Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Apple-ро барои заъфпазирии FaceTime ба додгоҳ кашиданд

Логои FaceTime

Ширкати амрикоии Apple бинобар иштибоҳ дар замимаи FaceTime, ки ба рахнагарон иҷозат медиҳад ба микрофон ва дурбини корбари iPhone дастрасӣ пайдо кунанд, мавриди баррасии додгоҳӣ қарор мегирад.

Оҷонсии Bloomberg рӯзи 30-юми январ гуфт, вакили мудофеъ Ларри Уилямс аз Хюстон истеҳсолкунандаи iPhone-ро ба хунукназарӣ муттаҳам кард.

Ба гуфтаи вакил, шахси номаълум мешунид, ки чӣ тавр зерҳимояи ӯ таҳти савганд гузориш медод. Ларри Уилямс аз Apple талаб кард, ки хисоротро ҷуброн кунад. Ҳаҷми ҷубронпулӣ мушаххас нашудааст.

Рӯзи 29-уми январ корбарони Apple мушоҳида карданд, ки ҳангоми истифодаи FaceTime, ҳамсӯҳбат метавонад садоро қабл аз посух додан ба занги даъват бишнавад ва тасвирро бубинад. Баъдан ҳамчунин маълум шуд, ки ҳамсӯҳбатҳо метавонанд садоҳоро дар чатҳои гурӯҳӣ бишнаванд. Ширкати Apple иштибоҳро эътироф кард ва қавл дод, ки рӯи ислоҳи он кор мекунад.

Аввали моҳ маълум шуд, ки ширкати Apple истеҳсоли iPhone-ҳои навро то 10 дар сад коҳиш медиҳад.

Аввали моҳи январи соли 2019 Apple аз кам шуданаи даромадаш хабар дод, ки дар 16 соли ахир собиқа надоштааст. Бинобар гузориш, даромади ширкат дар се моҳи аввали соли гузашта аз 89-93 миллиард то 84 миллиард коҳиш ёфт. Дар рӯзи пахши гузориш қимати саҳмияҳои Apple 9 дар сад поён рафт.

Моҳи августи соли гузашта ширкати Apple триллион доллар арзиш дошт ва гаронтарин дар ҷаҳон ҳисоб мешуд. Ҳоло Apple дар ҷойи чаҳорум қарор дорад ва ҷойи аввалро ба Amazon дод.

Коҳиши қимати Apple-ро ба мустаҳкам шудани доллар ва ҷанги тиҷоратӣ дар байни Амрикову Чин рабт медиҳанд. Бахши умдаи корхонаҳои ин ширкат дар Чин ҷойгир шудаанд. Ба ғайр ин, коҳиши рушди иқтисоди Чин низ ба кам шудани талабот ба маҳсулоти Apple сабаб шудааст.

Нозири БДА-и Бохтар дар марги донишҷӯи туркман муттаҳам шуд

Акс аз бойгонӣ

Додситонии вилояти Хатлон парвандаи як нозири Бозрасии Давлатии Автомобилии шаҳри Бохтарро ба додгоҳ фиристод, ки дар пахш ва ҳалокати донишҷӯи туркман Мердан Ҳайдаров муттаҳам аст. Садама бо иштироки нозири БДА моҳи ноябри соли гузашта дар маркази вилояти Хатлон иттифоқ афтод.

Насурулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон, рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, нисбат ба Маҳмадшариф Сӯфиев, корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бар асоси моддаи 112-и Кодекси ҷиноӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст) парванда боз шудааст. Ба ин нозири БДА то панҷ сол маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ҳодисаи пахши донишҷӯи туркман аз тарафи корманди БДА охири моҳи моҳи ноябри соли 2018 дар кӯчаи "Шаҳло"-и шаҳри Бохтар рух дод.

Ҷасади Мердан Ҳайдарови 23-сола рӯзи 30-юми ноябр ба зодгоҳаш шаҳри Марви Туркманистон фиристода шуд. Вай дар соли дувуми факултаи кимиёи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар таҳсил мекард.

Узви Шӯрои Федератсияро аз толори маҷлисгоҳ боздошт карданд

Рауф Арашуков

Дар Русия як сенатор – узви маҷлиси федеролии ин кишвар бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои сангин боздошт шуд. Рауф Арашукови 32-сола, сенатор аз ҷумҳурии Қарачай-Черкесия рӯзи 30 январ аз дохили толори маҷлиси Шӯрои Федератсия боздошт шуд. ТАСС бо такя ба тафтишот навишт, ки Арашуков дар куштори ду нафар дар соли 2010 – муовини раиси ҳаракати ҷамъиятии "Адыгэ Хасэ" Аслан Жуков ва мушовири раҳбари ҷумҳурии Қарачай-Черкесия Фрал Шебзухов даст дорад. Манбаи оҷонсӣ гуфтааст, ки “маводи собиткунандаи ин иттиҳомот пурра ҷамъоварӣ шудааст”.

Боздошти Арашуков дар маҷлисгоҳи Шӯрои Федератсия рӯзи 30 январ ҷараён гирифт. Пеш аз ин аъзои маҷлис барои боздошти сенатор, ки аз масуният бархӯрдор буд, ризоият доданд. Дар Кумитаи тафтишоти Русия гуфтанд, ки Арашуковро муфаттишони ин ниҳод ҳамроҳ бо кормандони хадамоти амнияти иқтисодии ФСБ боздошт карданд. Қабл аз боздошти сенатор дар баробари аъзои Шӯрои Федератсия додситони кулли Русия Юрий Чайка “хулосаҳои додситон дар бораи зарурати аз масуният озод кардани Арашуков”-ро қироат кард. Хабаргузорӣ мегӯяд, ки ҳеҷ кас ба додситон саволе надод. Амалиёти боздошти сенаторро раиси Кумитаи тафтишоти Русия Алесандр Бастрикин назорат мекард.

Хабаргузориҳо мегӯянд, ки дар лаҳзаҳои суханронии додситони кулл Арашуков хост толори маҷлисгоҳро тарк кунад, вале бо дархости раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко “гашта дар курсиаш нишаст”. Худи Арашуков нахост дар ҷаласа суханронӣ кунад. Маълум нест, ки худи Арашуков ба иттиҳомоти ворида чӣ назар дорад ва то куҷо худро гунаҳгор эътироф мекунад.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки талош мекунанд дар чаҳорчӯби ин парванда Арашуковро ҳабс кунанд.

Дар ҷузъиёти кушторҳои 9 соли пеш оҷонсиҳои русӣ мегӯянд, ки Аслан Жуков аз тири туфанг кушта шуд ва Фрал Шебзухов дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ бо чӯбдаст ба ҳалокат расид.

Кабулов гуфт, аз "ҳаракати ҷангҷӯёни ДИИШ ба минтақа" хабар надорад

Замир Кабулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон ва раиси департаменти дуюми Осиёи ВКХ дар заминаи эҳтимоли «ҳаракати дастҷамъии ҷангҷӯёни узви гурӯҳи «Давлати исломӣ» аз Покистон ба минтақа аз тариқи чархболҳо» изҳори бехабарӣ кард.

Кабулов, ки рӯзи 29 январ дар Исломобод бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дидору гуфтугӯ кард, дар сӯҳбат бо оҷонсии ТАСС гуфт, мақомоти покистонӣ дар заминаи изҳороти ахири Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия «изҳори тааҷҷуб карданд».

Дар як изҳороташ рӯзи душанбе Игор Зубов гуфт, ки ҷангҷӯёни ДИИШ «дастаҷамъона бо истифода аз чархболҳо аз Покистон ба хоки Тоҷикистон» интиқол меёбанд. Кабулов гуфт, ки дар ин бора иттилое надорад. Ӯ гуфт, «мутаассифона, намояндаи ВКД Русияро гумроҳ кардааст ва ӯ иштибоҳӣ ин маълумотро ба Покистон рабт дод». Ба гуфтаи Кабулов, ин хабар дар рӯзе нашр шуд, ки худи ӯ вориди хоки Покистон шуд, «вале ин масъала зуд ҳалли худро пайдо кард». Кабулов гуфт, «мо ҳамкорони покистонии худро мутақоид кардем, ки ҳеҷ масъалае бо онҳо надорем».

Зубов дар изҳороти баҳсбарангезаш рӯзи 28 январ гуфт, ки ҷангчӯён мехоҳанд аз Покистон ба марзи Тоҷикистон ворид шуда он ҷо «тавтеаи калоне» пиёда кунанд ва дар паи он «мавҷи муҳоҷирон ба самти Русия сарозер мешаванд». Кабулов дар чаҳорчӯби як сафари расмӣ дар Покистон қарор дорад ва бо мақомоти ин кишвар вазъи Афғонистон ва бӯҳрони ин кишварро баррасӣ мекунад.

Изҳороти муовини вазири умури дохилии Русияро дар Тоҷикистон ҳам ҷиддӣ гирифтанд. Мақомоти марзбонӣ рӯзи душанбе гуфтанд, ки ин хабар таҳқиқ мешавад. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонии Тоҷикистон рӯзи 28 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, изҳороти Игор Зубовро аз расонаҳо дастрас намудаанд ва барои таҳқиқи он ки то куҷо асос дорад, аллакай ба шӯъбаҳои дахлдори Раёсати марзбонӣ маълумот пешниҳод кардаанд.

Улуғхоҷаев айни замон гуфт, ки вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ором ва таҳти назорат аст ва «ҳеҷ ҳодисае дар ду-се рӯзи ахир рух надодааст, ҳеҷ гуна таҳдид ҳам ба қайд гирифта нашудааст».

Бархе коршиносони ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ изҳороти мақоми аршади полиси Русияро «як тавтеа» номиданд, ки ҳадафи ниҳоиаш ҳамвор кардани шароити бозгашти марзбонони рус ба сарҳадҳои Тоҷикистону Русия аст.

Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

ИМА Венесуэларо барои таъқиби додгоҳии Гуйдо маҳкум кард

Хуан Гуайдо - Каракас, 27 январ, 2019

ИМА қарори Додистонии кулли Венесуэла дар робита ба оғози таҳқиқи Хуан Гуайдоро маҳкум намуд, ки ахиран худро президенти муваққатии он кишвар эълон кард. Дар ин бора мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон дар твиттер навишт. Болтон онҳоеро, ки кӯшиш мекунанд демократияро халалдор кунанд ва ба сиёсатмадори мухолифин осеб расонанд, бо паёмади ҷиддӣ ҳушдор дод.

Пештар аз ин маълум шуд, ки додситони кулли Венесуэла Уилям Сааб маълумот дар бораи таҳқиқи Гуайдаро ба Додгоҳи олӣ фиристод. Додситон гуфт, таҳқиқ ба мавридҳои зуроварӣ рабт дорад, ки рӯзҳои ахир рух дод.

Рӯзи 23 январ раҳбари Ассамблеяи миллии Венесуэла Хуан Гуайдо дар пасманзари буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ худро президенти муваққатӣ эълон кард.

Гуайдо гуфт, ки раҳбари пешини Вунесуэла Николас Мадуро, ки моҳи май пирӯзиашро дар интихобот эълон кард, ин тавонро надорад, ки вазифаи раҳбари давлатро иҷро кунад. Гуайдо ваъда дод, ки интихоботи пешазмуҳлат эълон мекунад. Қариб тамоми кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва Бразилия, ИМА, Австралия, Канада ва Исроил Гуайдоро эътироф карданд. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки агар ба зудӣ дар Венесуэла интихобот пешазмуҳлат эълон нашавад, онҳо Гуайдоро эътироф мекунанд. Русия, Чин, Эрон, Мексика, Куба, Туркия ва Салвадор аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд.

Димаш Кудайберген оиди вазъи қазоқтаборони Чин мавзеъгирӣ кард

Димаш Кудайберган

Овозхони қазоқистонӣ Димаш Кудайберген дар робита ба вазъи қазоқтаборони минтақаи Шинҷони Чин изҳори назар кард.

Дар як нишасти хабарӣ Кудайберген гуфт, на дипломат асту на сиёсатмадор, аммо сарнавишти ҳамқавмонаш ӯро бетараф намегузорад.

"Ман ҳам нигаронам ва мехоҳам, ин масъала ба зудӣ ҳал шавад. Вале ман сиёсатмадор нестам, танҳо овозхонам", - гуфт ӯ.

Овозхони шинохтаи қазоқистонӣ рӯзи 29 январ дар шаҳри Остона нишасти матбуотӣ баргузор кард.

Димаш Кудайбергени 24-сола баъди иштирокаш озмуни мусиқии Чин "I am a Singer" ва каби ҷойи дуюм, маъруф шуд.

Моҳи август комисияи ҳуқуқи инсони СММ хабар дод, ки дар "урдугоҳҳои бозтарбия"-и Шинҷони Чин бештар аз 1 миллион намояндаи ақалиятҳои миллӣ, ки бештарашон мусалмон ҳастанд, иҷборан нигаҳ дошта мешаванд. Чин ин иттилоъро рад кард. Дар Шинҷон бештар аз як миллион қазоқ зиндагӣ мекунад.

Вакилони қирғиз: "фурсати афви маҳбусони сиёсӣ фаро расидааст"

Тазоҳуроти пуштибонӣ аз маҳбусони сиёсӣ

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, ки маҳбусони сиёсӣ дар ин кишвар афв шаванд.

Дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон имрӯз, 30 январ лоиҳаи қонуни афви маҳбусон бахшида ба 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва 80-солагии ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сиёсии соли 1938 дар ин кишвар баррасӣ шуд

Вакили порлумон Канибек Имоналиев гуфт, бояд сиёсатмадороне низ афв карда шаванд, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон рафтанд. Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои ахир ҳудуди 20 сиёсатмадори қирғиз барои назарҳои сиёсии худ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Пешниҳоди Имоналиевро вакили дигари порлумони Қирғизистон Жанар Акаев ҷонибдорӣ кард. Ӯ гуфт, пас аз тағйири қудрат дар ин кишвар дар қалби мардум "умед" пайдо шуд. "Вале баръакс, мехоҳанд, ба муҳлати ҷазои баъзе аз сиёсатмадорон боз зам кунанд. Биёед, як бор дар ин замина андеша кунем", - афзуд ӯ.

Муаллифи лоиҳаи қонун вакил Исҳоқ Масалиев дар навбати худ гуфт, лоиҳа ба маҳбусони сиёсӣ дахл надорад. "Касе баҳо надодааст, ки парвандаҳои онҳо сиёсиянд. Вале ҳоло вақташ расидааст. Бояд фикр кард", - изҳор дошт ӯ.

Ба маълумоти созмони ғайридавлатии Кумитаи ҳимоят аз маҳбусони сиёсӣ, дар Қирғизистон ҳудуди 30 кас бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир, сиёсатмадорони қирғиз Омурбек Текебоев, Содир Жапаров, Бектур Асанов, Кубаничбек Қодиров, Бекболот Талгарбеков ва дигарон бо айбҳои гуногун дар зиндонанд.

Назарбоев назорати бозгардони қарзҳои бонкиро танқид кард

Дониёр Акишев, раиси Бонки миллии Қазоқистон дар як ҷаласа дар шаҳри Остона дар бораи сатҳи баланди барнагардонии қарзҳои бонкӣ хабар дод.

"Давоми 10 соли охир қарзҳои бонкӣ 5,5 триллион танга афзуданд. Дар ин муддат аз ҳисоби барҳамдиҳии 7 бонк ва беҳсозии вазъи 2 бонки дигар қариб 5 триллион танга сарф шуд. Яъне, шаҳрвандоне, ки дар ин муддат қарз гирифта буданд, дигар онро барнагардонданд", - хабар дод Акишев.

Вай гуфт, бештари корхонаҳое, ки қарзҳои бонкиашонро барнагардонда буданд, ба фаъолияташон идома медиҳанд ва "қарзҳои нав талаб мекунанд". Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, гуфт "қарзҳо бояд баргардонида шаванд". Президент ҳамчунин пешинҳод кард, тоҷироне, ки қарзи бонкиро барнамегардонанд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шаванд.

"Мо худамон назорат ва роҳбарии бад кардем. Ин мо, бонк ва ҳукумат назорат накардем. Ба ҳар кӣ пеш омад, қарз додем", - гуфт Назарбоев.

"Ҳар кадом саҳҳом меравад ва аз бонки худ дуздӣ мекунад, баъд мо ӯро меҷӯем. Ин кори бад аст", - гуфт Назарбоев.

Ба донишҷӯёни туркман истифодаи телефону интернет дар вақти таътил манъ шуд

Дар Туркманистон ба донишҷӯён дастур шудааст, ки дар таътили зимистонӣ аз телефони мобиливу интернет истифода набаранд ва ба тӯю ҷашнҳои дигар нараванд. Ҳамчунин, онҳо бояд маҳалли зисти худро тарк накунанд.

Дар ин бора чанд донишҷӯи туркман, аз ҷумла донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Туркманистон, Донишкадаи кишоварзии Дашоғуз ва Донишкадаи омӯзгории Лебап ба хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ доданд.

"Рӯзи 25-уми январ аз донишҷӯён баёнот гирифтанд. Инчунин, пеш аз ҷавоб додани донишҷӯён бо онҳо мулоқот карданд. Раҳбарияти донишгоҳ таъкид кардааст, ки дар рӯзҳои таътил бо телефон суҳбат накунанд ва ба тӯю хонаи дӯстонашон нараванд", - гуфт хабарнигор рӯзи 28-уми январ.

Чанд рӯз пеш хабарнигори дигари радио иттилоъ дода буд, ки ба донишҷӯёни туркман амр шудааст, дар рӯзҳои таътили зимистонӣ ба хонаҳои худ танҳо бо ҳавопаймо, қатора ва автобус бираванд. Донишҷӯён вазифадор шудаанд, ки баъди баргашт нусхаи чиптаҳоро ба садорати факултаҳо пешниҳод кунанд.

Ҳабиб Нурмагомедов ба мӯҳлати нӯҳ моҳ аз ҳақи ширкат дар бозиҳо маҳрум шуд

Ҳабиб Нурмагомедов

Ҳавер Мендес, мураббии Ҳабиб Нурмагомедов қарори комиссияи аёлати Невадаи Амрико барои муваққат маҳрум кардани ин варзишгар аз иштирок дар мусобиқаҳоро нодуруст хондааст. Дар ин бора ӯ ба оҷонсии ТАСС хабар додааст. Рӯзи сешанбе, 29 январ ин варзишгар барои нӯҳ моҳ аз ҳақи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки пас аз пирӯз шудан дар мусобиқаи UFC бо Конор Макгрегор аз ринг ба берун ҷаста бо тарафдорони ҳарифаш задухӯрд кардааст.

Ҳамчунин ин варзишгар ба пардохти 500 ҳазор доллар ҷарима вазифадор шуд. Ҳарифи ӯ Макгрегор барои шаш моҳ аз ҳақи ширкат дар муҳорибаҳои бидуни қоида маҳрум шудааст. Мӯҳлати ин маҳрумият аз 6-уми октябри соли 2018 сар мешавад.

Конор Макгрегор рақиби деринаи Нурмагомедов аст
Конор Макгрегор рақиби деринаи Нурмагомедов аст

“Маҳрум кардан ба чунин мӯҳлат аз рӯи адолат нест. Аҷиб аст, ки рақибашро барои чунин қонуншиканӣ ба мӯҳлати камтар маҳрум карданд,” - гуфт Мендес.

Мурабии Ҳабиб умедворӣ кард, ки дар ин фурсат варзишгар тамрин мекунад ва қавитар ба майдон бармегардад.

Муҳорибаи бидуни қоидаи ду нафар шаби 6-уми октябр дар шаҳри Лас-Вегас дар Амрико сурат гирифт. Рақиби ҷанҷолии ӯ аз Ирландия Конор Макгрегор, ки бо баёниҳои басҳсбарангезаш ном баровардааст, дар даври чаҳоруми рақобат ба фишори сахт ва нафасгиркунандаи Ҳабиб Нурмагомедов, тоб наёвард ва таслим шуд

Ҳалокати 9 нафар дар як садама дар Дарвоз

Дар натиҷаи як садамаи мудҳиш дар қаламрави ноҳияи Дарвоз 9 нафар аз ҷумла чаҳор кӯдаки хурдсол ҳалок шудаанд. Яке аз шоҳидони ҳодиса рӯзи 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, садама дар қаламрави деҳаи Вишхарв рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ронандаи мошини "Опел-Зефира" ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст ва мошин ба дарёи Панҷ афтодааст.

Дар Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон вуқуи фалокатро тасдиқ карда гуфтанд, ки гуруҳи кормандони милиса ба маҳалли ҳодиса рафтаанд ва таҳқиқ шуруъ шудааст.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳои қурбониёнро аз рӯдхона бароварда, ба рустои Курговади Дарвоз интиқол додаанд.

"Опел-Зефира" мошини сабукрав буда, барои 7 мусофир ҷой дорад.

Порошенко барои давраи дуюм довталаби курсии президентӣ шуд

Сӯҳбати Петр Порошенко дар назди тарафдоронаш. 29 январ, 2019

Президенти Украина Петр Порошенко рӯзи сешанбе аз пешбарии номзадиаш ба давраи дуюми президентӣ хабар дод.

Ӯ дар форуми "Аз Крут то Брюссел" суханронӣ кард. Манзур даргирии Крут аст, ки 101 сол пеш дастаҳои украинӣ ба болшевикҳо муқовимат карда буданд.

Президенти Украина ваъда дод, ки дар сурати интихоб шуданаш соли 2024 барои вуруди Украина ба Иттиҳоди Аврупо расман ариза медиҳад.

Ба гуфтаи Порошенко, ӯ ба даври нави раёсат меравад, то таъғирнопазирии масири кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро таъмин кунад.

Ӯ ба ин бовар аст, ки кишвараш дар баробари Русия ба "сулҳи сард" ниёз дорад, ки шарташ эътирофи якпорчагии Украина аз ҷониби Маскав ва ҳақи Украина ба ҳаракат дар ҷодаи худ аст.

Петр Порошенко ҳамчунин аз рақибонаш, аз ҷумла Юлия Тимошенко интиқод ва онҳоро ба президенти популисти Венесуэла Николас Мадуро монанд кард, ки ҳукуматаш бинобар буҳрони амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ таҳти шубҳа қарор гирифт.

Бинобар назарпурсиҳо президенти феълӣ аз номзадҳои мавриди алоқа нест. Дар ин пурсишҳо Юлия Тимошенко пешсаф аст ва дар ҷойи дуюм ҳаҷвнигор Владимир Зеленский қарор дорад. Порошенко дар ҷойи сеюм ё чаҳорум аз пуштибонии ҳудудан 10 дар сади райъдиҳандагон бархурдор аст.

Бинобар назарсанҷии Пажуҳишгоҳи сотсиологии Киев, ки рӯзи сешанбе пахш шуд, 70 дар сад ба Порошенко эътимод надоранд ва танҳо 16 дар сад аз аз ӯ тарафдорӣ мекунанд.

Ҳамсари Зайнобиддинов: шиканҷа шудани ҳамсарамро такзиб накардаам

Ҳусниддин Зайнобиддинов

Кумитаи тафтишоти вилояти Челябинск хабарҳо оиди шиканҷа шудани шаҳрванди 29-солаи Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддиновро, ки дар робита ба таркиши бинои истиқоматии Магнитогорск боздошт шуда буд, таҳқиқ мекунад.

Тафтишот ҳамзамон мегӯяд, ки худи ҷабрдида ва ҳамсари ӯ "истифодаи нерӯ аз ҷониби пулисро қотеона рад мекунанд". Дар ин бора додситони вилояти Челябинск Виталий Лопин ба сомонаи Znak.com рӯзи 29 январ хабар дод. Ӯ ҳамзамон тасдиқ кард, ки "дар бадани ин мард осеби ҷисмонӣ мушоҳида мешавад".

Нашрияи "Новая Газета" бо Ҳалимахон - ҳамсари Ҳусниддин Зайнобиддинов дар тамос шуд. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ аз суханони қаблиаш, ки шавҳараш шиканҷа шуд, даст накишидааст. Ба гуфти ин зан, ҳамсараш кормандони пулисро дар шиканҷа айбдор накарда буд, ӯ аз ходимони ФСБ - Хадамоти амнияти федеролии Русия шикоят кард.

Дар бораи боздошти ҳамсараш аз тарафи ходимони пулис ва шиканҷа шудани ӯ Ҳалимахон ҳафтаи гузашта ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Сокини 29-солаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддинов яке аз онҳоест, ки дар натиҷаи рейдҳои баъди таркиши бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск боздошт шуд. Ин шаҳрванди Қирғизистон ба ҳамсараш гуфт, ки пулис дар робита ба таркиши бино аз ӯ гумонбар шудааст ва аз ӯ дар бораи соҳибони аксҳо нишондод талаб кард. Ба гуфтаи Зайнобиддинов, ходимони пулис ба бадани ӯ барқ монданд ва латтукӯб карданд. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия гуфт, ки Зайнобиддинов дар робита ба таркиш пурсуҷӯ нашуда буд, аммо мавриди шиканҷа қарор гирифтани ӯро шарҳ надод.

Аммо Ҳалимахон мегӯяд, "вақте дар бинои пулис бо ӯ мулоқот кардам, сару рӯяш сиёҳу чашмонаш сурх буд ва дар биниаш осори латтукӯб дида мешуд. Ҳусниддин гуфт, ӯро дар шуъбаи пулис шаш соат шиканҷа карданд. Ба гӯшу сараш барқ мондаанд. Ӯ аз ҳуш рафтааст". Ба гуфтаи ӯ, шавҳарашро маҷбур кардаанд, ки айбномаи сохтаро ба гардан бигирад.

Ҳусниддин Зайнобиддинов дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 2-и шаҳри Магнитогорск қарор дошта, рӯзҳои наздик аз Русия ба Қирғизистон истирдод хоҳад шуд.

Лавров: Русия барои пуштибонӣ аз Мадуро тамоми талошашро ба харҷ медиҳад

Николас Мадуро ва Владимир Путин дар мулоқоти Маскав

Вазорати умури хориҷии Русия таҳримҳои ИМА алайҳи PDVSA -ширкати газу нафти Венесуэларо шадидан маҳкум кард.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ин таҳримҳоро "ғайриқонунӣ" ва "бадбинона" эълон кард. Ба гуфтаи Лавров "Русия барои пуштибонӣ аз президенти Венесуэла Мадуро тамоми талошашро ба харҷ хоҳад дод". Русия ба фарқ аз ИМА Мадуроро раҳбари қонунии Венесуэла мешуморад. Лавров Амрикоро ба омодагӣ барои сарнагун кардани Мадуро муттаҳам кард.

Баҳои ба ин монанд аз забони сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков низ садо дод.

Қаблан вазири молияи Русия Сейргей Сторчак гуфт, ки баъди ҷори шудани таҳримҳои ИМА масъалаи бозгардони қарзи ин кишвар ба Русия мушкил хоҳад шуд. Ба гуфтаи Сторчак, Венесуэла баъди ду моҳ бояд ба Русия 100 миллион доллар диҳад. Ба гуфтаи вазир, Каракас дар пардохти қарз то ҳол таъхир накардааст.

Аз соли 2006 Русия ба Венесуэла 17 миллиард доллар қарз додааст.

Ахиран ИМА алайҳи ширкати давлатии газу нафти Венесуэла таҳрим ҷорӣ кард ва дороиҳои ин ширкат ба маблағи 7 миллиард долларро масдуд кард.

Вазорати молияи ИМА мегӯяд, таҳримҳо танҳо дар ҳоле лағв мешаванд, ки агар ширкати давлатии газу нафт таҳти назорати Хуан Гуайдо гузарад, ки худро президенти муваққати ин кишвар эълон кардааст.

Хуан Гуайдо - раҳбари Ассамблеяи миллӣ - ҳафтаи гузашта худро раҳбари муваққатии Венесуэла эълон кард ва Мадуроро ғосиб номид. ИМА, Канада ва аксар давлатҳои Амрикои Лотинӣ ӯро эътироф карданд. Русия, Чин, Туркия ва як идда кишварҳои дигар аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд. Мадуро ҳамчунин аз пуштибонии генералҳои кишвараш бархӯрдор аст.

Николас Мадуро қудратро дар Венесуэла соли 2013 ба даст овард. Он замон ӯ дар интихоботе пирӯз шуд, ки пас аз марги раҳбари пешини ин кишвар Уго Чавес сурат гирифт. Мадуро барои риоя накардани меъёрҳои демократӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад.

Венесуэла ба буҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор аст. Соли 2018 нишондиҳандаи таваррум дар кишвар аз хатти миллион дар сад гузашт. Се миллион нафар кишварро тарк кард.

Bellingcat: Итолиё ба Туркманистон ба маблағи €257 млн аслиҳа фурӯхт

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Туркманистон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) аслиҳаи зиёде мехарад. Бино ба натоиҷи пажӯҳиши гуруҳи Bellingcat, бештари силоҳҳо аз Итолиё харидорӣ мешаванд.

Кишварҳои ИА соли 2008 мавқеи ягонаеро қабул карданд, ки ба давлатҳои саркӯбгар силоҳ намефурӯшанд. Ба ҷуз ин, қонунгузории Итолиё содирот ва интиқоли силоҳро ба воситаи кишварҳое манъ мекунад, ки ҳукумати онҳо дар нақзи конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи инсон айбдор аст.

Ин ҳарду санад ба Туркманистон дахл дошт, чун ҳукумати он назарҳои алтернативии сиёсӣ ва озодии диниро сахт маҳдуд карда, дастрасии сокинонро ба иттилоъ шадидан назорат мекунад.

Бино ба гузориши солонаи ИА, Туркманистон аз соли 2007 то 2017 аз кишварҳои иттиҳод ба маблағи 370 миллион евро силоҳ харидааст, ки 76 дарсади онҳоро (257 млн доллар) Итолиё интиқол додааст.

Бештари кишварҳои ИА маълумот дар бораи содироти силоҳи худро ошкоро нашр мекунанд. Вале Итолиё маълумотро пинҳон медорад ва бинобар ин, пажӯҳиш мушкил буда, муайян кардани рақамҳои солона номумкин аст.

Кишварҳои ИА бештар туфанги ARX-160 содир кардаанд, ки онро дар роҳпаймоии низомии моҳи сентябри соли 2018 дар Туркманистон дидан мумкин буд. Туркманистон соли 2017 ба маблағи 528 ҳазор евро туфанг харидааст.

Остона: аз 300 қазоқистонӣ дар Сурия 100 тан ҷангҷӯ ҳастанд

Дастаҳои Курд дар Сурия

Дар минтақаҳои ҷангии Сурия бештар аз 300 шаҳрванди Қазоқистон ҳузур дорад, ки наздики 100 танашон ҷангҷӯ ҳастанд.

Дар ин бора Нургалӣ Билисбеков, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 29 январ дар як ҷаласаи порлумонии он кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар байни онҳо занҳо низ ҳузур доранд.

"Занҳо асосан аз паси шавҳарҳояшон ба он ҷо мераванд. Аммо занҳое ҳам ҳастанд, ки дар Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ доштанд. Дар сурати ба ватан баргаштанашон мо онҳоро ба ҷавобгарӣ ҷалб мекунем", - гуфт муовини раис.

Ба иттилои ин мақоми амниятӣ, "бо назардошти вазъ дар минтақаҳои ҷангии Сурия, Ироқ, Афғонистон ва минтақа" барои Қазоқистон хатарҳои мушаххасе мавҷуд аст.

"Мутаассифона, мо дар меҳвари манфиатҳои созмонҳои байналхалқии террористӣ қарор дорем. Дар ин бора боздошти гуруҳе шаҳодат медиҳад, ки ибтидои моҳи январ дар Алмато ифшо шуд. Ба онҳо амалан аз хориҷ дастур медоданд, ки дар ҳудуди Қазоқистон чи амалҳоеро анҷом диҳанд. Ҳадафашон фаҳмо - барҳам задани оромӣ ва ташкили бетартибӣ", - гуфт Билисбеков.

Пештар аз ин мақомоти Қазоқистон дар бораи аз Сурия берун овардани 47 қазоқистонӣ хабар доданд.

Додситон барои раҳбарони пешини хадамоти амният ҳабси абад талаб кард

Айбдоркунандаи давлатӣ 21 январ барои генерали пешини Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон (Хадамоти амнияти миллии пешин ё СНБ) Ҳаёт Шарифхоҷаев ҳабси якумрӣ талаб кард. Парвандаи Шарифхоҷаевро додгоҳи низомии Узбекистон пушти дарҳои баста баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти адлияи Узбекистон, Шарифхоҷаеви 52-сола дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла "сӯиистифода аз мақом, ташкили гуруҳи ҷиноӣ, шиканҷа ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афроди бегуноҳ" айбдор мешавад.

Сардори хадамоти таъмини амнияти ҳайати шахсии СНБ Узбекистон Шарифхоҷаев 30 марти соли гузашта дар асоси баёноти сардори пешини Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои молӣ, андоз ва пулшӯии ноҳияи Чилонзори ин кишвар Зиёдулло Иногамов боздошт шуд.

Он рӯз манзили зисти ӯ дар ноҳияи Мирзоулуғбеки шаҳри Тошканд ва хонаи ҳамсари пешинаш дар маҳаллаи "Бешагач" кофтукоб шуданд. Тайи чаҳор соли ахир ин бори дувум буд, ки Шарифхоҷаевро дастгир мекунанд.

Баҳори соли 2015 зидди ӯ бо ҷурми фасодкорӣ ва азхудкунии пулҳои буҷаи давлат парванда боз шуда буд. Манобеъ он замон хабар доданд, ки генералро боздошт карданд. Вале ӯ чӣ гуна озод шуд, маълум нест.

Ба гуфтаи манобеъ, генерал Шарифхоҷаев ва бародари хурдиаш полковники амният Ҷавдат Шарифхоҷаев "маъракаи роҳандозишуда" зидди духтари калонии президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримоваро раҳбарӣ мекарданд. Каримова моҳи декабри соли 2013 дар суҳбат бо нашрияи туркии "Ҳуррият" гуфт, бародарон Шарифхоҷаевҳо дар фасодкорӣ даст доранд.

Дертар Каримова бо нашрияи швейтсарии Bilan дар бораи фасодкории Ҳаёт Шарифхоҷаев муфассалтар суҳбат кард. Шарифхоҷаев он замон муовини раиси СНБ Узбекистон Рустам Иноятов буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз кушта шудани 35 нафар дар эътирозҳои Венесуэла хабар доданд

Шумори қурбониён дар эътирозҳои зидди президенти Венесуэла Николас Мадуро дар давоми як ҳафта ба 35 тан расид. Эътирозгарон ва чанде аз кишварҳои хориҷӣ қонунӣ будани ҳукумати Мадуроро эътироф намекунанд.

Дар бораи марги эътирозгарон хабаргузории AFP бо такя ба роҳбари барномаҳои таҳсилот ва амал дар умури ҳуқуқи инсон хабар медиҳад. Ба иттилои созмони Foro Penal, 850 каси дигар ҳабс шудааст.

Мавҷи нави эътирозҳо дар Венесуэла моҳи ҷорӣ шуруъ шуд. 21 январ мақомоти Венесуэла дар бораи пахши табаддулоти низомӣ хабар доданд. Ходимони Гвардияи миллӣ талош карданд, ки аз эътирозҳо ҳимоят кунанд, аммо дар баробари неруҳои содиқ ба Мадуро таслим шудаанд. Боздошти ходимони гвардияи миллӣ эътирозҳои навро ба вуҷуд овард. 23 январ сардори Ассамблеи миллии Венесуэла Хуан Гуайдо дар пайи буҳрони конститутсиониву иқтисодӣ худро президенти муваққат эълон ва дар ҳузури эътирозгарон дар шаҳри Каракас савганд ёд кард.

Гуайдо гуфт, президент Николас Мадуро, ки моҳи майи соли 2018 аз пирӯзиаш дар интихобот хабар дода буд, дигар қодир нест, уҳдадориҳояшро ба ҳайси роҳбари давлатӣ иҷро кунад. Гуайдо ваъдаи баргузории интихоботи ғайринавбатиро дод. Қариб ҳамаи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ӯро президенти муваққат эътироф карданд. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳам гуфтанд, дар сурати баргузор нашудани интихоботи қарибулвуқуи ғайринавбатӣ Гуайдоро президенти Венесуэла эътироф хоҳанд кард.

Дар айни ҳол бештари мансабдорони баландпоя ва низомиён ба Мадуро содиқ мондаанд. Гуайдо дар мусоҳибааш бо Washington Post гуфт, ҷонибдоронаш бо низомиёни Венесуэла гуфтугӯ доранд.

Дар Душанбе "Маркази байналмилалии намоишгоҳӣ" бунёд мешавад

Дар шаҳри Душанбе Маркази байналмиллалии намоишгоҳӣ сохта мешавад, ки аз 22 табақа иборат хоҳад буд. Дар ин бора 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ин марказ аз 22 ошёна ва ду намоишгоҳи бузург иборат буда, дар табақаҳои дигар дафтарҳои ширкатҳову созмонҳои хориҷӣ ҷой дода мешаванд. Ҳамчунин меҳмонхона барои меҳмонони ин марказ ва таъсисоти фароғатӣ бунёд хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Аҳмадзода, қарор аст ин марказ дар рӯбарӯи автовокзали шаҳри Душанбе сохта шавад ва барои сохтмони ин марказ ҳудуди 5 гектар замин ҷудо карда шудааст.

Ҷаноби Аҳмадзода афзуд, ки тибқи лоиҳаи пешакӣ барои сохтмони ин марказ 200 миллион сомонӣ зарур аст ва ширкатҳои чиниву ҳиндӣ барои сармоягузории ин тарҳ изҳори омодагӣ кардаанд. Феълан музокирот барои интихоби як ширкате барои сармоягузорӣ ва иҷрои тарҳи сохтмони Маркази байналмиллалии намоишгоҳӣ идома дорад.

Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таҷҳизоти амниятӣ дод

Дар маросими таслими ин таҷҳизот Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва Кевин Коверт, Кордори сафорати ИМА, иштирок доштанд.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,8 миллион доллар, таҳҷизоти амниятӣ тақдим кард. Тибқи иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ин таҷҳизот субҳи 29-уми январ ба мақомоти тоҷик таслим карда шуд. Дар маросими таслими ин таҷҳизот Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Кевин Коверт, Кордори сафорати ИМА дар Душанбе иштирок кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ барои тақвият додани иқтидори нерӯҳои барои назорати доимии қисмҳои марзие, ки таввассути посдории маъмулӣ имконнопазиранд, мусоидат хоҳад намуд. Ин усули назорати марзҳо барои фарогирии мунтазами қитъаҳои сарҳадии дастнорас ва дорои шароити мураккаб, мувофиқ мебошад.

Амрико давоми 27 соли ахир ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар кӯмак кардааст. Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст. Ба гуфтаи масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон миллионҳо доллар харҷ кардааст.

Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд.

Додситонӣ аз боздошти 4 масъули тарҳи "Манзили дастрас" хабар дод

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, қазияи тарҳи "Манзили дастрас"-ро Раёсати парвандаҳои муҳими додситонӣ зери назорат гирифта, чаҳор нафар боздошт шудаанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ дар ҳузури хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ин чаҳор нафар онҳое мебошанд, ки даст ба фиреби муштариёни тарҳи "Манзили дастрас" задаанд. Додситони кулл, аз ҷумла гуфт, аз як нафар боздошшуда 500 ҳазор сомонӣ рӯёнда ва аз дигарӣ 4 адад техника гирифта шуд.

Юсуф Раҳмон афзуд, тафтиши қазияи мазкур идома дорад ва талош доранд зарари расондашуда ба ин тарҳ рӯёнда шавад. Додситонии кулл аз мардум тақозо кард, ки ҳангоми маблағгузорӣ ба тарҳҳои сохтмонӣ танҳо тариқи роҳҳои қонунӣ маблағ истифода баранд.

Ҳарчанд Додситони кулл аз чаҳор нафари боздошшуда ном набурд, аммо тибқи иттилои қаблӣ Нурулло Наимов, раҳбари собиқи тарҳи "Манзили дастрас" яке аз боздошшудаҳо мебошад. Масъулини "Манзили дастрас” мегӯянд, ҳоло ҳудуди 80 дарсади корҳо дар ин тарҳҳо иҷро шудааст ва талош мекунанд, ҳар чӣ зудтар хонаҳо дастрасӣ соҳибонашон гарданд.

Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" дар Душанбе соли 2013 шурӯъ шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Собиқ шаҳрдори Душанбе бо пиёда кардани ин лоиҳа мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷетӣ бо манзили арзон таъмин шаванд.

Нафароне, ки то ин вақт дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буданд ва орзуи соҳиб шудан ба хонаи худро доштанд, дар ин тарҳ роҳи ҳалли мушкили худро медиданд, вале дар панҷ соли гузашта бо мушкили зиёдтаре рӯ ба рӯ шуданд.

Мураббии боғча кӯдаконро мебаст ва даҳонашонро бо "скотч" ширеш мекард

Бинои Кумитаи тафтишоти Русия

Кумитаи тафтишоти Русия ба таҳқиқи шикоятҳое оғоз кард, ки мураббии боғчаи кӯдакон дар Сибир кӯдаконро мебаст ва даҳони онҳоро бо лентаи ширешдор ё скотч маҳкам мекард.

Кумитаи тафтишот рӯзи 28 январ дар як изҳорот гуфт, ки таҳқиқи ибтидоии гузориши гӯё зӯроварӣ ба кӯдакон дар боғчаи бачагонаи Омскро оғоз кардааст. Ин ниҳод гуфт, гузоришҳои матбуотӣ ва шарҳҳои интернетӣ мегӯянд, ки гӯё як муаллима дар боғчаи бачагон кӯдаконро мебаст ва даҳонашонро бо "скотч" маҳкам мекард.

Гузоришҳои матбуотӣ аз шарҳ дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте маншаъ мегиранд, ки дар он ҷо яке аз волидон муаллимаро ба ин амалҳо муттаҳам кардааст.

Мақомоти шаҳри Омск рӯзи 28 январ гуфтанд, муаллимае, ки номаш дар баҳсҳо зикр шуд, боғчаи бачаҳоро тарк кард ва аз 25 январ ба ин тараф дар онҷо кор намекунад.

Ба думболи дархости яке аз волидон раҳбари боғча комиссия тартиб дод ва иттиҳомро санҷид,- гуфт маъмурияти шаҳри Омск.

Соли гузашта ду боғчаи кӯдакон дар Аскрахан ва Саратов дар робита ба иттиҳоми зуроварӣ ба бачаҳо мавриди санҷиш қарор гирифт.

Тоҷикистон миллиардҳо киловат нерӯи барқ фурӯхтааст

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои об мегӯянд, содироти барқ ба хориҷи кишвар дар соли гузашта беш аз як миллард киловат соат афзоиш ёфтааст.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа 2 милларду 406 миллион киловатт соат ба хориҷа барқ интиқол додааст, ки нисбат ба як соли пеш 1 милларду 138,7 млн киловатт соат зиёд аст.

Ба қавли ҷаноби Усмонзода, харидорони асосии нерӯи барқи Тоҷикистон дар соли гузашта Афғонистон ва Узбекистон будааст. Тибқи омори вазири энержӣ, дар соли гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон беш аз 966 миллион киловат соат ва ба Узбекистон қариб 1,5 миллард киловат соат барқ интиқол ёфтааст.

Усмоналӣ Усмонзода ҳамчунин гуфт, нерӯгоҳи барқии обии "Роғун" давоми ду моҳи аввали кор беш аз 90 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Вазири энержӣ афзуд, Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ ба хориҷа 626 миллион сомонӣ, муодили 66 миллион доллар маблағ ба даст овардааст.

Зиндониҳоро аз Душанбе ба дигар ҷой мебаранд

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ба зудӣ зиндониҳоро аз маҳбасҳои пойтахт ба шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ мекӯчонанд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, «ин ба маъное нест, ки зиндониҳо зиёд шудаанд, балки ҳадаф ба пуррагӣ кӯчондани маҳбасҳо аз шаҳри Душанбе ба ноҳияҳои атроф аст».

Ба иттилои вазири адлия, зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат бо 50 миллион сомонӣ, муодили беш аз 5 миллион доллар, сохта шудааст. Интизор меравад, теъдоде аз зиндониҳои Душанбе имсол ба онҷо баранд.

Аммо ӯ гуфт, сохтмони зиндони нав дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳанӯз оғоз нашудааст. Ин зиндон асосан барои нигаҳдории маҳбусони якумрӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Тоҷикистон 12 ҳазор нафар адои ҷазо мекунанд. Мақомот мегӯянд, аксари ин афрод барои дуздиву куштор, қочоқи маводи мухаддир, пайравӣ аз ҷараёнҳои мамнӯи мазҳабӣ ва терроризм айбдор ҳастанд.

Дар гузашта созмонҳои байналмилалӣ гуфта буданд, дар зиндонҳои Тоҷикистон афроде низ нигаҳдорӣ мешаванд, ки бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд.

ДИИШ масъулияти таркиш дар калисои Филиппинро бар дӯш гирифт

Филиппиниҳо ба Попи Рум Франсиск гӯш медиҳанд

Ҷангиёни марбут ба гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" масъулияти бомбагузории клисое воқеъ дар ҷазираи шимолии Филиппин ва ҳамла ба пойгоҳи низомии Нигерияро бар дӯш гирифтанд.

Ин гурӯҳи мусаллаҳ рӯзи 27 январ дар як изҳорот иддао кард, ки ду бомбагузор маводи мунафаҷираро субҳ дар калисои ҷомеъи Ҷоло - истеҳкоми ҷангиёни исломӣ, 1,000 километрии пойтахт Манила ба кор даровард. Аксари бошандагони ин ҷазира насронӣ ҳастанд.

Дар таркиш дастикам 20 нафар кушта ва 80 нафар маҷруҳ шуд. Як инфиҷор ҳангоми намозгузорӣ дар калисо ва дуввум дар тавқифгоҳи мошинҳо рух дод.

Раҳбари пулиси минтақавӣ гуфт, ки 14 шаҳрванди мулкӣ ва шаш сарбози амниятӣ кушта шуд.

Ҷазираи Ҷоло дербоз ба хушунат гирифтор аст ва гурӯҳи "Абу Сайёф" дар ташкили ин хушунатҳо муттаҳам мешавад. Филиппин ва ИМА "Абу Сайёф"-ро ин гурӯҳи террористӣ эълон кардаанд.

ДИИШ ҳамчунин иддао кард, ки дар ҳамлаи рӯзи 26 январ 30 сарбози артиши Нигерияро дар деҳкадаи Логомани, аёлати Борно қурбон кард.

Аммо сухангӯи нерӯҳои Нигерия ин иддаоро рад кард ва гуфт, ки ҳамлаи шӯришгарон ба Логомани пас гардонда шуд, чанд сарбози захмӣ шуд, вале хисороти ҷонӣ вуҷуд надорад.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG