯзи 8-уми май дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт ва аввалӣ ба 15 сол ва дуввумӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шудаанд. Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 14-уми май нашр шуд омадааст, ки ду бародар аз деҳаи Вахши Левакант соли 2018 ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд ва ба доми гумоштаҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” афтодаанд.

Ба гуфтаи додгоҳ, онҳоро аъзои ин гуруҳ дар шабакаи “Телеграмм” ба доми худ андохтаанд ва онҳо хостаанд, ки моҳи феврали имсол ба Туркия ва сипас аз онҷо ба Сурия сафар кунанд. Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки Шуҳрат ду дафъа ба номи як узви гуруҳи Давлати исломӣ 32 ҳазор рубл фиристодааст.

Ба гуфтаи муфаттишон ҳарду бародарро рӯзи 6-уми феврал қабл аз парвоз ба Истанбул дар фурудгоҳи “Внуково” дастгир кардаанд ва ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Назари вакили дифоъ, ё хонаводаи бародарон Воҳидовҳо ба Радиои Озодӣ маълум нест, амм додгоҳ гуфтааст, ки Шуҳрат ба гуноҳи хеш иқрор кард, аммо Далери 19-солааш гуфтааст, ки бародараш ӯро фиреб дода, ба ӯ гуфтааст, ки “ба назди падару модар бармегардем. Оиди ба шаҳри Истамбул рафтанашон ў баъди дастгир шуданашон огоҳ шуда будааст.”

Ҳарду бародарро додгоҳ барои омодагӣ ба ҷиноят ва пайвастан ба сафи гуруҳҳои ифротӣ бояд ҳукмро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кунанд.

Трамп гуфт, дар саммити G20 бо Путину Ҷинпин мулоқот карданист

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе гуфт, тасмим дорад, охирҳои моҳи июн дар доираи саммити "Бистгонаи бузург" (G20) дар Ҷопон бо раҳбарони Чину Русия -- Сӣ Ҷинпин ва Владимир Путин мулоқот кунад.

Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ дод. Ба гуфтаи Трамп, мулоқоти ӯ бо Сӣ Ҷинпин дар пасманзари афзоиши ихтилофҳо миёни Чину ИМА метавонад созанда бошад. Вале президенти ИМА дар бораи интизориҳояш аз мулоқот бо Путин чизе нагуфтааст.

Саммити G20 рӯзҳои 28-29 июни соли равон дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад.

Саммити пешин рӯзҳои 30 ноябр ва 1 декабри соли 2018 дар шаҳри Буэнос-Айрес барпо шуда буд. Вохӯрии Трампу Путин бо вуҷуди эълонҳои пешакӣ баргузор нашуд. Ба ин боздошти 24 маллоҳи украин дар баҳри Азов сабаб гашт. Русия то ҳол маллоҳонро озод накардааст.

Сафири нави ИМА дар Узбекистон савганд ёд кард

Даниэл Розенблюм ба ҳайси сафири нави ИМА дар Узбекистон рӯзи 9-уми май савганд ёд кард. Дар ин бора "Садои Амрико" хабар медиҳад. Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2018 Кумитаи муносибатҳои байналхалқии Сенати ИМА номзадии Розенблюмро ба ҳайси сафир дар Узбекистон тасдиқ карда буд.

Розенблюм ҳангоми адои савганд дар Вашингтон гуфт, ки дар Узбекистон ба барқарории сулҳ дар Афғонистон, ҷонибдории ҳамаҷиҳата аз ислоҳоти Узбекистон, фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузорӣ ва ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи инсон машғул хоҳад шуд.

Қарор аст Розенблюм то охири моҳи май ба Узбекистон ояд ва ба президенти ин кишвар эътимоднома супорад. Сафири пешини ИМА дар Узбекистон Памела Спратлен моҳи июни соли 2018 аз мақом барканор шуда буд.

Эҳтимоли ҷоришавии дарси "Назарбоевшиносӣ" дар Қазоқистон

Дар муассисаҳои таълимии Қазоқистон мумкин аст, дарси "Назарбоевшиносӣ" ҷорӣ шавад. Профессор Нуралӣ Уткелбоев аз донишгоҳи Чимкент ин идеяро пешниҳод ва ҳам навиштани китобҳои дарсиро ба зимма гирифтааст. Ба навиштаи расонаҳо, профессор аз сӯи вазорати маориф ва илми Қазоқистон посухи мусбат дарёфт кардааст.

Нуралӣ Уткелбоев ҳисоб кардааст, ки дар ҳоли ҳозир суханрониҳо, гузоришҳо, паёмҳо, мусоҳибаҳо, мақолаҳои илмиву иҷтимоӣ ва китобҳои Назарбоев ба 101 ҷилд расидааст. "Ин осор паҳлуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҷамъиятӣ, таърихии ташаккул ва рушди давлати мустақилро дар бар мегирад. Ҳатто хосияти ҷаҳониву сайёравӣ дорад",-гуфт Уткелбоев.

"Машварати дастаҷамъӣ зарур аст. Фани дарсиро бояд коркард ва ба баррасии умум гузошт", - пешниҳод дорад профессор.

Камчинии инсулин дар дорухонаҳои Ишқобод

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон камчинии инсулин мушоҳида мешавад. Доруи барои беморони қанд ҳаётӣ дар дорухонаҳои хусусӣ пайдо намешавад ва дар дорухонаҳои давлатӣ барои инсулин навбатпоии тӯлонӣ дида мешавад.

Инсулинро дар Туркманистон бо дорухати табиб ва бо миқдори маҳдуд мефурӯшанд. Ин рӯзҳо пушти дари дорухонаҳои давлатӣ барои харидани инсулин навбатпойии тӯлонӣ дида мешавад.

"Барои мисол, агар ба бемори қанд табиб 5 ҳабби инсулин тавсия диҳад, дар дорухона ҳамагӣ то 3 ҳаб медиҳанд. Агар 3 ҳаб нависад, пас дар дорухона 2 ҳаб медиҳанд. Аммо агар бемор аз хона берун шуда натавонад, дар дорухона ба наздикони вай дору намефурӯшанд",-нақл кард як шоҳиди ҳодиса.

Сокинони Туркманистон бештар аз як сол аст, ки бо камбуди дору рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар баробари камчинӣ инчунин қимати доруҳо боло меравад ва мақомот монеи ворид кардани дору аз хориҷ мешаванд.​

Дар Қирғизистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ ҳамла карданд

Дафтари бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек.

Хабарнигори Бахши қирғизии Радиои Озодӣ Идрис Исоқов ҳангоми наворгирии макони қиморхонаҳои пинҳонӣ дар шаҳри Ӯш мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Ба маҳалли ҳодиса кормандони пулис ҳозир шуда, ҳамлагаронро боздошт карданд. Дар натиҷаи ҳамлаи мазкур хабарнигори телевизиони "Нур"-и Қирғизистон низ осеб дидааст.

Афроди ношинос ба Исоқов ҳангоми наворгирӣ дар наздикии меҳмонсарои DeLuxe ҳамла карданд, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар онҷо як қиморхонаи пинҳонӣ фаъолият мекунад.

Ба рӯзноманигор як зану шавҳар муроҷиат карда, гуфтаанд, ки писарашон дар он қиморхона пули калонро бохтааст. Ба гуфтаи онҳо, қиморхонаи мазкур аз соли 2017 пинҳонӣ фаъолият мекунад. Волидони ҷавон мегӯянд, фарзандашон аз замони кушода шудани қиморхона то ҳол ҷамъан 50 ҳазор долларро бохтааст.

Дар Қирғизистон фаъолияти қиморхонаҳо аз 1-уми январи соли 2012 манъ карда шудааст. Вакилони порлумони Қирғизистон борҳо нигаронӣ карданд, ки ҳанӯз ҳам қиморхонаҳо фаъолият доранд.

Қирғизистон ҷанҷоли сафири Туркияро ҳангоми ифтор шарҳ дод

Комил Фурот, сафири Туркия дар Қирғизистон.

Сухангӯи Идораи мусалмонони Қирғизистон Мақсад Отабоев баҳси сафири Туркия дар Бишкек Комил Фуротро бо муфтии ин кишвар дар як ифтор шарҳ дод. Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, сафири Туркия ба нишони эътироз ифтореро тарк мекунад.

Комил Фурот ба иштироки раҳбари пешини шабакаи мактабҳои "Сапат" Орхан Инон дар ифтори мазкур норозигӣ баён кардааст. Дипломати турк муфтии Қирғизистон Мақсадбек Тоқтомушевро сарзаниш карда, гуфтааст, "ё Туркия ё созмони террористиро интихоб кунед". Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Туркия бо 35 млн доллар дар Қирғизистон масҷид сохт.

"Ҳангоми даъват ба ифтор одамонро аз ҳам ҷудо намекунанд. Ҳама даъват шуда буданд. Як нофаҳмӣ сар зад, вале ҳоло ҳамааш хуб аст", - изҳор дошт Отабоев. Ин ҳодиса 8-уми май рух дода, талошҳо барои дарёфти назари сафорати Туркия дар ин замина бенатиҷа буданд.

Мактабҳои "Сапат" соли 1992 фаъолиятро дар Қирғизистон бо номи "Себат" оғоз карданд. Бунёдгузори онҳо руҳонии мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен аст, ки Анқара ӯро дар ташкили табаддулоти нокоми давлатӣ дар Туркия айбдор мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG