Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон савганд ёд кард

Маросими савгандёдкунии Поммершайм

Марк Поммершайм ба ҳайси сафири нави Амрико дар Тоҷикистон савганд ёд кард. Маросим рӯзи 22-юми феврали имсол дар Вашингтон баргузор шуд.

Номзадии дипломати собиқадор ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябри соли гузашта пешниҳод шуд ва рӯзи 7-уми январи имсол тасдиқ гардид.

Бо ин ҳол, замони ба Тоҷикистон омадани ӯ ҳанӯз маълум нест.

Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар Вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси як дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва АвруОсиё кор кардааст.

Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони CNN дар Русия кор кардааст. Соҳиби зан ва се фарзанд аст. Марк Поммершайм ҷойгузини хонум Элизабет Миллард шуд, ки ӯ баъди анҷоми масъулиятҳояш соли 2018 Тоҷикистонро тарк кард.

Шикоят аз шиканҷа. "Ангуштони Алиҷон доғи сиёҳ дошт"

Нурулло Қодиров. Акс аз Маркази мустақили ҳизфи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, узви Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, рӯзи 22-юми феврал хабар дод, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алиҷон Ашӯров барои эътирофи гуноҳ шиканҷа шудааст.

Ашӯрови 27-сола ба ҳайси сартарош дар Русия кор мекард ва моҳи декабри соли гузашта ҳамроҳи зану кӯдаконаш аз онҷо ихроҷ шуд ва ба Тоҷикистон баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе маъмурони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дастгир кардаанд.

Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ барои "таваҷҷуҳ ба терроризм" ва "нияти сафар ба Сурия" муттаҳам аст. Нурулло Қодиров, падари Алиҷон, ба Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон гуфтааст, писараш то 3-юми январи имсол дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил нигоҳдорӣ шуда, баъдан ба СИЗО интиқол ёфт.

Ӯ нақл кардааст, ки рӯзи 28-уми декабри соли гузашта гӯиё як нафари ношинос аз Тоҷикистон ба Алиҷон занг зада ва пешниҳоди сафар ба Сурияро кардааст. “Алиҷон дар навбати худ ҷавоби рад додааст. Рӯзи дигар мақомоти шаҳри Санкт-Петербург ӯро аз Русия ихроҷ карданд. Вале ман ба ин иттиҳом бовар намекунам", - афзудааст Нурулло Қодиров.

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, мақомот то замони ба СИЗО фиристодан, имкони дидор бо писарашро надодаанд. Ба қавли ӯ, "баъди ин, ман ба худ омада наметавонам. Ангуштони Алиҷон доғҳои сиёҳ доштанд ва ӯ базӯр ҳаракат мекард."

Худи Алиҷон ҳам ба падараш гуфтааст, ӯро шиканҷа кардаанд, то қасди сафар доштан ба Сурияро эътироф кунад. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Алиҷон Ашӯров мегӯяд, нисбат ба нафари таҳти ҳимояти ӯ "аз усулҳои ғайриқонунии тафтишот ва зӯроварии ҷисмонӣ истифода бурда шудааст. Ба ангуштони дасту пояш ноқил пайваст карда, қувваи барқ сар додаанд."

Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ танҳо баъди гирифтани ин таҳдид, ки "волидонашро “маҳкам” ва бо зану модараш бадрафторӣ мекунанд”, гуноҳро ба дӯш гирифтааст.

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ин замина ба Додситонии кул муроҷиат кардааст. Манобеи Додситонии кул ба ин созмон гуфтаанд, ки аз рӯи далели эҳтимоли шиканҷа санҷиши прокурорӣ оғоз шуда ва ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ҳам гузаронда шудааст.

Вале мақомот дар ин бора ҳанӯз шарҳи расмӣ надодаанд. Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳам мегӯяд, муроҷиати онҳо дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бенатиҷа буд.

Истифода аз шиканҷа ҳангоми бозпурсӣ дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ ба шумор меравад. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро барои шиканҷа танқид карда ва аз мақомот хостаанд, ки шиканҷаро аз байн бибаранд.

Соли гузашта беш аз 40 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздиконашон ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта дар робита ба шиканҷа чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ду парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд.

Дар Узбекистон қасд доранд, никоҳи хешутабориро манъ кунанд

Вазорати тандурустии Узбекистон тарҳи иловаҳо ба Кодекси оиларо таҳия кардааст, ки никоҳи хешони наздик, аз ҷумла издивоҷ бо писар ё духтари аммаву амакро дар ин кишвар манъ мекунад. Дар ин бора рӯзи 23-юми феврал вебсайти Podrobno.uz хабар дод.

Қарор аст, ин ислоҳ ба моддаи 16-уми Кодекси оилаи Узбекистон ворид карда шавад.

Дар ҳоли ҳозир никоҳи хешутаборӣ дар Узбекистон иҷоза аст. Вале мақомот издивоҷи бародару хоҳар ва афроди гирифтори касалиҳои рӯҳиро манъ кардаанд. Инчунин, гирифтани ҳамсари дувум иҷоза нест.

Бино ба қонунгузории Узбекистон синни никоҳ барои мардон аз 18-солагӣ ва барои духтарон аз 17-солагӣ таъйин шудааст. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва узрнок, аз ҷумла ҳомила шудани духтари ноболиғ, ҳокими шаҳру ноҳия ҳақ дорад, синни никоҳи навхонадоронро як сол поин биоварад.

Дар Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2016 никоҳи хешутаборӣ манъ шуд. Далели аслии манъи никоҳи хешутаборӣ таваллуди кӯдакони маъюб будааст.

Мақомот дар Тоҷикистон иддао доранд, ки 30 дар сади кӯдакони маъюб аз чунин издивоҷҳо ба дунё омадаанд.

Соли гузашта дар Афғонистон беш аз 3800 ғайринизомӣ кушта шудааст

Созмони Милали Муттаҳид соли 2018-ро "маргбортарин сол" барои ғайринизомиҳо дар Афғонистон донист.

Ин созмон дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 24-уми феврал нашр шуд, гуфт, соли 2018 дар Афғонистон беш аз 3800 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 7100 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Ин рақам дар муқоиса ба талафоти ғайринизомиён дар соли 2017 ёздаҳ дар сад бештар будааст.

Афзоиши талафоти сокинони осоишта дар Афғонистон ба ҳамлаҳои гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ва идомаи амалиёти Толибон дар ин кишвар рабт дода шудааст.

Соли гузашта дар Афғонистон дастикам 65 ҳамла сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи он 2200 нафар ҷон бохтааст. Ҳудуди 500 сокини осоишта дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва муттаҳидонаш кушта шудаанд.

Омори тоза аз талафот дар Афғонистон дар остонаи даври дигаре аз гуфтугӯҳои сулҳ миёни намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон бо гуруҳи Толибон, ки қарор аст дар рӯзи душанбе анҷом шавад, нашр шудааст.

Марги беш аз сад нафар аз шароби олуда дар Ҳиндустон

Мақомоти Ҳиндустон гуфтанд, ки бар асари нӯшидани шароби олуда дар иёлати Ассам дастикам 133 нафар ҷон бохта ва тақрибан 225 нафари дигар бистарӣ шудаанд. Ҳамаи ин афрод баъди хӯрдани ҳуч, як навъ шароби маҳаллӣ, ки ғайриқонунӣ истеҳсол шудааст, заҳролуд гардидаанд.

Мукеш Агарвал, як мақоми пулис, рӯзи 24-уми феврал гуфт, аксари осебдидаҳо кормандони корхонаи истеҳсоли чой буданд.

Агарвал афзуд, молики як корхонаи истеҳсоли машрубот ва чандин нафари дигар дастгир шуда, таҳқиқот идома дорад.

Ҳиманта Бисва Шарма, вазири тандурустии иёлати Ассам, гуфт, ба таҳиякунандагони шароби ғайриқонунӣ ҳеч раҳм нахоҳанд кард.

Нӯшидани шароби заҳролуд ваё ба гуфтаи мақомот ғайриқонунӣ дар Ҳиндустон пеш аз ин низ боис ба талафоти сангин шудааст. Соли 2011 дар иёлати Банголи Ҳиндустон беш аз 170 нафар ҷон бохта буданд.

Гуайдо гуфт, роҳи кумакҳои башардӯстона ба Венесуэла боз шуд

Николас Мадуро ва Хуайн Гуайдо

Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифон дар Венесуэла, хабар дод, ки гузаштани корвони кумакҳои башардӯстона аз марзи Бразилия ба дохили ин кишвар оғоз шудааст. Гуайдо рӯзи 23-юми феврал дар Твиттер ин иқдомро "як дастоварди олӣ" хонд.

Горди миллии Венесуэла ба шуморе аз сокинони Урена, минтақаи сарҳадӣ бо Бразилия, гази ашковар пошид. Ин сокинон мехостанд монеаҳоро, ки пули сарҳадӣ миёни Венесуэла ва Колубмияро баста буд, бардоранд, то кумакҳои башардӯстона вориди кишвар шаванд.

Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифи ҳукумати Венесуэла, ваъда карда буд, ки аз Колубмия кумакҳои башардӯстона ворид мекунад.

Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, аммо мухолифи дохил шудани кумакҳо ба кишвар аст ва дастур дода буд, ки минтақаи сарҳадӣ бо Колубмия баста бимонад.

Арабистони Саудӣ як занро сафир дар Амрико таъйин кард

Рима бинти Бандар

Арабистони Саудӣ бори аввал як занро ба ҳайси сафири ин кишвар дар Амрико таъйин кардааст. Расонаи давлатии Саудӣ рӯзи 23-юми феврал гузориш дод, ки Рима бинти Бандар бинни Султон – духтари сафири пешини Арабистон дар Вашингтон – ба ҳайси сафири тозаи он кишвар таъйин шудааст. Ӯ дар ин вазифа Холид бин Салмон - бародари Муҳаммад бин Салмон - валиаҳди Саудиро иваз хоҳад кард. Холид ҳоло ба ҳайси муовини вазири дифои Арабистони Саудӣ таъйин шудааст. Таъйини нахустин сафири зан дар Саудӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Риёз ба хотири қатли хабарнигор Ҷамол Хошуқҷӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст. Хошуқҷӣ моҳи октябри соли гузашта дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд ва сипас хабари маргаш бозтоб ёфт.

Трамп Келли Крафтро сафири Амрико дар СММ интихоб кард

Келли Найт Крафт - Нафари чаҳорум аз тарафи чап ба рост

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Келли Найт Крафтро сафири ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ кард. Трамп дар ин бора рӯзи 23-юми феврал дар “Твиттер” хабар дод. Келли Крафт аз соли 2017 сафири Амрико дар Канада аст. Дар сурати тасдиқ шудани номзадиаш аз тарафи Сенат, ӯ дар ин мақом Никки Ҳейлиро иваз хоҳад кард. Крафт зодаи иёлати Кентакки аст ва то замони фаъолияти дипломатӣ дар созмонҳои хайрия кор мекард. Пешниҳоди нави Доналд Трамп дар мавриди намояндаи Амрико дар Созмони Милал як ҳафта баъди он матраҳ шуд, ки Ҳезер Нойерт аз пазируфтани ин масъулият сарфи назар намуд. Никки Ҳейлӣ сафири пешини Амрико дар СММ чаҳор моҳ пеш аз мақом рафт.

Файзов бекориро аз мушкили асосии сокинони Бадахшон номид

Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон, гуфтааст, дар минтақа 6 ҳазор нафар расман ҳамчун бекор сабтином шудаанд, вале дар асл шумораи бекорон ба маротиб бештар аст. Нишасти хабарии Файзов рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси Бадахшон, 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "эътироф карданд, ки омори расмӣ баёнгари воқеият нест. Дар асл шумораи бекорон ба 30 дар сади вилоят мерасад. Ҳамчунон раис эътироф карданд, ки айни замон мақомот имкони бо ҷойи кор таъмин кардани ҳамаи бекоронро надоранд."

Ҳамсуҳбати мо гуфт, барои то ҳадде коҳиш додани шумораи бекорон, хусусан дар миёни ҷавонони Хоруғ, 100 нафар ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун фиристода шудаанд. Интизор меравад, баҳори имсол сад нафари дигар бо ҷои кор дар маҳалли бунёди Роғун таъмин шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки соли 2018 дар кишвар беш аз 50 ҳазор нафар мақоми бекорӣ гирифтаанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ин рақам ба эҳтимоли зиёд танҳо нафаронеро дар бар мегирад, ки аз бекории худ мақомотро огоҳ кардаанд. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, солона танҳо як миллион нафари қобили кор барои дарёфти рӯзӣ ба Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар мераванд. Ҳамаи онҳо ё аз бекорӣ в аё аз маоши кам азият мекашанд.

Ёдгор Файзов моҳи октбяри соли 2018 ба симати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Шодихон Ҷамшед, ки то 1 октябри соли 2018 дар мақоми раиси Бадахшон кор мекард, баъди интиқодҳои президенти Тоҷикистон аз тартибу интизом дар вилоят аз мақомаш барканор шуд ва ҳоло муовини вазири тандурустист.

Нерӯҳои Фаронса дар Мали як мақоми “Ал-Қоида”-ро куштаанд

Артиши Фаронса эълон кард, ки як фармондеҳи аршади “Ал-Қоида”-ро дар Мали, ҷумҳурие дар ғарби Африқо, куштааст. Мақомҳои Фаронса рӯзи 22-юми феврал гуфтанд, талош барои қатли Яҳё Абу ал-Ҳаммом солҳо боз идома дошт. Ӯ ба “тарроҳии ихтилофи ғарбиҳо” дар минтақаи соҳили Африқо муттаҳам будааст. Вазорати дифои Фаронса мегӯяд, Яҳё Абу ал-Ҳаммом рӯзи панҷшанбеи гузашта ва баъди он кушта шуд, ки нерӯҳои фаронсавӣ, чархболҳо ва як ҳавопаймои бесарнишини ин кишвар ба корвони мошинҳои ӯ ҳамла карданд.

Ҷанҷол дар як шаҳри Венесуэла авҷ гирифт

Бархурд бо пулис дар шаҳри Урена

Сарбозони Горди миллии Венесуэла барои пароканда кардани гуруҳе аз мардум, ки монеаҳои пули марзӣ бо Колумбияро мебардоштанд, аз гази ашковар истифода бурданд.

Сокинони шаҳри Урена талош доштанд, пул боз шавад, то аз тариқи он ба кишвар кӯмакҳои башарӣ биёранд. Ҷанҷолу кашмакаш рӯзи 23-уми август дар ин шаҳри марзии Венесуэла авҷ гирифт.

Бо вуҷуди мухолифатҳои раиси ҷумҳур Николас Мадуро барои қабули кумакҳои башарӣ, Хуан Гуайдо, пешвои мухолифони давлат ваъда додааст, ки аз Колумбия ин кумакҳоро ворид мекунад. Мақомоти Венесуэла амр доданд, марз бо Колумбия баста шавад.

Онҳо аз ин ин пештар марзи кишвар бо Бразилияро бастанд. Аммо сокинони Урена бар хилофи амри ҳукумат, ба барчидани монеаҳои оҳанӣ ва симхорҳо дар пул шуруъ кардаанд.

Чин гуфт, барои Афғонистон роҳи сулҳ ҷустуҷӯ мекунанд

Ванг Йӣ вазири умури хориҷии Чин

Вазорати умури хориҷии Афғонистон аз омодагии Чин барои эҷоди гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба хотири поёни ҷанг дар ин кишвар истиқбол кард. Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи вазорат мегӯяд, ки бидуни шак талошҳои Пекин дар ин росто муфид хоҳад буд.

Ӯ рӯзи 23-уми феврал бо ишора ба ҳамкориҳои Пекин ва Исломобод ба бахшии дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки нақши Чин ба ҳайси яке аз кишварҳои бузурги минтақа дар робита ба сулҳи Афғонистон муҳим аст.

Афғонистон ҳамеша Покистонро ба пуштибонӣ аз гурӯҳи Тобион айбдор мекунад. Покистон як шарики муҳими Чин дар минтақа аст.

Ӯ гуфт: “Чин ба ҳайси яке аз бузургтарин сармоягузорҳо дар ҷумҳурии исломии Покистон метавонад, нақши худро дар заминаи овардани сулҳ дар Афғонистон ифо кунад”.

Аммо Сибғат Аҳмадӣ гуфт, ки масъалаи сулҳ дар Афғонистон бояд бо ҳукумати қонунии кишвар мувофиқа шавад.

Ванг Йӣ, вазири умури хориҷаи Чин ба тозагӣ дар дидор бо вазири хориҷаи Қирғизистон дар Пекин гуфт, ки барои хатми ҷанг дар Афғонистон гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхайро хоҳанд сохт.

Вазири хориҷии Чин изҳор дошт, ки бо эҷоди гурӯҳи кории Созмони ҳамкориҳои Шанхай талош мекунад, то як роҳи ҳали сиёсии муносиб барои қазияи Афғонистон дарёбад.

Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҳинд ва Покистон аз аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд. Чин дар ҳоле аз ин омодагӣ сухан гуфт, ки қарор аст, рӯзи душанбе марҳилаи панҷуми гуфтугуҳои сулҳ миёни мақомоти амрикоӣ ва ҳайати Толибон дар Қатар оғоз шавад.

Доналд Трамп аз ҷанҷоли Ҳинду Покистон изҳори нигаронӣ кард

Доналд Трамп, президенти Амрико ҷанҷол миёни Ҳиндустон ва Покистон бар сари минтақаи Кашмирро «бисёр хатарнок» хонд. Ӯ ҳушдор дод, ки Деҳлии Нав пас аз ҳамла ба нерӯҳояш дар минтақаи баҳсбарангези Кашмир “чизи бисёр қавие”-ро баррасӣ мекунад.

Трамп рӯзи 22-уми феврал гуфт: «Ин вазъи бисёр хатарнок миёни ду кишвар аст. Мо мехоҳем, ин вазъ хотима ёбад».

Ӯ афзуд, ки «ҳоло миёни Покистон ва Ҳиндустон мушкилиҳои зиёде вуҷуд дорад, ки пас аз он ҳодиса ба миён омадааст.»

Ба гуфтаи президенти Амрико "Ҳиндустон дар андешаи чизи бисёр қавие аст. Қариб 50 нафарро дар ҳамла аз даст дод. Барои ҳамин, ман инро дарк мекунам» - гуфт ӯ.

Ҳиндустон Покистонро ба ҳамлаи рӯзи 14-уми феврал дар минтақаи ҷанҷолии Кашмир муттаҳам мекунад, ки дар он 40 сарбоз кушта шуд. Ҳиндустон ҳушдор дод, ки ба ин ҳамла «посухи дандоншикан хоҳад дод». Исломобод даст доштанаш дар ин ҳамларо рад мекунад.

Гурӯҳи ифротгарои «Ҷайши Муҳаммад», ки дар Покистон қарор дорад, масъулияти ҳамларо бар уҳда гирифтааст.

Интиқоди пулиси Русия барои бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик

Мақомоти интизомии Маскав баъди як амалиёт 10 муҳоҷир тоҷикро аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд. Навори боздошти гуруҳе аз ин муҳоҷирон рӯзи 22-юми феврал ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар ин наворҳо, ки Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ онҳоро мунташир кардааст, дида мешавад, ки муҳоҷирон дар сардии шадид дар берун нигоҳ дошта мешаванд.

Каримҷон Ёров мегӯяд, мақомоти интизомии Русия муҳоҷиронро давоми се рӯз азобу ранҷ додаанд. Ба гуфтаи ӯ, нахуст муҳоҷирони тоҷикро дар ҷойи корашон аз субҳ то бегоҳ дар сармо нигоҳ дошта, сипас ба идораи пулис бурданд.

«Баъди ба идораи пулис бурдан муҳоҷирон чанд соат дар дохили автобуси пулис буданд. Дар шуъбаи милиса ба муҳоҷирон ягон хел хӯрока ва об ҳам надоданд. Муҳоҷирон дар дар рӯи фаршҳои сементӣ ва роҳравҳо хоб рафтанд” - гуфт Ёров.

Дар навор дида мешавад ки онҳо дар руйи барфу ях истодаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз вазъи муҳоҷирони тоҷик бохабар ҳастанд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми се рӯзи то 22-юми феврал 32 муҳоҷири тоҷикро ба идораи пулис бурданд.

Ба қавли ҷаноби Аҳмадов, аз ин теъдод 22 нафар озод шуда, даҳ нафари дигарро ихроҷ аз Русия мунтазир аст. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ин даҳ муҳоҷири тоҷик, ки дар миёнашон занон низ ҳастанд бо сабаби надоштани ҳуҷҷат аз Русия ихроҷ мешаванд.

Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, дар ҷараёни амалиёт пулиси Русия на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки зодагони чанд кишвари дигар низ ба идораи пулис бурдаанд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, рафтори бади пулиси рус аз ҳама бештар ба зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон дида мешавад, ки нигаронкунанда аст.

Русия як мизбони аслии муҳоҷирони кории тоҷик ба ҳисоб меравад ва солона ҳудуди 1 миллион шаҳрванди кишвар ба он ҷо барои кор мераванд. Мақомоти Русияро барои бадрафторӣ, нақзи ҳуқуқ ва муносибати сард бо муҳоҷирон пайваста танқид мекунанд.

Тағйири назари Кохи Сафед. 400 сарбоз дар Сурия мемонад

Кохи Сафед барномаи ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Сурияро рӯшан кард ва гуфт, 400 сарбози амрикоӣ ҳамчун нерӯи “посдори сулҳ” дар ин кишвари Ховари Миёна мемонад. Амрико ҳоло дар Сурия ду ҳазор сарбоз дорад.

Қаблан, рӯзи 21-уми феврал Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки 200 сарбози “посдори сулҳ” пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия берун намешавад.

Аммо рӯзи 22-уми феврал мақомоти Кохи Сафед гуфтанд, ки ин масъаларо баррасӣ карданд ва пас аз хуруҷ, теъдоди нерӯҳои “посдори сулҳ”-ро дар Сурия тағйир доданд. Онҳо дар дохили як воҳиди низомӣ дар Танф, шимолу шарқи Сурия мустақар мешаванд.

Доналд Трамп, президенти Амрико моҳи декабр гуфт, ки ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави ДИИШ дар Сурия саркӯб шудаанд ва дигар зарурати боқӣ мондани сарбозони амрикоӣ дар ин кишвар вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, ки ду ҳазор нерӯҳои амрикоиро аз Сурия берун меоранд.

Ин тасмими Доналд Трампро ҷумҳурихоҳон ва демократҳо танқид карданд. Ба гуфтаи онҳо, бо берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия размандагони курд ба хатар рӯ ба рӯ мешавад. Размандагони курд бо кӯмаки Амрико ба зидди ДИИШ мубориза мебарад, вале Туркия онҳоро “террорист” меномад.

Қасри Сафед мегӯяд, Доналд Трамп бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия суҳбати телефонӣ дошт ва ду раҳбар ба натиҷае расиданд, ки “минтақаи амн” дар Сурияро ҳифз мекунанд ва ҳамкориро идома медиҳанд.

Дар Сурия Амрико, Туркия, Русия ва Эрон сарбоз доранд ва ҳар кишвар аз гурӯҳҳои алоҳида пуштибонӣ мекунанд. Нооромиҳо дар Сурия, ки аз соли 2012 оғоз шуд, ҳанӯз поён наёфтааст.

Шароби олуда 69 нафарро дар Ҳинд кушт

Дар натиҷаи истеъмоли машруботи олуда дар як вилояти Ҳинд 69 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 200 нафари дигар заҳролуд шудаанд. Мақомоти иёлати Ассам рӯзи 23-уми феврал гуфтанд, ҳамаи ин афрод баъди хӯрдани ҳуч, як навъ шароби маҳаллӣ, ки ғайриқонунӣ истеҳсол шудааст, заҳролуд шудаанд.

Даҳ рӯз пештар аз ин дар шимоли Ҳинд машруботи олуда бештар аз 100 нафарро кушт. Ҳиманта Бисва Сарма, вазири тандурустии иёлати Ассам ба хабарнигори «Ройтер» гуфтааст, «Мо ҳар 10 дақиқа дар бораи талафтот дар ҷойҳои гуногун гузориш мегирем. То ҳол 200 нафар муолиҷа мегиранд ва вазъи аксарияти онҳо фавқуллода бад аст.»

Азбаски дар Ҳинд мардуми зиёде машруботи босифат харида наметавонанд, бештар шароби арзони ҳуч, ки истеҳсоли пинҳониаш зиёд аст, мехаранд. Соли 2011 дар аёлати Бенгали Ғарбӣ 172 нафар баъди истеъмоли шароби олуда ба ҳалокат расиданд.

Ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон аз музокироти сулҳ дар Афғонистон

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар рӯзи 23-уми феврал.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон талошҳои давлати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои музокироти сулҳро дастгирӣ мекунад.

Ӯ зимни суханронӣ дар ҷаласаи расмии бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ гуфтааст, «Тоҷикистон саъю талоши ҳукумати Афғонистони дӯсту ҳамсояи худ ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ кардани раванди сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳамеша дастгирӣ менамояд.»

Айни замон Амрико талош дорад, Толибон мухолифони аслии давлати Афғонистонро ба музокирот бо ҳукумат мойил кунад. Бори аввал аст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди шуруи талошҳо барои музокирот бо Толибон дар бораи раванди сулҳ дар Афғонистон суҳбат мекунад.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, хатароти афзояндаи ноамнӣ дар Афғонистон метавонад, «ба амнияти кишвари мо низ бевосита таъсир расонад» ва барои ҳамин бояд мақомоти қудратӣ ҳамкориҳо судманд бо сохторҳои минтақавиро беҳтар кунанд.

Тоҷикистон, ки марзи 1400 километрӣ бо Афғонистон дорад, дар гузашта мухолифи ҳаргуна музокирот бо Толибон будааст, ки бештар аз 17 сол аст, бо ҳукумати Афғонистон меҷанганд. Дар ду се соли ахир ҳамлаву бомбгузориҳои онҳо, аз ҷумла дар манотиқи марзии Афғонистон ва наздик ба Тоҷикистон зиёд шудааст.

Бозгашти як хонавода ба Узбекистон пас аз 6 соли зиндагӣ бо террористон

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон занеро ҳамроҳи се фарзандаш аз Туркия баргардонд, ки шаш сол дар сафи террористон зистааст.

Хабаргузориҳои Узбекистон 21 феврал навиштанд, бародарон Илҳом ва Эркин Тураевҳо гуфтаанд, замони муҳоҷират дар Русия дар соли 2011 зери таъсири таблиғоти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон қарор гирифтаанд.

Илҳом Тураев ҳамсараш Холбибӣ Кучироваро бо фарзандон ба Русия бурдааст. Аммо хонаводаи Илҳом дар соли 2013 ба Ӯзбекистон ихроҷ шуд. Бародари дувум - Эркин Тураев, ки тавассути Русия ба Туркия рафта буд, Илҳомро бо хонаводааш ба Туркия даъват кард.

Ба навиштаи расонаҳо, бародарон Тураевҳо дар Истамбул ба гуруҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд.

Дар ҳоли ҳозир Илҳом Тураев дар зиндони ноҳияи Шерободи Узбекистон адои ҷазо мекунад.

Барои беморхонаи таъсисдодаи президенти Туркманистон пул ҷамъ мекунанд

Расонаҳои давлатии Туркманистон дар пасманзари "шикор" ё маъракаҳои маҳви дастаҷамъии сагу гурбаҳои бесоҳиб дар ин кишвар аз оғози ҷамъоварии маблағ барои ҳайвонҳо хабар доданд.

Бонки тиҷории Туркманистон 19 феврал эълом кард, ки барои ҳайвонҳои бесоҳиб пул ҷамъ мекунад. Бино ба хабари расонаҳои расмӣ, Бонки саҳҳомии тиҷории "Рисгал" ба хотири дастгирии молии беморхонаи тозатаъсиси ҳайвонҳо ҳисоби махсусеро боз кардааст. Ин беморхона бахшеро низ барои нигаҳдории ҳайвонҳои бесоҳиб хоҳад дошт.

"Аз соҳибкорони кишвар ва шахсони саховатманд даъват мекунем, ки саҳми худро дар ин кори хайр бигузоранд", - омадааст дар иттилоияи бонк. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки пулҳои ҷамъушда чи тавр харҷ мешаванд.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 16 феврал дастур дод, дар кишвараш барои ҳайвонҳо "беморхонаи махсус" бунёд карда шавад. Тибқи дастури президенти Туркманистон, маркази тозатаъсис таҳти ҳимояти давлат хоҳад буд.

Таваҷҷуҳи президенти Туркманистон ба ҳайвонҳо бо гузоришҳои Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи маъракаҳои маҳви ҳайвонҳои бесоҳиб дар шаҳру навоҳии ин кишвар рост омад. Аз ҷумла, радио 13 феврал, се рӯз пеш аз фармони Бердимуҳаммадов видеоеро аз маркази нигаҳдории ҳайвонҳо дар ҳудуди корхонаи коркарди партов, дар наздикии Ишқобод нашр кард.

Ин навор, ки зоҳиран тобистони соли гузашта сабт гаштааст, нишон медиҳад, ҳайвонҳо дар як шароити хеле бад нигаҳдорӣ шуда, бештарашон беморанд ва ҳатто дар миёни онҳо ҷасади ҳайвонҳои ҳалокшуда низ хобидааст. Ба гуфтаи фаъолони туркман, дастрасӣ ба ин марказ 22 августи соли 2018 маҳдуд ва атрофаш девор бардошта шуд.

Лукашенко гуфт, "зарурати посух гуфтан ба Амрико пеш омадааст"

Александр Лукашенко, президенти Беларус гуфт, ки пас аз ихроҷи ИМА аз созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвози низомӣ бо Русия зарурат ба посухи муштараки Минск ва Маскав пеш омадааст.

Ба навиштаи оҷонсии хабарии Белта, Лукашенко ҳангоми суханрониаш дар Академияи ҳарбии Минск чунин изҳорот додааст.

Ба андешаи Лукашенко, қатъи шартнома барои Беларус ҳам оқибатҳои бад дар пай дорад. Ӯ гуфт, ҳангоми сар задани низоъ миёни абарқудратҳо пеш аз ҳама «фалокат бар сари мост».

Лукашенко мӯътақид аст, ки Русия созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвозро нақз накардааст. Ӯ афзуд, ки берун шудани Амрико аз ин созишнома ба Вашингтон имкон медиҳад, ки мушакҳои худро дар кишварҳои Аврупо, ҳатто дар Украина ҷойгир кунад.

ИМА рӯзи 2-уми феврал эълон кард, ки аз паймони маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз бо Русия хориҷ мешавад.

Паймони манъи мушакҳои миёнапарвоз дар соли 1987 байни Роналд Рейган ва Михаил Горбачев, раиси ҷумҳури Амрико ва Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ имзо шуд. Аммо давоми ин солҳо Амрико борҳо аз шеваи амалкарди Русия дар ин паймон интиқод кардааст. Русия низ аз дар ин робита Амрикоро ба боди интиқод кашидааст.

Халилзод ва Кобулов пушти дарҳои баста дидор доштанд

Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон рӯзи 22-уми феврал дар Туркия бо Залмай Халилзод, намояндаи Вазорати хориҷии Амрико барои сулҳи Афғонистон мулоқот кард.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки “дидори Замир Кобулов ва Залмай Халилзод имрӯз дар сафорати Русия дар Анкара сурат гирифт”.

Хабаргузории “Анадолу” дар Туркия навиштааст, ки ин музокирот пушти дарҳои баста як соат давом кард. Ин ду дипломат дар ҳоле бо ҳам дидор мекунанд, ки Русия дар аввали моҳи феврал мизбони нишасти намояндагони Толибон ва мухолифини сиёсии ҳукумати Афғонистон дар Маскав буд.

Ба навиштаи хабаргузории Итерфакс, дар зарфи ду моҳ бори дуюм аст, ки намояндаи Амрико бо намояндаи Русия вомехӯрад.

Қарор аст, ки Залмай Халилзод рӯзи Душанбе дар Қатар бо намояндагони Толибон мулоқот кунад.

Ҳоло Амрико талош дорад, ки Толибонро ба сулҳ дар Афғонистон моил кунад.

Президенти собиқи Қирғизистон гуфт, ҳизбашро аз "хиёнаткорон" пок мекунад

Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон эътироф кард, ки замони раҳбариаш дар солҳои 2011-2017 ба иштибоҳ роҳ додааст.

Ин изҳороти Отамбоев дар ҳоле садо медиҳад, ки ӯ бо Сооронбой Ҷеенбекав мушкил дорад. Дар гузашта онҳо дӯст буданд ва ҳарду узви як ҳизб ҳастанд.

Алмосбек Отамбоев, ки ҳоло раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ)-ро бар дӯш дорад, рӯзи 22-уми феврал дар ҷаласаи ин ҳизб дар Бишкек гуфт, сафи ҳизбро аз “хиёнаткорон” тоза мекунад.

Дар гузашта бархе аъзои ин ҳизб эътироз карданд ва гуфтанд, ки ҲСДҚ-ро бидуни Отамбоев дидан мехоҳанд. Ҷонибдоронаш мегӯянд, аз Отамбоев ҳамчун раиси ҳизб пуштибонӣ хоҳанд кард.

"Алмосбек Отамбоев дар рӯйхати ҳизбии мо дар мақоми аввал навишта хоҳад шуд", - гуфт узви Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ), вакили порлумон Асел Кодуранова.

Ба гуфтаи вай, дар сурати интихоб шудани Алмосбек Отамбоев, танҳо худаш тасмим мегирад, ки дар порлумон мемонад ё на. Вай ҳамзамон илова кард, ки Отамбоев тасмим надорад, мансаби давлатӣ гирад.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев раиси ҲСДҚ интихоб шудааст. Вай ахиран дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар 2-3 соли оянда ҳизб комилан таҷдид мешавад.

Муовини раиси Додгоҳи олии Узбекистон боздошт шудааст

Муовини раиси Додгоҳи олии Ӯзбекистон Баҳодур Деҳқонов 21 феврал боздошт шудааст. Дар ин бора сомонаи daryo.uz бо истинод ба манобеи худ хабар медиҳад.

Хабари боздошти Баҳодур Деҳқоновро манбаи муътамади сомонаи ​uzmetronom.com низ тасдиқ кард. Gazeta.uz бо истинод ба як манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон хабар додааст, ки Деҳқонов субҳи 21 феврал дар коргоҳаш дастгир шудааст.

Сомонаи Centre1.com 18 феврал ба нақл аз сарчашмаҳои худ хабар дод, ки Баҳодур Деҳқоновро 15 феврали соли равон аз вазифаи муовинии раиси Додгоҳи олии Ӯзбекистон барканор кардаанд.

Маҷлиси олии Ӯзбекистон моҳи майи соли 2017 номзадии Баҳодур Деҳқоновро ба мақоми муовинии раиси Додгоҳи олии ин кишвар тасдиқ кард ва ӯ аз 1 июни соли 2017 корро дар ин мақом оғоз намуд. Деҳқонов дар гузашта муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодии Ӯзбекистон буд.

Uzmetronom.com навиштааст, ки Баҳодур Деҳқонов "қудои раиси пешини Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев аст".

Ёдрас мешавем, манобеи мо пештар хабар дода буданд, ки зидди Абдуллоеви 53-сола парвандаи ҷиноӣ боз ва худи ӯ бо қарори додгоҳ ба муҳлати як моҳ ба ҳабс гирифта шудааст

Гумонбари заҳролуд кардани Скрипалҳо ба Тоҷикистон ҳам сафар доштааст

Нашрияи The Insider ва гуруҳи пажуҳишгари Bellingcat ҷузъиёти зиндагиномаи гумонбари севум дар қазияи заҳролудсозии афсари пешини Раёсати асосии иктишофии Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлияро нашр кард.

Гумонбари севум эҳтимол меравад, корманди иктишофи низомии Русия Денис Сергеев (номи ҷосусиаш Сергей Федотов) аст.

Рӯзноманигорон дарёфтаанд, ки Сергеев дар шаҳри Ушарали Қазоқистон ба воя расидааст. Соли 1990 вай пас аз хатми омӯзишгоҳи низомии Екатеринбургр корро дар артиш оғоз кардааст. Сергеев соли 1999 дар ҷанг барои баландии маъруф ба "Гӯшҳои хар"-и Доғистон ширкат ва он ҷо маҷруҳ шудааст. Ибтидои солҳои 2000-ум Сергеев ба Москва омада, шомили Академияи низомие шудааст, ки кадрҳои иктишофӣ омода мекунад.

Ба иттилои The Insider, эҳтимол дорад, Сергеев на танҳо дар заҳролудсозии Скрипалҳо ва соҳибкори булғорӣ Емелян Гебрев, балки дар чанд амалиёти дигари Русия дар хориҷ аз ин кишвар ширкат карда бошад. Ба вижа, дар Каталония пеш аз раъйпурсии ҷудошавӣ ва дар Бритониё пеш аз раъйпурсии Брекзит. Рӯзноманигорон натавонистанд робитаи мустақими ӯро бо ин ҳодисаҳо исбот кунанд. Аммо ба навиштаи онҳо, Сергеев бо ҷосусони низомие ошно буд, ки эҳтимолан дар табаддулоти Черногория даст доштанд.

Рӯзноманигорон ҳамзамон ошкор карданд, ки Сергеев дар соли 2013 ба Тоҷикистон, соли 2014 ба Ҷумҳурии Чех ва соли 2015 ба Туркия сафар доштааст. Коршиносе, ки Bellingcat ва The Insider бо ӯ суҳбат кардаанд, мегӯяд, ин сафарҳо эҳтимолан ба фурӯши аслиҳа ба Сурия рабт доранд.

Дар бораи он ки дар қазияи сӯиқасди Сергей Скрипал дар шаҳри Солсберии Бритониё гумонбари севум низ бо номи Сергей Федотов мавҷуд аст, ибтидои моҳи феврал ошкор гардид. То ин замон расонаҳо танҳо дар бораи Александр Мишкин ва Анатолий Чепига хабар медоданд. Ба бовари мақомоти тафтишотии Бритониё, маҳз ин одамҳо бо дастури Москва дар Бритониё заҳри "Навичок"-ро истифода кардаанд. Москва айбҳои эълоншударо рад мекунад.

Нахустин фармони Ҳуан Гуайдо ҳамчун раҳбари Венесуэла

Ҳуан Гуайдо, раҳбари мухолифон аз Анҷумани миллӣ, ки худро президенти Венесуэла эълон кардааст, нахустин фармони худро имзо кард. Нусхаи фармон, ки дар Твиттери Гуайдо низ нашр шуд, иҷозаи ворид шудани ёриҳои байналмилалӣ ба ин кишварро медиҳад.

Раҳбари мухолифин Ҳуан Гуайдо рӯзи 23-юми январ дар пайи эътирозҳои оммавӣ худро президенти муваққат эълон кард.

Николас Мадуро, ки аз соли 2013 президенти Венесуэла аст, амали Ҳуан Гуайдоро табаддулоти давлатӣ медонад.

Ҳамчунин Гуайдо қарори Николас Мадуроро, ки марз бо бархе ҳамсоякишварҳоро баста буд, бекор кард. Ба ҷуз ин, Ҳуан Гуайдо кафолати бехатарии хизматчиёни ҳарбиеро дод, ки “ба низоми қонунӣ ва конститутсия” хизмат мекунанд.

Ҳукумати Мадуро чанд рӯз пеш марз бо Бразилияро баст, то аз ин кишвар кӯмакҳои башардӯстона ворид нашавад. Дар гузашта, марз бо Колумбия ва дигар кишварҳо низ баста шуда буд. Николас Мадуро далели бастани марзро ба он вобаста донист, ки эҳтимол бо баҳонаи ёрии башардӯстона ба кишвар силоҳ ворид шавад.

Николас Мадуро қудратро дар Венесуэла соли 2013 ба даст овард. Он замон ӯ дар интихоботе пирӯз шуд, ки пас аз марги раҳбари пешини ин кишвар Уго Чавес сурат гирифт. Мадуро барои риоя накардани меъёрҳои демократӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад.

Венесуэла ба буҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор аст ва ин вазъ сокинонро бо раҳбарии Ҳуан Гуайдо ба хиёбонҳо кашид. Соли 2018 нишондиҳандаи таваррум дар кишвар аз хатти миллион дар сад гузашт. Се миллион нафар кишварро тарк кард.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Зиндагии Гулбаҳор дар "Кохи яхин"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
XS
SM
MD
LG